casino malaysia
casino malaysia
Идомаи Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

wrapper

         Нимаи дуюми рӯзи 9 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии сеюми илмӣ - Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузорӣ ва илмҳои ҳуқуқшиносӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Иброҳимов С.И., сарходими шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ, д.и.ҳ., профессор, «Зарурати таҳқиқоти илмии конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон»; Раҷабов С.А., мудири шуъбаи ҳуқуқи байнал-милалӣ, д.и.ҳ., проф., «Пайдоиш ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон»; Ғаюрзода Ш.К., ходими пешбари илмии шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ, д.и.ҳ., профессор, «Иттилооти ҳифзшаванда: назарияи илмӣ” ва ғ.
         Рӯзҳои 11 ва 12 апрели соли 2024 баргузории Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома меёбад.

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia