casino malaysia
casino malaysia
Мулоҳизаҳо перомуни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин

wrapper

  9 марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар қасри бошукуҳи Ваҳдат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.

  Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат зимни суханронии худ атрофи он муфассал андеша ронданд, масъалаи мубориза бо таассубу хурофот мебошад, ки мисли заҳрпечак тамоми тору пуди ҳаёти динӣ, ахлоқу маънавиёт, махсусан урфу одатҳо, анъанаву маросимҳои динии моро бо худ печида ва фаро гирифтаанд.
  Пешвои миллат махсусан ба таассуб ва хурофоте, ки дар иҷрои маросими Ҳаҷ дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, ишора карда, ба ходимони дин, олимону мутахассисони АМИТ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати бартараф кардани ин гуна таассубу хурофоти «навбаромад»-и динӣ тадбирҳои илмию амалӣ андешанд.
  Пешвои миллат хотирнишон карданд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва  ҷаҳолат омили бадбахтии миллат аст!». Дар воқеъ мо худ шоҳиди онем, ки чӣ гуна хурофоту таассуб, ҷаҳолату ифротгароӣ ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азим оварда, ҷомеаро ба ҷанги бародаркушӣ таҳрик дода буд.
  Ва ҳамин сабақи таърихиро Пешвои миллат дар назар дошта, моро огоҳ мекунанд, ки нисбат ба таассубу хурофот саҳлангору бепарво набошем, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани онҳо якдилона, дастаҷамъона мубориза барем.
  Як нуктаи ташвишовар ин аст, ки агар чунин таассубу хурофоти «навбаромад» сари вақт пешгирӣ нашаванд, дар он сурат онҳо худ бо мурури замон ба одат ва анъана табдил ёфта, ба таъбири Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ, ҷаҳли моро  боз ҳам мураккабтар хоҳанд кард.
  Пешвои миллат аз ходимони дин хоҳиш карданд, ки ба мардум роҷеъ ба муқаррароти маросими Ҳаҷ, шартҳои он, фарқияти Ҳаҷи фарзӣ аз «умра» маълумоти дурустро дар асоси таълимоти Қуръону аҳодиси набавӣ ва фиқҳи ҳанафӣ баён карда, бо ин роҳ барои пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, таассубу хурофот ва тақлидкорӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷрои маросими Ҳаҷ кўшиш кунанд.
  Дар воқеъ, барои аксарияти мардуми мусулмони Тоҷикистон, дар солҳои шўравӣ ва оѓози давраи Истиқлол як навъ шуури «тақлидкорона»-и динӣ хос буд. Аксарияти мардум он чизе, ки дар бораи дини мубини Ислом ва таълимоти он, аз ҷумла дар бораи фарзу суннатҳои исломӣ медонистанд, бештар донишҳои тақлидӣ, нақлӣ, аз дигарон шунидашуда буданд, на донишҳое, ки дар худи матни Қуръону ҳадисҳо ё мазмуни мантиқии онҳо мавҷуданд.
  Аз ин рў дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пас аз фурў нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, давлат ба масъалаи аз байн бурдани  тақлидкориҳои ҷоҳилона, таассубу хурофот, каҷрафторию исрофкориҳо, ифротгароӣ ва ҳар гуна рафтору падидаҳои номатлуб, бо асли таълимоти ақлонӣ, таҳаммулмеҳвар ва дорои мазмуни амиқи инсондўстонаи мазҳаби ҳанафӣ бегона, инчунин  танзими ҳуқуқии раванди эҳё ва таҷдиди шуури динии тоҷикон ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ намуд. Ба ин мақсад   санадҳои махсуси меъёрию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва ѓ.) қабул ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд, мунтазам  тадбирҳои зарурии илмию фарҳангӣ андешида ва амалӣ карда мешаванд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, боиси ифтихори мост, ки бунёдгузори ин мазҳаби бузургтарин ва бонуфузтарини исломӣ, ки аксарияти мутлақи халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳон пайрави он мебошанд, аз лиҳози мансубияти нажодӣ – ориёӣ, эронитабор аст. Балх- ватани аҷдодии Имоми Аъзам ҷузъе аз сарзамини паҳновар ва тамаддунхези Ориёнвиҷ- ҳудуди таърихӣ-ҷуғрофиёии густариши тамаддуни зардуштӣ ва сукунати халқҳои ориёӣ маҳсуб мешуд, ки Осиёи Марказӣ, Эрон ва як қатор минтақаҳои дигари бо онҳо ҳамҷаворро дар бар мегирифт.  Дар чунин як сарзамини бузург ҳанўз чоруним ҳазор сол пеш аз зуҳури Ислом дини тавҳидии зардуштӣ густариш ёфта буд, ки ба пайравонаш дар зиндагии фардию иҷтимоӣ ҳамеша ва қотеъона риоя кардани принсипи сегонаи ахлоқӣ- пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро талқин ва ташвиқ кардааст. Ҳарчанде, ки баъзе олимони шарқию ғарбӣ, дини зардуштиро дини политеистӣ (бисёрхудоӣ) пиндоштаанд, вале дар асл, чуноне ки Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор ул боқия» ин нуктаро таъкид кардааст, дини зардуштӣ – дини монотеистӣ (тавҳидӣ, яккахудоӣ) мебошад. Ба андешаи баъзе муҳақкиқони муосир низ, дини зардуштӣ  як навъ дини марҳилаи гузариши ориёҳо аз эътиқодҳои қаблии бисёрхудоӣ ба эътиқоди яккахудоӣ буд, ки бешубҳа табиати яктопарастӣ дошт. Худованди ягонаву офаридгор дар Авесто ва маъхазҳои дигари зардуштӣ Маздо ё Аҳура Маздо          ном дорад.  Аз ин ҷост, ки дини зардуштиро дини Маздопарастӣ ё Маздоясноӣ низ номидаанд. Имоми Аъзам, ки бешубҳа аз мазмуну асолати тавҳидии дини ниёгони худ воқиф буд, кўшиш кардааст, ки ҷавҳари таълимоти ба мақсади таҳкими некию адолат дар ҷомеа нигаронидашудаи дину эътиқоди ниёгони худро дар осори худ бо таълимоти исломӣ ҳамоҳангу пайванд созад. Чунин иқдом ба Имоми Аъзам имкон дод, ки аз як тараф,  суннатҳои неки ниёгони худро аз хатари фаромўшӣ ҳифз кунад, аз тарафи дигар онҳоро дар коркарди низоми ҳуқуқии исломӣ оқилона ва эҷодкорона истифода барад. Дар натиҷаи чунин фаъолият ва равиши ақлонии ҳуқуқэҷодкунӣ Имоми Аъзам  мазҳаберо барпо кард, ки имрўз  ҳамчун як мазҳаби таҳаммулмеҳвару адолатпарвар қисми аз ҳама бештари халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳонро муттаҳид кардааст.     Аз ин иқдоми неку наҷиби Имоми Аъзам ҳам фарҳанги куҳанбунёди миллии мардуми Аҷам фоида ҳосил кард ва ҳам фарҳанги исломӣ аз монополияи арабҳо озод шуда, ба як дин ва фарҳанги ҷаҳонии фаромиллӣ табдил ёфт.  Дар баробари ифтихор аз таърихи куҳан, фарҳанги бою пурѓановати миллӣ ва фарзандони фарзонаи миллати хеш, мисли Имоми Аъзам, Муҳамад Ҷарири Табарӣ, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, Рўдакию  Фирдавсӣ, Муҳамад Закариёи Розӣ ва ИбниИбно, Саъдию Ҳофиз, Мавлонои Балхию Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнию МирзоТурсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум, Бобоҷон Uафурову дигарон, ҳар кадоми мо бояд панду насиҳатҳо, дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро ба роҳбарӣ гирифта, дар соҳаи фаъолияти касбии худ, тибқи қуввату истеъдоди худ барои халқу ватани худ, барои инсоният кору хизмати шоистаеро анҷом диҳем, барои тантанаи адолату ҳақиқат, пирўзии ақлу хирад бар хурофоту ҷаҳолат, ғалабаи некӣ бар бадӣ, рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии кишвари худ, ниҳоят барои таҳкиму густариши сулҳу якдигарфаҳмӣ, амнияту бехатарӣ,  дўстию ҳамкории халқу миллатҳо, пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар ин Замини ягона ва тақсимнопазири моддию табиӣ мубориза барем. Аз ин мавқеи назар, тақлидкориҳо, таассубу хурофотҳо хилофи анъанаҳои моҳиятан ва мазмунан пешоҳангу пешқадами миллию динии мо буда, на танҳо боиси карахтшавии нерўҳои зеҳнию ақлонии мо, ҳатто боиси  хушкшавии дарахти фарҳанг ва маънавиёти миллию динии мо мешаванд. Ҳамин мушкилӣ буд, ки пас аз инқирози давлати Сомониён, махсусан пас аз истилои муѓул,  дар тўли садсолаҳо миллати моро фаро гирифта, боиси таназзули нерўи эҷодию кашшофии тоҷикони ориёинажод ва камҳосилии фарҳанги тамаддунофари онҳо гашта буд.   Дар натиҷа, ин миллати як замон тамаддунофар ва истеҳсолкунанда  ҳамзамон бо инқирози давлати Сомониён ва хотимаи Асри тиллоии рушди фарҳанги исломӣ, ки дар он на арабҳо, балки маҳз тоҷикону дигар мардуми эронитабор  нақши асосиро бозида буданд, оҳиста-оҳиста қобилияту истеъдодҳои кашшофии худро аз даст дод ва ба як миллати аз лиҳози нерўҳои ақлонию эҷодӣ заиф, дастнигар ва истеъмолкунанда табдил ёфт. Ин буҳрони шадиди фарҳангӣ ҳадди ақал, аз замони истилои муѓул то оѓози давраи шўравӣ идома ёфта, сабаби ақибмондагӣ ва гирифтории миллати тоҷик дар  банди ҷаҳолату хурофот шуд. Ба шарофати ѓалабаи Инқилоби Бузурги Октябрии Шўравӣ тоҷикон (агарчӣ, ба таъбири устоди шодравон Раҳим Масов – бо усули «табартақсим» ҳам бошад), соҳиби давлати миллии худ - Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуда, дар қатори халқҳои дигари шўравӣ ба сохтмони ҷомеаи коммунистӣ ва бунёди фарҳанги шўравии  шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ камар бастанд ва дар ин ҷода ба дастоварду натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.  Давлати шўравӣ давлати заҳматкашону ранҷбарон – коргарону деҳқонон буд. Он моликияти хусусӣ ва сармоядориро манъ ва маҳкум карда, принсипи «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ»-ро дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуд. Ҳама гуна воситаҳои меҳнат ва истеҳсолот моликияти ҷамъиятӣ эълон карда шуданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз дасти заминдорон ситонида ва ба хоҷагиҳои дастаҷамъона (колхозҳо ва совхозҳо) табдил дода шуданд. Иқтисоди нақшавии шўравӣ, барномаҳои дарозмўҳлати иқтисодӣ (нақшаҳои панҷсола) тарроҳӣ ва дар амал татбиқ карда шуда, иқтидори иқтисодию ҳарбии Иттиҳоди Шўравӣ давра ба давра афзун ва шароити моддии ҳаёти мардум беҳтар шуд. Ҷои фонусу пилтачароѓро лампаҳои барқӣ, белу каланд ва юѓу испоррро комбайну тракторҳо, хару аробачархро мошинҳои худрави боркашу мусофиркаш, қатораву тайёраҳо гирифтанд.           Дар баробари ин дастоварду пешравиҳои бузург, дар давраи шўравӣ раванди секуляризатсияи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шурўъ гардида, дин ҳамчун «афюни халқ», «воситаи мафкуравии истисмори инсон аз тарафи инсон»  аз ҷониби асосгузорон ва намояндагони идеология коммунистӣ дарк ва тафсир шуда, доираи нуфуз ва таъсири он зери фишори идеологияи атеистӣ танг ва маҳдуд карда шуд. Ба раванди секуляризатсия дар замони шўравӣ бештар хусусияти динситезона хос буд ва давлати шўравӣ бо дин муносибати сепаративистӣ (ҷудоангезона, нобоварона, инкоркунанда) дошт. Аниқтараш, дину эътиқод дар замони шўравӣ ба ҳоли худ гузошта шуда буд ва давлати шўравӣ ба ин ҷанбаи ҳаёти маънавию ахлоқии ҷомеа, ин унсури муҳими фарҳангии ҳар як халқу миллати Иттиҳоди Шўравӣ ҳеҷ таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намекард. Дар натиҷа шуури динии мардум, азҷумла шуури динии тоҷикон дар замони шўравӣ дар ҳамон ҳолати карахтии асримиёнагӣ боқӣ монд, ҳарчанде ки ҳеҷ гоҳ мазмун ва хусусияти ифротгароёна надошт.                                                           Ҳамзамон бо суқути давлати шўравӣ, Худованд ба тоҷикон боз як шонси дигар барои бунёди давлати озоди миллӣ дод. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9- уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии худ Изҳорот "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро  қабул кард, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шӯрои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд. Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд. Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд ва ҳар сол дар ин рўзи фархунда аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мекунад. Маънии Истиқдолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: "Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад". Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ - сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад. Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби беш аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии 23 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодҳои тахассусии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд. Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад. Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ аз муносибати собиқ Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки низ давлати дунявӣ маҳсуб мешуд, ҷиддан фарқ мекунад. Тавре ки пештар хотирнишон кардем,  муносибати давлати шўравӣ бо дин сепарастистона (ҷудоихоҳона, нобоварона, инкоргароёна) буд. Вале муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дин мазмун ва хусусияти кооператсионӣ дошта, дар ин замина мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои динии кишвар дар бисёр мушкилоти иҷтимоӣ ва ахлоқию мсаънавии ҷомеа муваффақона ҳамкорӣ мекунанд. Махсусан, мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои динӣ дар самтҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва бунёдгароии динӣ, муборизаи ғоявӣ бо мафкураи ифротӣ, рафъи таассубу хурофот, тарбияи ахлоқию маънавии аҳли ҷомеа ҳамкории хеле судманд  доранд.                                                     
   Ончӣ гуфта шуд далели бедоршавӣ, эҳёи нерўҳои эҷодию кашшофии  миллат ва аз нав мақоми таърихии худро ҳамичун миллати тамаддунсозу истеҳсолкунандаи неъматҳои моддию маънавӣ тадриҷан соҳиб шудани тоҷикон мебошанд. Дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони Истиқлол худ аз худ ҳосил нашудаанд, балки дар натиҷаи ранҷу заҳмат, меҳнати эҷодгарона ва ободкоронаи ҳуди ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд. Бо итминони комил метавон гуфт: Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мушкилтарин ва сахттарин имтиҳонҳо ва монеаҳоро дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии миллии    худ бурдборона ва муваффақона паси сар кардаанд, минбаъхд низ барои таъмини арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои роҳбари мардумии худ муттафиқона мубориза мебаранд.                              

Шоев З.Ҷ.
н.и.ф., Ходими калони илмии

Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини

ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia