casino malaysia
casino malaysia
Идомаи Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

wrapper

         Субҳи санаи 9 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии дуюми илмӣ - Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷомеаи муосир ва масъалаҳои иҷтимоии он» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Шоисматуллоев Ш.  – д.и.с., профессор, мудири шуъбаи сотсиологияи  ИФСҲ АМИТ: “Образование важнейший фактор развития человеческого капитала”; Саидов А.С. – д.и.ф., мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ: «Падидаи сармояи иҷтимоӣ ҳамчун объекти таҳқиқоти илмҳои ҷомеашиносӣ”; Назар М.Н. - д.и.с., дотсент, сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимои ИФСҲ АМИТ : “Дидгоҳҳои илмӣ дар таҳқиқи масъалаи сармояи иҷтимоӣ”; Каҳоров Ғ.Ғ.– д.и.ф, сарходими илмии шуъбаи сосиологияи ИФСҲ АМИТ: “Нақши илм дар ҳаёти ҷомеа”; Насурова Б.А. – н.и.ф.,  ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ: “Худмуайянкунии касбии ҷавононон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон”; Миров Ф.С. – н.и.ф., дотсент, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ: “Асосҳои назариявӣ-методологии таҳқиқи ҳувияти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони муосир ва ғ.
         Дар нимаи дуюми рӯзи 9 апрели соли 2024 баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории илмҳои ҳуқуқшиносӣ» ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia