casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

МАХМАДБЕКЗОДА МОЁНШО ШОДМОН

МАХМАДБЕКЗОДА МОЁНШО ШОДМОН
Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени доктора наук
Дата публикации объявления: 14.05.2024 г.
Дата защиты: 30.08.2024 г., в 13:00 часов Муфассал ...

Эълони ишғоли вазифаҳои холӣ

ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСИ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерини Институт озмун эълон менамояд:
  1. Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин:
- мудири шуъба - 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи фалсафаи фарҳанг:
- мудири шуъба - 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи онтология, гнесеология ва мантиқ:
- мудири шуъба - 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ:
-мудири шуъба - 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи ҳуқуқи байналмиллалӣ:
- ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ:
- Ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
 
 
Талабот барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмӣ:
-барои ишғоли вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ доштани дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рўи ихтисос (PhD) дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
-барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
-на кам аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-доштани корҳои нашршудаи  илмӣ вобаста ба самти фаъолияти шуъба.
 
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба унвонии директори Институт;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-4 адад акси андозаи 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи диплом дар бораи таҳсилотӣ олии касбӣ;
-нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН)
 
Довталабон метавонанд ба нишонии зерин муроҷиат намоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 33, ИФСҲ АМИТ, ҳуҷраи 2.
Телефонҳо: (+992) 221-56-89, (+992) 221-77-96.
E-mail: info@ifppanrt.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рўз баъди чопи эълон
Муфассал ...

Ғалабаи пурифтихор

 Дар ин рӯзҳо мо дар арафаи таҷлили ҳафтоду нуҳумин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарор дорем. Ғалабаи халқҳои ҷаҳон ва бахусус халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанг ба муқобили фашизми гитлерии ғаддор дар сарнавишти инсоният воқеаи бузургтарини асри бистум маҳсуб мешавад. Ин ғалаба, ки ба ивази даҳҳо миллион қурбониҳо таъмин гардид, пирӯзии некӣ ба бадӣ, пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва пирӯзии некманишӣ бар зулмот мебошад. Дар ин ҷанг мо корнамоиҳои халқҳои худро, ки паҳлӯи ҳам истода бар зидди фашизм муборизаи беамон бурданд, муқаддас мешуморем. Мардуми кишвари азизамон – Тоҷикистон низ дар шикасти фашизми гитлерӣ – ин манбаи хушунату зӯроварӣ ҳам дар майдонҳои муҳорибаҳои хунин ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон дода, дар таъмини Ғалабаи Бузург саҳми бемисл гузоштаанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон беш аз 290 ҳазор нафар иштирок намуда, зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо ҷони азизи худро дар ҳимояи Ватан ниссор намуданд. Қариб ҳамаи ҳамватанони мо – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои қаҳрамониҳояшон бо ордену медалҳо сарфароз шуданд, 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд. Фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳаҳои ҷанг дар муҳорибаҳои Сталинграду Курск, назди Москва, Ленингради муҳосирашуда, озоднамудани кишварҳое, ба мисли Лаҳистон, Булғористон, Маҷористон, Руминия, Австрия, Чехия, Словакия ва фатҳи Берлин корнамоиҳои зиёд нишон додаанд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia