casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Истиқлолият -таҳкимбахши давлатдории миллӣ

         Дар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик  мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани неруи зеҳнӣ, тақвият бахшидани ифтихори ватандорӣ, расидан ба қадри ваҳдат ва ғайра талош варзида, идеяҳои ақлонию созандаро тарғиб менамуданд. Яъне аз як тараф, барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар, саъй медоштанд, ки бо асарҳои пурмазмуну нодири худ арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда дошта, аз насл ба насл интиқол диҳанд. То насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо, чеҳраҳои мондагор, аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар тинати худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа созанд. Муфассал ...

   Хирад гавҳари шаҳриёрон бувад.     (Ба истиқболи 80-умин солгарди зодрӯзи академик Кароматулло Олимов)

          

Тоҷикон аз қадимулайём ба илму дониш ва хиради инсонӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштаву дар ҳама давру замон барои рушду пешрафташон хидмат намудаанд. Ташаккулу рушди илм ва дониш, махсусан илми фалсафа пеш аз ҳама бар дӯши афроди хирадманду равшанзамири миллат будааст, ки дастпарварони баъдинааш донишу таҷрибаи ғании худро дар замони истиқлол низ, дар роҳи пешрафту тараққии Ватан сарф мекунанд. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба мақом ва нақши илм дар инкишофи ҷомеа диққати хосса дода, истифодаи дастовардҳои илмиро дар роҳи тараққии ҷомеа аз самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати хеш қарор додаанд ва баҳри густариши он аз тамоми имконоти мавҷуда самаронок истифода менамоянд. Дар амалӣ намудани ин сиёсати созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои ба он рабтдошта дар соҳаи илм ва маориф пеш аз ҳама саҳми олимону донишмандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ хеле муҳим аст. Муфассал ...

 Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масоили рушди давлати ҳуқуқбунёд

             Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт  ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи  аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
            Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт. Зеро мутобиқ ба муқаррароти « Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли  1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia