casino malaysia
casino malaysia
Зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ барои пешгирӣ аз ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ

wrapper

         Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 авзои ҷаҳони муосир,  хатару таҳдидҳои гуногун ба амнияти давлат ва ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем».
        Воқеан ҳам вазъи ноороми ҷаҳони муосир моро водор мекунад, ки беш аз ҳар вақт ҳушёртар бошем. Бахусус амали террористии санаи 22 марти соли ҷорӣ дар маркази фарҳангии «Крокус Сити Хол»- и  назди шаҳри Москва рухдода, боиси таассуф ва нигаронии ҳар фарди кишвари мо гардидааст.
        Солҳои охир муҳоҷирони корӣ дар саросари дунё аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ бо василаҳои гуногун мағзшӯӣ шуда, барои амали шудани нақшаҳои шуми онҳо истифода мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки асосан ҷавонони ноогоҳ ва пойбанди хурофотбуда ҳадафи ин гурӯҳҳои сиёҳкор қарор мегиранд.
        Тоҷикистон низ албатта аз ин раванд дар канор буда наметавонад, зеро бинобар омили афзоиши босуръати табии аҳолӣ дар кишвари мо як қисми аҳолии қобили меҳнат,  ки аксарият ҷавононад, ҳамасола ба кори муваққатӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷират мераванд.
         Ҳодисаҳо ва амалҳои террористии вақтҳои охир дар давлатҳои гуногуни дунё баамаломада омили тағйирёбии авзои муҳоҷирати байналмилалӣ зери таъсири хавфҳои терроризму экстремизм гардида,   бозбинии сиёсати муҳоҷиратро тақозо мекунад.
        Дар ин марҳилаи бисёр ҳасос моро зарур аст то  чораҳои иловагии пешгирӣ аз ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ таҳия ва амалӣ созем.
        Дар баробари дигар тадбирҳо, таҳия ва татбиқи механизмҳои иловагии назоратии маъмурӣ ва ташкили корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун чораҳои иловагӣ метавонанд барои ислоҳи вазъ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, дар ин раванд, идора ва назорати давлатии раванди рекрутинги қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар яке аз чораҳои муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешавад. Бояд зикр намуд, ки мутаассифона то ҳол механизми назорати пурраи бозори рекрутинг ва ё ҷалби қувваи кории ватанӣ барои кор дар хориҷ ба даст наомадааст. Ин бозор бояд тавассути механизми иҷозатномадиҳӣ ба ширкатҳои давлатию хусусӣ барои сафарбарсозии қувваҳои корӣ ба хориҷа назорат карда шавад. Имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Инстаграм гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида зиёд бо пахши ҳаргуна эълонҳои ҷойҳои кории холӣ бо ваъдаи маошу шароити хуби корӣ ба ҷалби қувваҳои корӣ аз Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни хориҷӣ машғуланд. Фаъолияти ин субъектҳо дар аксар маврид ғайриқонунӣ, бидуни иҷозати мушаххас анҷом дода шуда, онҳо ба ягон мақомот ҳисоботи фаъолият пешниҳод намекунанд. Мутаасифона, фаъолиятҳои ғайриқонунии рекрутингӣ дар бозори меҳнат ба таъсиси шабакаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат намуда,  барои ба истисмори меҳнатӣ гирифтор шудани шаҳрвандони мо дар хориҷ ва ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои экстремистӣ замина фароҳам оварда истодааст.
         Корҷӯён, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти кор ба ин гуна пешниҳодҳо таваҷҷӯҳ менамоянд, ва аксар маврид фирефтаи онҳо мешаванд. Зарур аст, ки чунин пешниҳодҳо мавриди  санҷишу таҳлил қарор дода шуда, ба фаъолияти ғайриқонунии ингуна субъектҳои рекрутингӣ дар бозори меҳнат хотима дода шавад. Барои таъмини шаффофияти фаъолияти рекрутингӣ дар бозори меҳнат зарур аст, ки шабакаи агентиҳои расмии бокортаъминкунӣ дар кишвар фаъол карда шуда, фаъолияти онҳо тавассути механизмҳои мавҷудаи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби мақомоти муҳоҷират пайваста назорат карда шавад. Вазъи кунунӣ тақозои онро дорад, ки чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ  барои фаъолияти ғайриқонунии рекрутингӣ дар бозори меҳнат ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пурзур карда шаванд.
        Ҳамзамон бо пахшу эълони ҷойҳои кории расмӣ, имкониятҳои бокортаъминшавии муташаккилона дар хориҷа тавассути сохторҳои давлатӣ ва агентиҳои расмии шуғл холигиҳои бозори рекрутингӣ пур карда шуда, нақши сохторҳои ваколатдори давлатӣ дар ин бозор   тақвият дода шавад. Талаботи ин бозор аз ҷониби мақомоти дахлдор пайваста таҳлил  ва  ниёзҳои корҷӯён бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба иттилооти зарурӣ ва хизматрасониҳои рекрутингӣ дар бозори меҳнат таъмин карда шавад.
 Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти сатҳи касбияти онҳо чораи дигари пешгирии ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ маҳсуб мешаванд. Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои ба доми чунин гурӯҳҳо афтодани ҷавонони мо дар хориҷи кишвар ин танқисии молиявӣ дар давраи муҳоҷират, надоштани касбу машғулияти расмӣ ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқи онҳо мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳар нафари азми муҳоҷирати меҳнатидошта ба барномаҳои омодагии пеш аз сафар ва касбомӯзӣ дар шабакаҳои марказҳои  таълимӣ фаро гирифта шаванд. Дар марказҳои таълими калонсолон ҷиҳати омодасозии қувваҳои корӣ тибқи талаботи бозори меҳнати давлатҳои мушаххаси қабулкунандаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон   касбомузии муҳоҷирон тибқи барномаҳо ва модулҳои таълимии замонавӣ роҳандозӣ карда шавад.
Муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафар аз қонуну қоидаҳои давлатҳои хориҷӣ,  хавфу хатарҳои дар аснои муҳоҷират мавҷудбуда, бахусус аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ  ва василаву домҳои фиреби онҳо барои ҷалби одамон ба сафҳои худ, хуб огаҳӣ дошта бошанд. Доир ба тарзи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, огаҳӣ аз ҳадафҳои пасипардагии гурӯҳҳои гуногун дар ин шабакаҳо ва наафтодан ба доми фиреби онҳо таълим бигиранд.
Зимнан, робита бо мақомоти давлатӣ, намояндагмҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар ҳолатҳои зарурӣ муроҷиат намудан ба ин мақомот ба муҳоҷирон қабл аз сафар омӯзонида шавад.
Ташкили корҳои иттилоотӣ дар байни муҳоҷирон дар хориҷи кишвар низ яке аз чораҳои зарурии ин бахш маҳсуб мешавад. Намояндагиҳои дипломатии кишвар дар давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои диаспораҳои тоҷик дар хориҷа фазои иттилоотиро дар байни муҳоҷирони тоҷик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва вохуриву сӯҳбатҳо пайваста зери идора ва назорати худ қарор диҳанд.
Зарур аст то дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои муҳоҷирпазир (Россия, Туркия, кишварҳои Ғарб) воҳидҳои кории махсус (атташеҳо оид ба муҳоҷират ва ё оид ба меҳнат) таъсис дода шаванд. Фаъолсозии ин сохторҳо ҷиҳати омузиши бозори меҳнати ин давлатҳо, мусоидат барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират  ва дар заминаи он ташкили муҳоҷирати расмию муташаккилона ба манфиати кор хоҳад буд.
Махмадуллозода  Нурулло Рахматулло,
номзади илмҳои ҳуқуқ, 
ходими калони илмии ИФСҲ АМИТ  

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia