casino malaysia
casino malaysia
Аҳамияти мафкурасозӣ дар асоси ҷаҳонбинии илмӣ дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ

wrapper

  6 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо семинари илмии навбатӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявӣ баргузор гардид.
  Дар семинари илмӣ ходими пешбари илмии Шуъбаи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Х.Қ. дар мавзуи «Аҳамияти мафкурасозӣ дар асоси ҷаҳонбинии илмӣ дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ» маъруза намуданд. Дар нишасти  мазкур иштирок намуданд: директори институт, доктори илмҳои фалсафа Назар М.А.; муовини директор, доктори илмҳои фалсафа Зиёӣ Х.М.; мудири шуъбаи сотсиология, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Шоисматуллоев Ш.; доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Саидов А.С.; директори маркази антропология, доктори илмҳои фалсафа, профессор Музаффар М.; академик Олимов К.;  мудири шуъбаи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Муродов С.А.; мудири шуъбаи таърихи фалсафа, номзади илмҳои фалсафа Шамсов М.; ҳайати кормандони илмӣ ва магистрантону докторантҳои шуъбаҳои гуногуни институт. 
  Сухангӯ Сафарализода Х.Қ. дар маърузаи худ иброз намуданд, ки дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ, ки бо шароити хеле мураккаби замони муосир рост омадааст, масъалаи мафкурасозӣ ниҳоят муҳим мебошад. Ӯ зери мафҳуми «мафкурасозӣ» раванди ташаккули ҳувияти идеологиро дар назар дошта, ҷаҳонбинии илмию дунявиро заминаи асосии ин навъи тафаккур муаррифӣ карданд. Инчунин Сафарализода Х.Қ. иброз доштанд, ки дар давраи гузариш қарор доштани ҷомеа, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароӣ, бештар шудани истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хавфи осебпазир гардидани ҷаҳонбинии илмиро ба вуҷуд оварда истодаанд. Ба андешаи ӯ, дар замони имрӯза барои он, ки дониши одамон ҷавобгӯ ба талаботашон бошад ва одамон арзишҳои калидии ҷамъиятиро дарку эътироф кунанд, бояд аз дастовардҳои нави илму техника, ҷаҳонбинии илмӣ бархӯрдор бошанд, ба ибораи дигар, донишу ҷаҳонбинии онҳо ба талаботи замона ҷавобгӯ бошад. Дар ин раванд нақши муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва ниҳодҳои соҳаи маориф ҳамчун истеҳсолкунандагон ва интиқолдиҳандагони донишҳои илмӣ бағоят калон мебошад.
  Иштирокчиёни семинари илмӣ академик Олимов К., доктори илмҳои фалсафа Маҳмадҷонова М.Т., номзади илмҳои фалсафа Миров Ф.С., ходими илмӣ Бозичаева В. ва дигарон ба маърӯзачӣ вобаста ба мавзуи матраҳшаванда саволҳо дода, хулосаҳои пешниҳоднамудаи ӯро таҳлилу баррасӣ намуданд.
  Дар охири нишаст доктори илмҳои фалсафа, профессор Музаффар М. ва доктори илмҳои фалсафа Зиёӣ Х.М. ба музокира баромада, зарурати ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявиро ҳамчун абзори мафкурасозӣ собит намуданд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia