casino malaysia
casino malaysia
Зарурати тавсеаёбии муносибатҳои илм ва давлат

wrapper

  Ҳар як нафаре, агарчи дар соҳаҳои илм шуғли касбӣ надорад, ҳар гоҳе саҳифаи рӯзнома ё Интернетро кушода, анбӯҳи хабару маълумотро аз назар мегузаронад. Аксари ин хабарномаҳо сархати монанд доранд: «Олимон исбот карданд, ки…», «Аз таҳқиқи анҷомдодаи олимон натиҷагирӣ шуд, ки…» ва ғайра. Дар қисми зиёди чунин хабарномаҳо (маҳз хабар, на маълумот) «тарзи дуруст»-и хӯрокхӯрӣ, фароғату истироҳат, нафаскашӣ, фикрронӣ ва ғайра барои тӯлонию беҳтар зистани одамон пешниҳод карда мешавад. Дар чунин маврид, одатан, нишон дода намешавад, ки кадом олим, дар кадом озмоишгоҳ, бо супориши кӣ ин тадқиқотро гузаронидааст ва ҳисоботи худро доир ба натиҷаҳои таҳқиқоташ дар куҷо нашр кардааст. Ҳамчунин аз бурдубохту дурнамои ин «навгониҳо» чизе гуфта намешавад. Аз як тараф, чунин ҷузъиёти идеологӣ (идеологема) ба ҳаёти шаҳрвандон унсурҳои назоратро ворид менамояд, ҳамчун «мавзӯи доғи рӯз» ба таҷдиди назар кардани меъёру намунаҳои рафтор водор месозад ва назари бархе аз «олимон»-и сохтакору сиёҳкорро ҳақ мебарорад.
  Аз тарафи дигар, ҳамин идеологемаҳои аз ҷониби воситаҳои ахбори умум интишоршаванда образи комилан дигари илмро ба мардум мешиносонанд, ки ба илми ҳақиқӣ умуман мувофиқат надорад. Илми ҳақиқӣ предметӣ аст, дар доираи таҳқиқи объекти худ баҳс мекунад, аз фориғболӣ дур аст, интиқодпазир мебошад, дар эътирофи дониши нав ба шакку шубҳа моил аст, натиҷаи тадқиқотҳояш «ҳоло ва ҳозир» амалигардонии табаддулоти инқилобиро ваъда намекунад ва барои татбиқи фаврӣ пешниҳоди ноозмуда намедиҳад. Чунин илм сохтори худро дорад, ки дар қолаби мунозираҳои бедалел намеғунҷад, инчунин ҷузъи таркибии воситаҳои ахбори умум буда наметавонад, азбаски «Аз нигоҳи назарияи илмӣ «хабар» аз «маълумот» ба тарзи принсипиалӣ фарқ мекунад» (Ниг.: Ятимов С. Асарҳо. Ҷ.7. - С.200). Аз ин рӯ, табиист, ки ба ҷои илми ҳақиқӣ донишҳои қарибиилмӣ ё дурӯғилмӣ пайдо шуда, ба ҷузъи таркибии идеологияи муосир табдил мегарданд. Бояд гуфт, ки қарибиилмӣ ва дурӯғиилмӣ барои истеъмолгар фаҳмотар аст, чунки онҳо ҳатто бархурдорӣ аз дониши ибтидоиро талаб надоранд, агарчи ба натиҷаҳои мушаххас дилпур месозанд. Гоҳо қарибиилмӣ ё дурӯғилмӣ мустақиман ба масъалаҳои ҳалталаби шахси иттилоъгиранда бахшида мешаванд, зимни баррасӣ масъалаҳоро аз қонунияти умумӣ ҷудо карда, омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ба омили фардӣ иваз мекунанд.
Ҳамин тавр, илми муосир як ниҳоди созанда дар сохтори ҷомеа мебошад. Агар дар марҳилаи аввали ташаккулаш ин ниҳод фақат ду вазифаи асосӣ (тарбиявӣ ва тадқиқотӣ) дошт, пас ҳоло илм соҳиби андозаҳои навтарин аст (аз ҷумла сиёсӣ ва иқтисодӣ). Мутобиқ ба ҳамин, нақши илм дар ҷомеа хеле чашмрасу пурзӯр мегардад.
  Илм ҳачун ниҳоди иҷтимоӣ бо дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ таъсири мутақобила ва вобастагӣ дорад. Хусусан, муносибати илм ва ҳокимият таваҷҷуҳи бештарро ҷалб намудааст.
Ҳар як ҳокимият ҳамчун ниҳодишуда (ниҳодҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ) ё ниҳодинашуда (масалан, ҳокимияти зан ба марди дӯстдоштааш ва ғайра), пеш аз ҳама, эътиборест, ки дорои имконияти ба иродаи худ тобеъ кардан, амалҳои дигаронро идора намудан мебошад. Ҳокимияти давлатӣ барои ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин барои танзими муносибатҳои ҷамъиятии одамон зарур аст.
Масъалаи «илм ва ҳокимият»-ро ба ду ҷанба тақсим мекунанд:
1) масъалаи худи илм ҳамчун шакли ҳокимият;
2) муносибати илм ва ҳокимияти давлатӣ.
  1. Илм худаш дорои ҳокимияти ҳам ниҳодишуда ва ҳам ниҳодинашуда мебошад. Ҳокимияти ниҳодишудаи илм якҷоя бо пайдоиши дониши илмӣ ба вуҷуд омадааст. Вай худ ба сари худ муносибатҳои ҳокимиятиро ташаккул дода, ба тасдиқи чунин идеологияи ҳокимият мусоидат кард, ки тавассути идеалҳо ва ҳадафҳои ҳукмроншавӣ аз болои табиат ва ҷомеа асоснок шудааст (ибрози Ф.Бэкон: «Дониш қудрат аст»). Шакли ниҳодишудаи ҳокимияти илмӣ ба олимон замоне роиҷ гашт, ки он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ташаккул ёфт. Мишел Фуко (структуралисти фаронсавии асри XX) яке аз аввалин шуда, нишон дода буд, ки вобаста бо пайдоиши илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, тобеъияти олим ба низоми муайяни тафаккур ва меъёрҳои ахлоқи илм воқеӣ гашт. Илм як шакли ҳокимият ва назорат дар дохили ҷамоати олимон шуд. Вале азбаски сарчашмаи ин ҳокимияту назорат диктатураи хиради қонунгузор буд, илм на танҳо ба объектҳои таҳқиқоти худ, балки ба идора кардани худи инсон таваҷҷуҳ намуд. Илм шакли махсуси донишҳои инсон шуд, дар маърифат муроҷиат ба ҳадс (интуитсия), хаёлот, тасаввуротро манъ кард, инсонро аз мақоми табиие, ки дар Кайҳон дошт («тамоми олам барои инсон мавҷуд аст»), маҳрум сохт, чеҳраи нави одамро (ҳамчун қисми табиат) нишон дод ва инро дар ҷаҳонбинии одамон бартарӣ дод. Илм ба тафаккури хирадгароӣ афзалият бахшид, дар натиҷа хирадгароии «инструменталӣ», яъне қобилияти ташкили абзорро барои бадастоварии баъзе ҳадафҳо тавлид кард. Ҳокимияти илм дар тамоми соҳаҳои фарҳанг роиҷ гашт.
  2. Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоишуда, ба таври ногусастанӣ ба низоми муносибатҳои давлатӣ, яъне ҳокимиятӣ дохил гардид, ки ин ба зарурияти ба назар гирифтани манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеа дар илм оварда расонид. Таҷрибаи ҳаёт собит кард, ки «Бидуни коридани ҷузъиёти илмӣ, тасаввуроти дар таҷриба санҷидашуда, дар майнаи инсон ҳалли масъалаҳои таъмини амният, пешбурди манфиатҳои миллӣ, пешрафти шахс, ҷомеа ва рушди давлат аз имкон берун аст». (Ниг.: Ятимов С. Асарҳо. Ҷ.6. - С.10) Аммо эпистемологияи «анархистона»-и П.Фейерабенд бошад, пешниҳод мекунад, ки илм аз давлат бояд ҷудо бошад, чуноне ки калисо аз давлат ҷудо аст. Ин нуктаи назар то кадом дараҷа ба «мантиқи воқеият» созгор аст? Масъалаи «илм ва ҳокимият» кадом роҳҳои ҳалли худро доранд?
  Инҷо фақат ҳамон ҷанбаи масъалаи «илм ва ҳокимият»-ро баррасӣ менамоем, ки муносибати илм ва ҳокимият, хусусиятҳои танзими давлатии илмро дар бар мегирад.
Раванди дар асри XX ташаккулёфтаи муносибати «Илм-давлат»-ро ба якчанд марҳила ҷудо кардан мумкин аст, ки дар ҳамаи мамлакатҳои мутараққӣ, қабл аз ҳама, дар ИМА ва ИҶШС ҷой дошт:
1) сиёсати давлатии илмӣ, ки инкишофи тадқиқоти фарогиру бунёдии «илми бузург»-ро барои бартарии ҳарбӣ-сиёсии давлат (мусаллаҳшавии бошитоб) дар арсаи байналмилалӣ таъмин менамуд. Дар ҷаҳони муосир вазъияти шабеҳ ба вуҷуд меояд: оне, ки дорои иттилооту донишҳои илмӣ мебошад, ҳамон имрӯз дар сохторҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мақоми махсусро ишғол мекунад; мамлакатҳое, ки дар тадқиқоти бунёдии илмӣ (масалан, дар соҳаи энергетикаи ядроӣ) муваффақ шуаанд, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ (танзими низоъҳои ҳарбӣ, ворид намудани санксияҳои иқтисодӣ барои баъзе мамлакатҳо ва ғайра) ба нақши махсус иддао доранд. Дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ «ҳокими ҷаҳон» ҳамон аст, ки соҳиби иттилоот мебошад;
2) фармоиши давлатӣ ба илм – мусоидат кардан ба пешрафти иқтисодӣ, яъне ҳал намудани масъалаҳо доир ба таъмини суръатнокии рушд ва рақобатпазирии соҳаҳои асосии иқтисод;
3) сиёсати муосири илмӣ, ки аз ҷониби хадамоти иттилоотӣ, тиббӣ, экологӣ ва дигар бо тамоми афзалиятҳо ҷанбаҳои баландбардории сифати ҳаёти инсон ва ҷомеа дар маҷмуъ тавсиф карда мешавад. Масалан, дар соҳаи тадқиқоти бунёдӣ дар ИМА барои илми тиб нисбат ба таҳқиқи кайҳон се баробар ва нисбат ба тадқиқоти бунёдӣ дар соҳаи мудофиа шаш баробар зиёдтар маблағ сарф карда мешуд.
Сиёсати муосири илмӣ, ки аз ҷониби давлатҳои пешқадам амалӣ мегардад, ба фаъолияти дарозмӯҳлат оид ба таҳкими низомҳои гуногуни навоварии миллӣ (дар соҳаҳои ҳарбӣ, шаҳрвандӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, омӯзиши кайҳон, ҳифзи муҳити атроф ва ғайра) равона шудааст.
Дар соҳаи муносибатҳои байниҳамдигарии илм ва ҳокимият якчанд ҷанбаъро ҷудо кардан мумкин аст:
1) таърих нишон медиҳад, ки сиёсати пурзӯри давлатии илмӣ, аз як тараф, метавонад иллати оқибатҳои хоссае дар инкишофи илм шавад. Масалан, дар собиқ ИҶШС сиёсати ҳавасмандгардонии давлатӣ, аз як тараф, ба таъқиби кибернетика, генетика, кимиёи квантӣ, ки онҳоро «илми дурӯғин» эълон кард, мусоидат намуд, аз тарафи дигар, тадқиқотро дар соҳаи азхудкунии Кайҳон, неруи атомӣ заминаю рушд бахшид;
2) аз нимаи дуюми асри XX ба олимон ва фаъолияти онҳо принсипҳои байналмилалии ҳифзи инсон паҳн карда шудаанд: олим акнун бояд «побанд»-и сохторҳои ҳокимияти давлатӣ намешуд;
3) илм маҷбур аст бо ҳокимият ҳамкорӣ кунад, то ки аққалан барои қисман тасҳеҳ кардани сиёсати илмии он ба барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат имконият дошта бошад.
Иқтисодиёти мамлакатҳо соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин хизматрасониро дар бар мегирад. Масъалаи «муносибати илм ва иқтисодиёт» дар аксари мамлакатҳо асосан вобаста аз он ҳал мегардад, ки идеологҳои кадоме аз ин соҳаҳо дар сохтори ҳокимияти давлатӣ дохиланд ва дар қабули қарорҳо кадом мавқеро ишғол мекунанд, дар ҳоле, ки «Талаботи аслӣ нисбат ба илм – ба ниёзҳо ва хостаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ ҷавобгӯ будани он аст» (Ниг.: Ятимов С. Асарҳо. Ҷ.6. - С.11).
Агар дар сари ҳокимият идеологҳое бошанд, ки ба таркиби саноатӣ-истеҳсолии иқтисодиёт бештар диққат медиҳанд, пас технологияҳои истеҳсолӣ танҳо бо дарназардошти комёбиҳои илмӣ инкишоф меёбанд ва мукаммал мегарданд, ба илм арзиши баланди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дода мешавад. Мутаассифона, «Бояд эътироф кард, ки сифати тафаккур дар сатҳи миллии моаз назари технологӣ ҷиҳати таъминоти давлат, аз ҷумла амнияти иқтисодӣ аз талаботи муосир ба таври хатарнок қафо монда истодааст» [Ниг.: Ятимов С. Асарҳо. Ҷ.8. - С.264]
Давлат сиёсати стратегии илмиро барои марҳилаи муайян таҳия месозад, ки он аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ андешидани чораҳои зеринро тақозо менамояд:
а) қабули қарорҳо оид ба стратегияи инкишофи маҷмуии илмӣ-техникии мамлакат;
б) барномаҳои фаъолият бораи татбиқи ҳадафҳо ва масъалаҳои гузошташуда.
Дар Тоҷикистон низ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021. №263 «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» тасдиқ карда шудааст. Дар Стратегияи мазкур самтҳои асосӣ ва чораҳои амалисозии сиёсати давлатӣ дар ин соҳаҳо, инчунин натиҷаҳои чашмдошти амалисозии он муқаррар карда шудаанд.
Тибқи ин Стратегия, «самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия инҳо мебошанд:
- рушди илми бунёдӣ, тақиқотҳои амалӣ ва коркардҳо;
- мукаммалсозии танзими давлатӣ дар соҳаи рушди илм ва технология;
Ташаккули низоми миллии инноватсионӣ;
- баланд бардоштани самаранокии истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию технологӣ дар рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар;
- ҳифз ва рушди неруи кадрии комплекси илмию техникӣ;
- ҳамгиро кардани илм, таҳсилот ва истеҳсолот;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ» [Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030. – Душанбе, 2021. – С.13.]
Ҳамин тавр, илм ҳамчун яке аз воситаҳои амалигардонии самтҳои афзалиятноки сиёсат маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, дар мамлакатҳое, ки ба истифодабарии технологияҳои нав дар истеҳсолот тамоюл доранд, сиёсати махсуси илмӣ таҳия мегардад, ки низоми афзалиятҳои илмии давлатиро дар равияву лоиҳаҳои илмӣ ва соҳаи шаклҳои илмӣ-ташкилӣ дар бар мегирад. Асоси афзалиятҳои илмиро, чун қоида, чунин равияҳои илмӣ ташкил медиҳанд, ки аз лиҳози таҳия кардани технологияҳои навтарин баҳри инкишофи босуботи иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ва ғайра нақши аввалиндараҷа доранд. Ба ҷумлаи онҳо технологияҳои алоқа, технологияҳои нақлиёти минтақавӣ ва байниминтақавӣ, энергетикӣ, экологӣ, ҳарбӣ ва монанди инҳо дохил мешаванд. Татбиқи ҳар кадом афзалиятҳои илмӣ ба дастгирии давлатии молиявӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ-идоравӣ, инчунин ба қабули қарорҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ниёз дорад.
Дар аксари давлатҳои соҳибистиқлоли пасошӯравӣ як ақида пайдо шуда буд, ки моҳияташ чунин аст: азбаски иттилооти илмӣ дар ҷаҳон ба таври кофӣ истеҳсол мегардад, пас дар мамлакати худ истеҳсол накарда, аз хориҷа харидани он арзонтар меафтад. Шояд ҳамин хел ҳам бошад, лекин дар ин ҷо саволҳои зерин пайдо мешаванд:
а) чӣ тавр мамлакат бе ҷамоати илмии худаш комёбиҳои беназири илму техникаи хориҷиро қабул ва истифода карда метавонад?
б) чӣ тавр натиҷаҳои бештар махфикунонидашудаи тадқиқоти илмиро, ки мамлакатҳо дақиқ ҳифз мекунанд, ба даст овардан мумкин аст?
в) кадом илми хориҷӣ ба коркарди технологияҳое машғул мешавад, ки шароити иқлимӣ, географӣ, масъалаҳои демографӣ ва умуман талаботи иқтисодиёти миллии мамлакати моро ба назар гирифта бошанд?
Ин саволҳо кушода боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, агар давлат хоҳад, ки илми сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, бояд «онро бо дастони пурҳарорати худ меҳрубонона гарм намояд», яъне дастгирӣ намояд. Бо дарназардошти ин ва ҳолате, ки илм ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёфтааст, ҳар як қарори қабулшуда амалан ба манфиатҳои илм ва давлат ҷавобгӯ хоҳад буд. Ҳамаи тадқиқоти бунёдӣ, ба ақидаи аксари олимон, бояд асосан аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда шаванд.
Дар хотима бояд тазаккур дод, ки алҳол ниҳодҳои илмӣ, дар қатори вазифаҳои дигараш, инчунин иҷрои вазифаи сиёсии худро идома медиҳад. Тавоноии илми муосир на танҳо дар назарияҳо ва технологияҳо аст, қудрати илм инчунин дар саҳми сиёсии он зуҳур ёфтааст. Чунончи, тадқиқотҳои дар даҳсолаҳои охир анҷомёфта нишон медиҳанд, ки тағйироти вазъи экологии сайёраи Замин ба ҳаёти сокинон таъсири манфӣ ва ҳатто фалокатбор дошта метавонад. Чунин хулосаи олимон ба натиҷагириҳои сиёсӣ водор намуд. Сиёсатмадорони Иттиҳоди Аврупо садои олимони бонуфузро шунида, матлабҳои иқтисодӣ ва манфиатҳои давлатиро қисман сарфи назар намуда, доир ба кам кардани ихроҷи гази карбон ба атмосфера тадбирҳои сиёсӣ меандешанд. Ин як намунаи камтарин аз ҷузъиёти сиёсии илм ва иҷрои вазифаи сиёсии он дар фазои сиёсии ҳаёти ҷомеа мебошад.
 
Назар М.А. 
д.и.ф., дотсент, директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia