casino malaysia
casino malaysia
Ғалабаи  оламшумул  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) 

wrapper

     Имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) алайҳи фашизм гитлерӣ 79 сол пур шуд. Пирӯзӣ дар ин ҷанги хунину бераҳмона осон набуд. Ҷанг 1418 шабонарӯз идома ёфта,  26,6 млн нафар  аҳолии Иттиҳоди Шуравӣ талаф ёфт. Мувофиқи маълумотҳои дар бойгониҳо маҳфуз буда, дар солхои чанг 1710 шахру шаҳрак ва зиёда аз 70 ҳазор қишлоқ хароб гардид. 31.850 завод, фабрика ва дигар корхонаҳои саноатӣ, 1.876  совхоз, 2.890  станцияи машину трактор ва 98 хазор колхоз, инчунин бисьёр дигар корхонахо ва манзилгоххои шаҳрвандони ИҶШС  пурра ё кисман вайрон ва ғорат карда шуданд [6].
     Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи  санаҳои фаромшонашуданӣ мақом дорад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзхои ид» аз 2 августи соли  2011, № 753  ҳар сол 9 май ҳамчун Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чашн гирифта мешавад [5].  Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба Комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, дар аризаҳои худ изҳори ихтиёрона ба фронт рафтанро мекарданд. Шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.  Аз ин ҳисоб бо нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд [4].
   Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон додаанд[7].
    Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд [2].
    Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки "Колхозчии Тоҷикистон" зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи "Тоҷикистони Советӣ" 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд [3].
      Солҳо мегузаранд, аммо Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945),  корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои бобоёну падарони мо доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад монд, чунки «ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш нашудааст». Ин Ғалаба бар зидди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию  садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд. Мо имрӯз  ҳақ дорем, ки барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ дар ба даст овардани Ғалабаи Бузург  аз фарзандони шарафманди Тоҷикистон ифтихор  намоем. Наслҳои имрӯзу фардо бояд ҳамеша ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли ояндаи худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд. Арзишмандтарин сабақи Ҷанги Бузурги Ватанӣ - ин  зарурати таъмини сулҳу субот, дӯстии халқҳо ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ин иди пуршукуҳ – Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандем.
 
Саидумар Раҷабов – д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи
 байналмилалии  ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови  АМИТ
 
Адабиёт:
  1. Абдуллоев К. Саҳми халқи тоҷик дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 https://www.vkd.tj/index.php/tj/az-ta-rikhi-militsiya/23490-sa-mi-khal-i-to-ik-dar-alabai-angi-buzurgi-vatanii-sol-oi-1941-1945 (Cанаи муроҷиат 06.05.2024)
  2. Баходурова Ф.Ю. Саҳми меҳнаткашони хоҷагии деҳоти шимоли Точикистон дар солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Муаррих, №1, 2023. - С.79-84
  3. Исуфов Ш. В., Сайнаков С. П. Масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои соҳаи кишоварзии вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Муаррих, №3, 2022. - С.104-111
  4. Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон // https://sputnik. tj/20190508/Rykhati-aramonoi-Ittiodi-Shrav-az-Toikiston-1028857333.html(Cанаи муроҷиат 06.05.2024)
  5. Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, № 753 // АМОҶТ  с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016,№5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11,мод.878
  6. Масловский Л.П. Потери, нанесённые Германией с её союзниками народному хозяйству СССР// https://zavtra.ru/blogs/ poteri-nanesyonnyie-germaniej-s-eyo-soyuznikami-narodnomu-hozyajstvu-sssr (Cанаи муроҷиат 06.05.2024)
  7. Одинаев Ш.И. Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) https://avkd.tj/tg/khabarho/ 1467-sahmi-firistodagoni-tojikiston-dar-ta-mini-galaba-dar-jangi-buzurgi-vatani-1941-1945.html (Cанаи муроҷиат 06.05.2024)

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia