casino malaysia
casino malaysia
Оғози Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов  

wrapper

 

       Имрӯз санаи 8 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, семинари илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами фалсафа ва соҳаҳои асосии он» баргузор гардид. Дар семинар маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд:
Маҳмадизода Н.Д. – директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, доктори илмҳои фалсафа, профессор – “Таъсири фалсафаи И. Кант ба таълимоти фалсафии модернизм”; Зиёӣ Х.М. – муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, доктори илмҳои фалсафа, профессор – “Дар бораи ҳудудҳои маърифати инсонӣ”; Асрорӣ М. – сарходими илмӣ, номзади илмҳои фалсафа - «Таҳқиқи таълифоти олимони Ғарбу Шарқ оид ба устура, оин ва таърихи дини ориёиҳо»; Ҷонбобоев С. – ходими калони илмӣ, номзади илмҳои фалсафа - «Назарияи дониш ва методологияи таҳқиқоти илмӣ дар осори Абурайҳони Берунӣ»; Ҳоҷиев А. - номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмӣ – “Қонуни Масъуди”-и Берунӣ – доиратулмаорифи ситорашиносӣ ва ғ.
Пагоҳ 9 апрели соли 2024 баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ «Ҷомеаи муосир ва масълаҳои иҷтимоии он» ва Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузорӣ ва рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ» ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia