casino malaysia
casino malaysia
Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад

wrapper

  Дар суханронии Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба якчанд нукоти муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуданд, ки ба андешаи ин ҷониб яке азмуҳимтаринашон ин ҳолати хурофотпарастии баъзе аз мардум мебошад.
Дар ҳақиқат Пешвои миллат ҳангоми сузханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин масъалаи хурофот ва хурофотпарастиро ба таври шоиста ва зарурӣ матраҳ намуданд. Зеро ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад.
Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон корҳои назаррасеро анҷом додаанд ва барои ҷаҳониён халқи тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар муаррифӣ намуданд. Аммо боз ҳам ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе мардуми аз доираи фарҳанги миллӣ ва динӣ дур даст ба хурофотпарастӣ мезананд. Чунон чи Пешвои миллат худ дар ин маврид чунин қайд намудаанд: “Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.
Ин ҳолати нигаронкунанда, бешубҳа аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва дониши кофӣ дар бораи дин ва фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад. Ин дар ҳолест, ки хуруфоту таассуб ба таълимоти инсонпарваронаи дини ислом рабте надорад. Зеро таҳлилҳои коршиносон нишон доданд, ки дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад.
Барои аз байн бурдани таассубу хурофот ва ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат чораҳои зиёде андешида шудааст. Аммо ҳоло ҳам ин вазъ ташвишовар боқӣ мондааст.
Яке аз чунин иқдомҳо ин қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст. Ин қонун тавонист то андозае расму ойинҳои серхарҷ ва сунъиро аз байн барад. Зеро худи Пешвои миллат чунин фармуданд: “Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд”. Надонистани қонуни мазкур ва ё нодида гирифтани он боис мегардад, ки шаҳрванд ба таассубу хурофот дода шуда, баъзе маросими серхарҷ аз ҷумла, маросими нав ба монанди ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, аз меъёр зиёд сафари ҳаҷ ва ё умра карданро доир намуда, ҳам талаботи динро риоя намекунад ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод мекунад. Дар ҳоле, ки имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандҳони мо масъалаи ҳаҷ ва умраро дарк намекунанд. Ин масъала бисёр нигаронкунанда буда, ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Баъзан ҷои тассуф аст, ки наход кудаки мактабхонро ба умра баранд ва боз барои ӯ маъракаи ҳоҷибинон ташкил кунанд. Ин дар ҳолест, ки падару модар дар бораи тарбияи ояндаи ӯ, илмомӯзӣ ва ғайраҳо ҳеҷ тадбирҳое намеандешанд. Барои падару модар беҳтар мебуд бо он маблағ фарзандашонро дар мактабҳои хуб хононда, соҳиби касбу ҳунар кунанд, то дар оянда хор нагарданд.
Роҳи дигаре, ки худи Пешвои миллат дар мулоқоташон бо фаъолон ҷомеа ва ходимони дин гуфтанд ва ба тамоми мақомот дастур доданд, ин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, зеро яке аз роҳҳои халоси аз хурофот ин доштани маърифати ҳуқуқӣ мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки яке аз роҳҳое, ки  барои пешгирии хурофотпарастӣ муҳим ва асосӣ ба ҳисбо меравад, ин зиёд намудани ҷаҳонбинии илмии тамоми шаҳрвандон аст. Зеро Пешвои миллат дар аксарияти суханрониҳояшон таъкид менамоянд ва дар суханронии навбатиашон ҳам таъкид намуданд, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад. Пеши роҳи ҷаҳолатро танҳо маърифат гирифта метавонад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки ба илм ва маърифат бештар рӯ биёрем, зеро гузаштагони мо нафароне мебошанд, ки аввалин китобро дар рӯи ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд.

Маркази синошинос
ӣ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia