casino malaysia
casino malaysia
Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

wrapper

 
  9 марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот доир намуда, дар он аз Қуръони маҷид иқтибосҳо оварда, суханҳои панду насиҳат гуфтанд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳикмати парҳезгории рўзадорӣ танҳо дар тарки хурдану ошомидан нест, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим барои анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб мешавад.
Эҳсонкорӣ, хайру садақа ва амалҳои нек карданро дар назар дошта Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори ҳайру савоб дар моҳи мубораки рамазон нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад. Аз ин рў, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзманду дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад.
Қайд карда шуд, ки таи зиёда аз сӣ соли истиқлолият ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бо нангу номуси ҷомеа сиёсати инсондўстонаи иҷтимоии давлату ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомҳои савобу созандагиро анҷом додаанд.
Шукри истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрўз мо арзишҳои миллии ниёгони худро эҳё намуда, ба дини худ, мазҳаби аҷдодӣ муяссар гаштем.
Таҳлил ва пажўҳишҳои илмӣ андар муносибат ба дин нишон доданд, ки дар давоми беш аз 32 сол давлати демокративу дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон устувор аст.
Дар радифи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва инсон, таъмин намудани озодии виҷдон сухан гуфта, Президенти мамлакат ёдрас намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар дар Паёми Роҳбари давлат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст.
Мақсад аз қабул намудани ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Кайд карда шуд, ки тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.
 Бо назардошти муҳимияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ Пешвои миллат дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ходимони динӣ вазифа гузоштанд, ки дарки дақиқ ва амиқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан доир ба моҳияти дунявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд.
Яъне меъёри номбурдаи Конститутсияро якхела фаҳмида иҷроиши дақиқи он бояд риоя карда шавад. Хусусан ходими дин ҳамчун шахси масъулиятшиносу ватандўст дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ накарда дар ободии Ватан бояд саҳми худро гузоранд. Ҳамзамон дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» омадааст, ки «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Ходимони дин имконияти васеъ доранд, ки аз он метавонанд самаранок истифода баранд, ҷавононро ба омўхтани қонунгузории миллӣ риоя ва иҷроиши қонунҳо далолат кунанд.
Хусусан дар моҳи шарифи Рамазон, ки сафи намозгузорон хеле зиёд мешаванд, ходимони дин дар фурсатҳои амри маъруфи пеш аз намозҳои панҷвақта, таровеҳ, ҷумъа ва намози ид метавонанд аз минбарҳои масҷидҳо истифода намоянд.
Президенти кишвар дар ин ҷода бо маврид таъкид намудаанд: «Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсозӣ тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гардад».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгў ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Фарзандонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд.
Воқеан, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омадааст, ки онҳо барои дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд, бояд рафтор намоянд.
Мутобиқи моддаи 5-и ҳамин қонун вазифаи падару модар, омўзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбия чунин муайян карда шудааст: 1) таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омўзгор, давлат ва ҷомеа мебошад; 2) вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбия; 3) давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кўдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.
 
Мудири
шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ,
профессор Иброҳимов С.
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia