casino malaysia
casino malaysia
Наврӯз - муаррифгари тамаддуни бостонии тоҷик

wrapper

Новобаста аз он, ки Наврӯз ҳамчун ҷашн ҳанӯз дар замони аxдодон ва шояд пеш аз он ҳам маълум буд, вале аксари олимону коршиносон бар он назаранд, ки асосгузор ва эҳёгари Наврӯз Ҷамшед аст, зеро маҳз бо ибтикори ӯ Наврӯз бо тамоми суннатҳояш эҳё  гардид ва дар аҳди вай бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд. Аз навиштаҳои таърихнигорон ва адибон маълум аст, ки «Наврӯзи Сосониён», «Наврӯзи Балх», «Наврӯзи Суғд», «Наврӯзи Бухоро», «Наврӯзи Хуҷанд», «Наврӯзи Хатлон», «Наврӯзи Бадахшон», «Наврӯзи Панҷакент», «Наврӯзи Самарқанд» ва ғайра вуҷуд дошт, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он дубора эҳё гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон минтақае нест, ки дар он ҷо Наврӯзро ҷашн нагиранд. Имрӯзҳо Наврӯзро дар тамоми олам беш аз 300 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз як миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифтааст. Мо ифтихор аз он дорем, ки ирузҳо дар тамоми ҷаҳон халқияти ҷаҳон ҷашни Наврузро ҳамчун ҷашни ҷаҳони мепиндоранд.
Бо вуҷуди ин, мо бар он назарем, ки Наврӯз дар давоми таърихи тӯлонии худ ду давраи эҳёшавӣ дорад: якум давраи қадимӣ, ки ба аҳди ҳукмронии Ҷамшед рост меояд ва дуюм давраи муосир, ки ба замони соҳибистиқлолӣ тааллуқ дорад. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишвари ҳавзаи Наврӯз ҳанӯз соли 2010 масъалаи ҷаҳонишавии Наврӯз ба миён гузошта шуд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар даҳсолаи аввали садаи ХХI ваҳдати фарҳангӣ дар байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба СММ пешниҳод намоянд. Бо талоши бевоситаи Пешвои хирадманд ва ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба рӯихати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Баъдан 23 феврали соли 2010, дар 64-умин сессияи Генералии Ассамбелияи СММ, дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон», дар бораи ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул карда шуд. Он аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод гардида буд. Худи ҳамон соли 2010 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврӯз”, рӯзҳои 21 – 24 мартро – Иди байналмилалии Наврӯз эълон намудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, № 611). Тибқи ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-24 март дар Тоҷикистон истироҳат муқаррар шуд.
Воқеан ҳам мардуми тоҷик Наврӯзро бо расму суннатҳои ниёгон ҷашн мегиранд. Расму суннатҳои Наврӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон гуногун буда, дар умум рамзи оғози ташаббусҳои созанда мебошанд. Наврӯз ҷашнест, ки ҳар як инсон, новобаста аз синну сол ва касбу кор метавонад онро ҷашн гирад.
Ниёгони мо хони Наврӯзиро бо тарзи махсус меоростаанд. Хони Наврӯзӣ бо номҳои «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Ҳафт мим» ороста мешуд, ва бо тавсиф ва xиҳатҳои мухталиф ба тариқи зайл  чунин тасниф мешаванд:
«Ҳафт син»: ба он ба вижа сипанд, себ, санҷид, сумоқ (меваи турши монанд ба қот, ки барои хуштамъ кардан ба таом меандозанд), сир, суманак, сабзӣ ва ғайра  дохил гардидаанд.
«Ҳафт шин»:  низ низ дар баробари «Ҳафт син» дар суннат ва расму ойини мо тоxикон хеле маъмул аст. Ба  «Ҳафт шин» ба хусус чунин таомҳо аз қабили шир, шакар, шароб, шамъ, шаҳд, шамшод (барг аз дарахти ҳамешасабз) ва шоя (навъи мева) дохил мешаванд.
 «Ҳафт мим»: Ба «Ҳафт мим» аз xумла   моҳӣ, мурғ, мавиз, мост, моқут (ҳалво), май ва  мева марбут мебошанд. «Ҳафт мим» низ дар баробари «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» дар байни таомҳои милли хеле маъмул аст. Аммо бояд қайд намуд, ки ин намуди таом бештар ба мардуми ориёнитабор  нисбат дода мешавад. 
Маврид ба ёдоварист, ки номгӯйи хӯрокҳои хони наврӯзӣ вобаста ба табъу завқи инсонҳо метавонист иваз шавад. Муҳим ҳарфи ибтидои ғизо бо «син», «шин» ва ё «мим» шурӯъ мегардид. Ин суннати ниёгон низ то замони мо омада расидааст. Аслан, ниёгони мо талош меварзиданд, то хони наврӯзиашонро бо «Ҳафт шин» оро диҳанд. Бо фаро расидани Наврӯз, ормонҳои наҷиби мардум на танҳо дар хондани суруду таронаҳои наврӯзӣ, атрофи деги суманак, балки ба василаи иҷрои расму оин ва суннатҳои хуҷаста, дар шакли рамз ифода меёфт. Тавре зикр кардем, «Ҳафт шин» зеби дастархони наврӯзии ниёгони мо буд ва имрӯз низ мардуми тоҷик ин суннатро пос медоранду дар рӯзҳои ҷашн онро ба иҷро мерасонанд.
Дар хоне, ки бо «Ҳафт шин» ороста шудааст, ҳама анвоъ ранги сафед доранд. Ҳамчунин, таомҳои наврӯзӣ сафедранганд, яъне бештар аз ширу биринҷ таҳия шудаанд. Албатта ороиши хони наврӯзӣ бо «Ҳафт шин» рамзеро дар худ нуҳуфта дорад.
Аз замонҳои қадим тоҷикон ранги сафедро муборак меҳисобиданд. Онро ҳамчун рамзи покӣ, покдиливу покниятӣ, шодию фараҳ, оромиву осудагӣ, сафедии роҳ, сафедии бахт ва ғайра пазируфта, кӯшиш мекарданд то либосу ашё, ғизо ва ороиши хона ранги сафед дошта бошад. Чун Наврӯз паёмвари хуррамиву шукуфоӣ ва фараҳу шодмонӣ эътироф шудааст, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн мардум ҳаракат мекунанд либоси сафед ба бар дошта бошанд, деворҳои хонаҳояшон сафед бошад, таомҳои наврӯзиашон низ ин рангро ба худ дошта бошад.
Ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳувият ва хусусияти миллӣ дорад, рамзи пайванди наслҳо ва қавмҳо мебошад. Мо Наврӯзро оғози эҳёи табиат, санаи нашъунамо ва тавлиди наботот мешуморем ва ба ин боварем, ки дар баробари табиат бояд даврони навро низ бо рӯҳияи тоза ва пӯшидани либосҳои нав оғоз кунем. Яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, инчунин ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст, арзёбӣ менамояд. Дар замони кунунӣ, ки ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои баҳсбарангези зиндагии муосир табдил шудааст. Таҷлили ҷашнҳои фарҳангии умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Наврӯз дар ҳалли мушиколоти ҷуғрофию марзӣ ва равобити мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба аз ҳар ҷиҳат мусоидати мусолиматомез менамояд. Дар айни замон ҷомеаи башарӣ дар беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондӯстона ва хиради созанда ниёзманд аст. Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд.
 
 
Алибекова Адиса  Музаффаровна
лаборанти калони шуъбаи онтология
гносеология ва мантиқ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia