casino malaysia
casino malaysia
Дар Душанбе доир ба нақши СААД дар таъмини субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид

wrapper

Имрӯз дар Душанбе  конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ оид ба «Нақши Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар таъмини субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
  Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» доир шуда, дар он олимон, намояндагони сафоратхонаҳои мамлакатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои афзалияти СААД ва муқовимати он ба чолишҳои имрӯза ҷиҳати таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти СААД, фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СААД ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа, мушкилот ва таҳдидҳои муосир ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.
  Иброз гардид, ки солҳои охир вазъияти ҷаҳон ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳамасола Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  механизми муассир ва серталаб дар таъмини амнияту субот дар минтақа мегардад.
Иштирокчиёни конфронс инчунин дурнамо ва рушди ин созмонро баррасӣ намуданд.

https://khovar.tj/2023/12/dar-dushanbe-doir-ba-na-shi-saad-dar-tamini-subot-va-amniyat-dar-minta-ai-osiyoi-markaz-konferensiyai-bajnalmilal-doir-shud/ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia