casino malaysia
casino malaysia
Таъкиди ватандўстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ дар суханронии Пешвои миллат

wrapper

  Дар таърихи 9 март соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд.
          Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин ва баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакат инчунин вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷой доштаро, баррасӣ намуданд. Чуноне маълум аст барои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳае нест, ки аз пеши назарашон дур монда бошад ва ҳамин аст рисолати Пешвое, ки дар пайи бозовариву боздеҳии истеъдодҳои миллат мебошанд. Пас ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, ки дар арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром ба Ватан устувор ва содиқ бошад, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад.
          Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».
          Дар паёмҳои хамасола ва бештари суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ сертаваҷҷуҳанд ва мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб мекунанд.
          Мо ба унвони як тоҷик дар ҳар гӯшаи ин сарзамин, зиндагӣ дорем, бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои зикршуда, бо таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни хеш ва бо идеалҳову шеваи зиндагии интихобкардаи худ наметавонем аз реша ва таълимоти тоҷикии худ дил биканем ва аз асли хеш дур шавем. Шояд дуруст бошад, ки дар бораи меъёру арзишҳое, ки аз ин кишвар ба мо мерос мондаанд, андеша кунем ва дар бораи арҷгузорӣ ба Ватан ва нигоҳ доштани он чизе, ки Худованд ба созмони мо аз атои тоҷик буданамон додааст, андеша кунем.
          Чуноне ки дар раванди суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст».
          Яъне имрӯз инсоният дар давраи бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмӯъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад.
          Аз сӯйи дигар, ҳарчанд нокомӣ, муваққатан набудани шароити мусоиди зиндагӣ ва ё дар ҷаҳони муосири имрӯза, набудани шароити идеалии зиндагӣ, шуғл ва ҳатто набуди шароити муносиби сиёсиву иҷтимоъӣ метавонад мардумро ба муҳоҷират водор кунад. Баъзан сахтиҳои рӯзгор оромии мардуми баъзе минтақаҳоро ончунон аз байн мебарад, ки онҳо бартарӣ додани тамоми дороии худашон ва ояндаи беҳтари худро ва фарзандонашонро дар кишвари дигар меҷӯянд ва ин дардноктарин эҳсоси мардуми як кишвар нисбат ба замини падарону бобоёни худ аст. Аз ин рў Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд кардан: «Биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем».
          Инчунин қайд карда шуд: «Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд».
          Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд
          Тоҷикистон дар замони истиқдолияти миллӣ бо сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пешрафтҳои назарасеро соҳиб гардад, ки ин пеш аз ҳама дар руҳи худшиносиву ватандўстӣ тарбия ёфтани насли наврас мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таъризӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем. Маълум аст, ки рўз аз рўз таҳоҷуми идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором гузошта таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст. Ин гунаҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ худогоҳӣ, ватанпарстӣ, дўст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем ва чунин арзишҳоро ба хубӣ бишносем.
          Чунин ба назар мерасад, ки инсон барои дарки моҳияти вуҷуди худ офарида шудааст, аз ин хотир барои ў фарогирии моҳияти вуҷуди худ ва гирду атроф, ҷомеа ва олам арзиши созанда дорад. Огаҳӣ пайдо кардан аз рўзгори пурихтилофи инсонӣ заминаи устуворе барои шинохти шахсияти ў маҳсуб мешавад. Вақте дар бораи худшиносии миллии тоҷикон, бунёди маънавии халқҳои ориёнажод ва сайри таърихии ин қавм дар паҳнои таърих андеша менамоем, беихтиёр навиштаҳову суханрониҳои Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон оид ба решаҳои таърихии ин халқи куҳанбунёд пеши назар меояд. Ин шахсияти таърихии замони имрўз дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаммои пайдоиши халқҳои Аҷамбунёдро дар чунин матлаб ифода кардааст, ки рўҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равонихонандаи имрўзро ба таърихи азалии он наздик мебарад.
          Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳуввияту худшиносӣ аст, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.
 
Зиёзода Н. И 
ходими илмии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia