casino malaysia
casino malaysia
Муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Италия густариш меёбанд

wrapper

 

     Ташаккул ва пойдории сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба монанди дигар дастовардҳои беназири кишвар аз замони ба сари ҳокимият омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меоянд. Ҳамчун бунёдгузор ва пешбарандаи сиёсати хориҷӣ сарвари давлат минбаъд ба рушди муносибатҳо, робитаву ҳамкориҳои наву фарох ва фарогирандаи аксари давлатҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Вобаста ба ин масъала сиёсати «Дарҳои кушод» Тоҷикистонро борҳо аз минбарҳои баланди минтақа ва ҷаҳон эълон дошт.  Зимни суханронии худ 15 марти соли 2013 замони ба истифода додани бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз доштанд, ки «… мо чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» ягон давлатро ба ҳайси давлати бадхоҳ арзёбӣ карданӣ нестем ва тавре ки ман борҳо иброз доштам, бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкории беғараз ва мутақобилан судманд густариш хоҳем дод».
    Тоҷикистон давлати дорои мавқеи муҳими стратегӣ ва геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми шоистаро соҳиб буда, бо зиёда аз сад кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратиро ба роҳ мондааст.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия ҳанӯз аз моҳи майи соли 1992 барқарор шуда буд.
Тоҷикистон Ҷумҳурии Италияро ҳамчун шарики боэътимод пазируфта, аз ибтидои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз як қатор санадҳои ҳамкорӣ, хусусан созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ, техникӣ ва дигар шартномаҳои тиҷоратиро ба имзо расонидаанд.
Соли 2003 «Муассисаи тиҷоратии Италия» намояндагии хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, фаъолиятро дар соҳаи таъмини таҷҳизот барои мошинҳои сабук ва боркаш ба роҳ монд. Ҳамчунин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» дар соҳаи истеҳсоли либос фаъолият менамояд. Ҳаҷми умумии савдо байни ду давлат ба ҳолати 8 моҳи соли 2023 ба маблағи 19241,1 ҳазор доллари ШМА (содирот 7601,2 ва воридот – 11639,9 ҳазор доллари ШМА)-ро ташкил медод.
     1 июли соли 2016 ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило»- “Salini Impregilо” барандаи озмуни байналмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гардид. Созишнома барои лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” 1-уми июли соли 2016 миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия имзо гардид. Санади мазкур яке аз муҳимтарин санад дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Маблағи умумии созишномаи имзошуда байни НБО «Роғун» ва «Салини Импреҷило» 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 1 милларду 950 миллион доллараш барои сохтмони садди асосии нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.
     Роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист 13 декабри соли 2019 дар Рим дар ҳошияи Конфронси байналмилалиӣ таҳти унвони “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуда буданд.
4 сентябри соли 2021 бошад дар сатҳи вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия масъалаҳоро оид ба нақшаи тамосҳои сиёсии минбаъда муҳокима намуданд ва рушди ҳамкорӣ бо Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо оид ба вазъ дар Афғонистон  ва минтақа, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ ибрози афкор намуданд.
Санаи 22 апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Италияро ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо эътироф намуд. Сарони давлат оид ба масъалаҳои густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
     Таҷрибаи пешқадами Италия, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истих­роҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ, аз самтҳои афзалиятнок барои Тоҷикистон арзёбӣ карда шуд. Ҳамчунин дар мулоқот бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия масоили дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти рафтуомади шаҳрвандон ва таъсиси хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ҳар ду давлат баррасӣ гардиданд.
Дар шароити афзоиши ҷиноятҳои муташаккили сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва таъмини масоили амниятӣ ҷонибҳо оид ба роҳҳои муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноят­ҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андешаронӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ ҳафт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар соли 2023 аз Тоҷикистон ба Итолиё ба маблағи беш аз 15 миллион доллар коло содир шуда, ба маблағи беш аз 27 миллион доллар коло ворид шудааст.
 
Ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи
 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Қодиров З.Қ.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia