Масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат
- Ҷумъа, Ян 06 2023
- Навидҳо
Дар васоити таълимӣ масоили мафҳум, мавзуъ ва мазмуни падидаҳои давлат ва ҳуқуқ, пайдоиш ва рушди давлат, шакл ва функсияҳои давлат, мафҳум, моҳият, сарчашма ва соҳаҳои ҳуқуқ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Мавзуи баҳсро масоили мубрам ва муҳимтарини назарияи умумии давлат ва ҳуқуқ ташкил медиҳад.
Дар китоб ба таври васеъ аз адабиёти илмӣ ва таълимии фанни мазкур, ки аз тарафи муҳаққиқони Русия ва кишварҳои наздику дури хоричӣ таълиф гардидаанд, истифода шудааст.
Китоб ба сифати дастури таълимӣ барои донишҷуёни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - магистратура ва докторантураи ихтисос (PhD), аспиранту унвонҷуёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ тахия шудааст. Инчунин китоб барои касоне, ки ба масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат мароқ доранд, пешниҳод мегардад.
Буризода Э.Б. Масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат / Муҳаррири масъул, д.и.ҳ. Зоир Ҷ.М. Нашри 3. - Душанбе: “Дониш”, 2022. -209 с.
Муқарризон:
Доктори илмҳои ҳуқуқ Назарзода Н.Ҷ.
Номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҳамроев Ш.С.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Роҳҳои самараноки муқовимат ба паҳншавии ақидаҳои экстремистиву террористӣ дар шароити муосир
- Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҷомеа
- Баъзе мулоҳизаҳо оид ба фалсафаи худшиносӣ
- Саъдулло Раҳимов - муҳаққиқ ва муаррифгари фарҳанги эстетикии ориёни бостон ва ҳунарҳои зебои муосири миллӣ
- Конференсияи байналмиллалӣ дар мавзуи "Нақши Институти оила дар рушди сармояи инсонӣ"