casino malaysia
casino malaysia
Мактуби иттилоотӣ

wrapper

Мактуби иттилоотӣ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 6-октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ» баргузор менамояд. Дар конференсия мавзȳҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:

  • Масоили мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
  • Таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ;
  • Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар доираи Созишномаи ҳамкории Шанхай (СҲШ);
  • Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳ, амният ва суботи минтақа дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД);
  • Нақши Маркази зидди террористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (МЗТ ИДМ) дар мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ва саҳми Тоҷикистон дар он;
  • Низоъҳои динӣ - сиёсии замони муосир ва таъсири онҳо  ба амнияти миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон
  • Афѓонистон - манбаъи таҳдидҳо ва хатарҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ.

Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони мустақил дар назар дошта шудааст.

Кумитаи тадорукот қаблан барои иштирок ва суханронӣ аз рȳйи яке аз мавзȳҳои пешниҳодшуда ба Шумо изҳори сипос менамояд.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Ҷойи баргузрии конференция: толори маҷлисҳои АМИТ.

Оѓози кори конференция: 9 - 00

Маводи конфренсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ чоп хоҳад шуд.

Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8 саҳифа (форматӣ А4) зиёд бошад. Шрифти мақола Тimes New Roman TJ, андозаи ҳуруф-14, фосилаи байни сатрҳо 1,5.

Мўҳлати қабули мақолаҳо: то 01- октябри соли 2023.

Нишона барои ирсоли мақолаҳо: Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинов, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33.

Телефонҳо барои иртибот:  935 14 33 14, 918 68 40 60

Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia