casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳоншумулӣ

Фазои иттилоотӣ дар қарни ХХI вижагии хос дошта, таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмро ба омӯзишу таҳқиқи масъалаи мазкур, мазмуну муҳтаво ва тамоюли бозбинии арзишҳо дар марҳилаи сифатан нави рушди ҷомеаи иттилоотӣ афзудааст. Масъалаи мазкур дар марҳилаи кунунии рушди ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ мешавад, чунки нигоҳдорию истифодаи арзишҳои анъанавӣ зербинои сиёсати устувори давлати мо буда, яке аз омилҳои муҳими инкишофи босубот ва таъмини амнияти миллии кишваро ташкил медиҳад. Ҷомеаи Тоҷикистон ба омӯзиш ва густариши  дастовардҳои бузурги илмию технологии ҷомеаи муосир рӯ оварда, онҳоро дар бозсозиҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва технологии кишвар мавриди истифода қарор медиҳад. Ба маънои дигар, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон заминаи муҳими рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу маънавиёт мебошад.
Вобаста ба ин раванд қайд кардан зарур аст, ки нақши давлат дар эҳё, ҳимоя ва баланд бардоштани нуфузи арзишҳои маънавии миллат бағоят бузург мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки фазои иттилотиии кишвари мо пайваста ба ҳайси объекти ҳуҷумҳои гуногун, аз қабили тарғиби бегонапарастӣ, хурофотпарстӣ, идеологияи зуроварию ифротгароӣ қарор медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳимоя ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Имрӯзҳо таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба тамомияти арзии кишварамон хатар эҷод менамоянд. Ба ин гурӯҳи таҳдидҳо омилҳое монанди афзоиши сатҳи ифротгароӣ, машҳур шудани ғояҳои миллатпарастию мазҳабгароӣ, сиёсатӣ стандартҳои дугоникӣ, инкишоф ёфтани ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Дар чунин шароити муташанниҷи умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон дар эҳё намудани арзишҳои фарҳангию миллӣ бо инъикоси он дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Чунончи, дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.[1]
Бояд зикр намуд, ки дар илмҳои ҷомеашиносӣ истилоҳи “арзишҳои миллӣ” ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Муҳаққиқони ин соҳа маъною мазмун ва меъёри истилоҳи “арзишҳои милли” – ро аз мавқеъ ва равишҳои гуногуни методологию назариявӣ муайян менамоянд, ки фаҳмиш ё таърифи дурусти ин истилоҳро дар ҳолатҳои ҷудогона то душворию печидагиҳо мерасонад. Аз ин ҷо, зарур аст, ки таърифҳои мавҷудаи “арзишҳои милли” – ро дар илми муосир баррасӣ намоем.
Ба ақидаи инҷониб “арзиши миллӣ” - омили ибтидоии инкишофи маънавиёти ҷамъиятию шахсии халқияту миллатҳои гуногун дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ мебошад. Арзишҳои миллӣ ҳамон вақт аҳамияти иҷтимоӣ пайдо мекунанд, ки агар ба мероси аксарияти намояндагони миллат ва тарзи зиндагии онҳо мубаддал гашта, ба муносибатҳои амалии ин ё он миллат, шуур ва эҳсосоти онҳо ба сифати унсури фаъоли маънавӣ ҳамроҳ шуда, мақоми устувор касб намоянд. Воқеан арзишҳои миллӣ унсури муҳими ҳаёти маънавии миллат буда, дар ташаккулёбии тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши бузург дорад. Вобаста ба масъалаи баррасишаванда қайд зарур аст, ки «арзишҳои миллӣ фарогирандаи ҳувияти миллии миллат, ташаккулдиҳандаи забони миллӣ, анъанаҳо, расму оинҳо, дин, сарнавишти умумии таърихӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи низоми арзишҳои иҷтимоии ҷомеа мебошанд.
Таърифҳои мавҷударо баррасӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки истилоҳи “арзишҳои миллӣ” новобаста аз мавқеи илмии муҳаққиқон фарогирандаи унсурҳои зеррин мебошанд: қавм, ахлоқ, маънавиёт, анъана, шароити таърихӣ ва ворисияти наслҳо. Таърифҳои фавқуззикрро ба асос гирифта, чунин хулосагирӣ кардан мумкин аст. Арзишҳои миллӣ маҷмуи ғояҳою меъёрҳои ахлоқӣ буда, фарогирандаи хислатҳо, анъанаҳо, тарзи зиндагӣ ва талаботҳои дигари муҳимми миллат буда, зери таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, мақоми геополитикӣ ва дар раванди дуру дарози таърихӣ ташаккул меёбанд ва аз насл ба насл мегузаранд.  Он миллатҳои кураи Замин, ки давлати соҳибистиқлол доранд, ба таври табиӣ водоранд, ки арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, дар баробари он аз манфиатҳои миллиашон низ дифоъ мекунанд.
Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки арзишҳои миллӣ бо манфиатҳои миллӣ пайвастагии ногусастанӣ доранд. Вобаста ба ин зарурате ба миён меояд, ки бояд истилоҳи манфиати миллиро низ ба таври мухтасар шарҳ диҳем. Манфиати миллӣ чист? Ва ҷойгоҳи он дар ҳаёти рӯзмарраи ин ё он миллат чӣ гуна аст? Ба ақидаи мо, “манфиати миллӣ” ҳамчун “маҷмуи талаботи дохилию берунии давлат мебошанд, ки дар таъмини бехатарӣ, ҳимоя ва рушди босуботи шахсият, ҷомеа ва давлат нақши хосса доранд”. Умуман, “манфиати миллӣ” ҳамчун як мақулаи фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз назари паҳноӣ ва дарки моҳияти он мафҳуми мураккаб аст, зеро солҳои зиёд сари худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, идеяи миллӣ ва манфиатҳои миллӣ баҳси доманадор идома дорад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки манфиатҳои миллӣ талаботи муҳиму объективии шахсият, ҷомеа ва давлат дар кори таъмини бехатарӣ ва рушди босубот мебошад. Ҳамин тавр, мақулаи “манфиати миллӣ” заминаи муҳиму бунёдӣ ва методологии истилоҳи сиёсати давлатӣ буда, барои самтгирию инкишофи миллат, иқтидори сиёсию иқтисодии давлату ҷомеа мусоидат мекунад. Инчунин қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи “манфиати миллӣ”, бешубҳа, мазмунан аз истилоҳи “манфиати давлатӣ” ва “манфиати ҳаётан муҳим” васеътар мебошад. Аз ин рӯ, “манфиати миллӣ” ҳамчун мақулаи муҳими илмҳои ҷомеашиносӣ баъзан бо мафҳуми давлату давлатдорӣ айният дода мешавад. Назари дигар низ вуҷуд дорад. Файласуфи тоҷик Акбар Турсон қайд менамояд, ки “ҳангоми тааммули мафҳуми “манфиати миллӣ” задайи мантиқиро одатан ба болойи сифати “миллӣ” мегузоранд, ки субъекти амру амалро мушаххас мекунад. Азбаски дар кишварҳойи мутараққии Ғарб мафҳумҳойи “давлат” ва “миллат” ҳаммаъност, дар ҷомеаи илмии ин кишварҳо “манфиати миллӣ” ва “манфиати давлатӣ” расман якест. Аз ин ҷиҳат, “манфиати миллӣ”-ро фақат дар сиёсати хориҷӣ истифода бурда, аз омилҳойи дохилӣ сарфи назар мекунанд. Лекин манфиати миллӣ дар сиёсати хориҷӣ бо назардошти ниёзу талаботи дохилӣ тарҳрезӣ мешавад.” Ба назари мо “манфиати милли”-и дилхоҳ давлат талаботи ҳаётан муҳим, арзишҳои миллӣ, мақсадҳои стратегии миллат, ки дар сиёсати давлат татбиқу амалӣ гардида, ба фоидаи рушду шукуфои миллат ба кор мераванд, ба ҳисоб меравад”.
Бешубҳа, манфиатҳои миллӣ миллатро ба ҳаракату ҷунбиш дароварда, самти ин ҳаракатро дар ҷаҳони пуртаззоду зуд тағйирёбанда муайян менамояд. Ба назари мо талаботу зарурияти мавҷудияти миллат, бехатарию инкишофи давлат, арзишманд будани мероси таърихию фарҳангии миллат, эҳтиром ва нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии миллат - манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Таҳқиқи истилоҳи “манфиати миллӣ” тақозо менамояд, ки дар баробари он “афзалияти миллӣ” низ таҳқиқу баррасӣ карда шаванд. Ба назари мо, ба афзалиятҳои миллӣ унсурҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: ҷараёни самтгирӣ ва татбиқнамоии манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофи давлат.
Амнияту бехатарӣ ҳамчун арзиш ба гурӯҳи арзишҳои иҷтимоии инсон дохил гашта, афзалиятҳои муҳими ҳар як миллатро ташаккул медиҳанд. Қайд кардан зарур аст, ки амният ҳамчун арзиш ва мақоми он дар раддабандии арзишҳои миллӣ мақоми хосса дорад. Маълум аст, ки муносибатҳо ба амният ҳамчун арзиш дар ҷомеаҳои халқу миллатҳои ҷаҳон куллан фарқ менамояд. Дар робита бо ин, бояд мутазаккир шуд, ки мақоми байналмиллалии Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ куллан тағйир ёфта, ташаббусҳои гуногуни он, минҷумла вобаста ба обу иқлим дар доираи СММ пазируфта шудаанд, ки ин аз болоравии нуфузу мақоми байналмиллалии кишвари мо далолат мекунад. Аммо дар баробари ин, чунин бармеояд, ки болоравии нуфузи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои алоҳидаи минтақа хушоянд набуда, барои коста кардани мақом ва нуфузи он бозиҳои пасипардагии сиёсӣ бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки обрӯ ва манзалати Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳони коҳиш диҳанд ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати ифротию террористӣ муаррифӣ намоянд.
Масъалаи дигари бағоят муҳими ҷомеаи имрӯза муносибат ба оила аст, ба назари мо ба масъалаи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллӣ робитаи ногусастани доранд. Муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ чунин мешуморанд, ки зери таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ оилаи анъанавӣ ба буҳрон дучор гашта, миқдори бекор кардани никоҳи оилавӣ афзоиш ёфта истодааст. Ин раванд боис мегардад, ки кӯдакон дар оилаҳои нопура тарбия ёфта, дар раванди иҷтимоишавиашон ба душвориҳои гуногун дучор мегарданд. Тадқиқоти сотсиологӣ исбот менамоянд, ки оила ва бунёди он ба қатори арзишҳои муҳиму инсонсоз дохил мешавад. Аммо, новобаста аз ин, зери таъсири омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ биниш ва муносибати ҷавонон нисбати бунёди оила куллан таъғйир ёфтааст ва онҳо арзиши оила ва муҳимияти бунёди оиларо дар саргаҳи арзишҳои асосии ҳаёти хеш қарор намедиҳанд. Ба маънои дигар, афзалиятҳои ҳаётии ҷавонон тағйир ёфтааст ва онҳо дар ҷойи аввал накӯаҳволии моддӣ, озодӣ ва саломатиро қарор медиҳанд. Зиёд шудани миқдори бекор кардани ақди никоҳ байни ҷавонон муҳаққиқони соҳа ва аҳли ҷомеаро нигарон намудааст. Ҳамчунин мушоҳида мешавад, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон оилаи ғайранъанавӣ, ки бар пояи арзишҳои либералӣ такя мегиранд, никоҳҳои ҳамҷинсгаро тарғибу ташвиқ мешавад, ки ба пояҳои ахлоқию маънавии миллати тоҷик дар таззод буда, ба арзишҳои миллии мо мухолифанд.
Аз ин рӯ, масъалаи муҳиме, ки дар назди миллати тоҷик дар шароити муосир қарор дорад, ин зарурияти ҳимоя ва нигоҳдории арзишҳои миллии тоҷикон дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба шумор меравад. Таърихи бою ғанӣ, афкори арзишманди ахлоқию фалсафӣ, осори барҷастаи бузургони илму фарҳанги миллат сарчашмаи муҳими бедорӣ ва худшиносии миллати тоҷикро ташкил медиҳад. Ҷангҳои иттилоотӣ, ғаразнок шарҳ додани далелҳою ҳодисаҳои муҳими таърих ва фарҳанги миллати тоҷик аз ҷониби қудратҳои сиёсӣ ва миллатҳои дигар ба он равона гаштааст, ки ҷаҳонбинию мафкураи насли наврас ва ҷавонони моро дар бораи миллати тоҷик тағйир диҳанд. Бешубҳа, сохторҳои масъули давлатӣ барои ҳимояи фазои иттилоотии ҷомеа аз ахбору иттилооти дурӯғ, тарғиботи унсурҳои фарҳангию мазҳабии бегона, ки бар зидди фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёти миллати тоҷик равона шудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аммо, ба назари мо онҳо кофӣ нестанд.
Назорат аз болои сомонаҳое, ки бар зидди кишвари мо дурӯғу бӯҳтонҳои зиёд паҳн менамоянд ва хусусияти ифротӣ доранд, вазифаи муҳими сохторҳои дахлдор мебошад. Ба ибтикору пешниҳоди сохторҳои масъули давлатӣ як қатор сомонаҳо дар фазои шабакаи Интернет назорат шуда, баъзе гурӯҳҳояшон бо қарори Суди Олӣ ифротию террористӣ эътироф гардидаанд ва фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст. Маълум аст, ки як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, нисбати кишвари мо муносибати душманона дошта, фарҳангу арзишҳои миллии моро зери шубҳа қарор дода, байни аҳолӣ арзишҳои мазҳабию динии бегонаро тарғибу ташвиқ менамоянд. Зарур мешуморем, ки дар ин марҳилаи ҳасоси инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ вазорати фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон дар самти ҳифзу ҳимояи фарҳангу арзишҳои миллӣ коро ҷоннок намуда, дар тарғиби фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва бедор кардани ифтихороти миллӣ бо истифода аз роҳҳои нави тарғиботию ташвиқоти, махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин кор дар марҳилаи бархӯрди қудратҳо ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ зарур ва саривақтӣ мебошад. Баҳри ҳимояи насли наврас ва ҷавонон аз фарҳангу мафкураи бегона мо вазифадорем, ки назорати гурӯҳҳои шабакавии Интернетро пурзӯр намуда, манобеъ ва сатҳи дахолату таъсиррасонии кишварҳои бегонаро ба фазои фарҳангию сиёсии кишварамон муйаян намоем, то ки пеши роҳи онҳоро ба таври самаранок гирифта, ба онҳо имконият надиҳем, ки ба суботи кишвари мо таъсири ногувор расонанд. Дар ин доира зарур аст, ки баҳри тарғибу ташвиқи мероси моддию маънави ниёгон байни насли наврас, ҷавонон ва ҷомеа қадамҳои устувор гузорем.
Яке аз ниҳодҳои муҳимми робитаи давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ “Шурои ҷамъиятӣ”, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” мебошад, ки дар ҳимояи фазои иҷтимоию сиёсӣ, нигоҳдории фарҳанги миллӣ, таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ, ҳимояи озодии сухан ва арзишҳои демократӣ ва робита бо созмонҳои байналмилалии фарҳангӣ нақши муҳим доранд. “Шурои ҷамъиятӣ”, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ташкилу гузаронидани конфронсҳою чорабиниҳои ватандӯстона саҳми арзанда доранд. Ҳамчунин ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти баҳогузории фазои динӣ, сиёсӣ ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мебошанд. Чи тавре ки дар боло мутазаккир шудем, як қатор кишварҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба корҳои дохилии кишвари мо халал ворид ва ба ин минвол суботи сиёсии кишвари моро халалдор созанд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, мо вазифадорем, ки дар самти ҳимояи кишварамон чи дар фазои шабакаи ҷаҳонии Интернет ва чи дар самтҳои дигари воситаҳои иттилоотӣ фаъолияти муассир дошта бошем.
Боиси қайд аст, ки парлумони кишвар низ дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ хеле фаъол аст. Парлумони кишвар дар таҳияи қонунҳое, ки ба ҳимояи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани худшиносию ифтихороти миллӣ равона шудаанд, пешсаф мебошад. Ба ғайр аз он, ба назари мо, вазорати фарҳанг низ ниҳодест, ки дар ҳифзу ҳимояи мероси моддию маънавии миллати мо нақши калидӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва доман паҳн кардани мафкураи динию мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба фарҳангу арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд ворид месозад. Ин раванд тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ аз ҷумла Парлумон, вазорати фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи кор бо ҷавонон, суд, прокуратура агенти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дгарон дар ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ бояд саҳми бориз дошта бошанд.
Бояд қайд намоем, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» субъектҳои мушаххасе, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд, нишон дода шудаанд. Масалан, Мувофиқи моддаи 5-и Қонуни мазкур мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ дар пешбурди ин фаъолият масъул мебошанд. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 2-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 24-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки дар доираи равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтист.
Ҳифзу тарғиби анъанаҳои миллӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон муҳим арзёби мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир бархӯрди қудратҳои геосиёсӣ, истифодаи ифротгароию терроризм ҳамчун воситаи ноором кардани давлатҳои рӯ ба инкишоф ба авҷи аълояш расидааст. Ин раванд дар муқобили он низ қарор дорад, ки анъанаҳои миллӣ маҳаки асосии фарҳанги миллиро ташкил медиҳанд ва ба гурӯҳи арзишҳои муҳими миллатсозу давлатсоз дохил шуда, ин анъанаҳои миллӣ омили муҳими ифтихороту худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқию эстетикии насли наврасро ташкил медиҳад. Тарбияи шахсияти аз нигоҳи ахлоқию фарҳангӣ ташаккулёфта, иштирокчии фаъоли корҳои ҷамъиятию давлатӣ вазифаи муҳими идоракунии давлатӣ мебошад. Чи тавре мушоҳида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ дар самти мустаҳкамнамоии арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва асосҳои ахлоқию маънавии ҷомеаи Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.
Нақши ВАО-и ватанӣ дар ташаккули фазои солими иҷтимоию сиёсӣ ва тарғиби гузаштаи пурифтихор, фарҳанги миллӣ ва худшиносии миллат чӣ гуна аст? Саволест, ки ҷавоб гардонидан ба он кори саҳл нест. Дар робита бо он, қайд кардан зарур аст, ки дар фазои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсир расонидан ба ҷаҳонбинию шуур ва манобеи ахлоқию маънавии насли наврас ва ҷавонон муборизаи шадид ҷараён дорад, ки ин раванди басо хатарнок ҳушёрию зиракии аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз омилҳои хатарзо, ки мутаасил боиси пастшавии арзишҳои ахлоқӣ мегарданд, пеш аз ҳама, як гӯруҳ ВАО- е мебошанд, ки ба шуур ва фазои равонию ахлоқии ҷомеа таъсири баду ногувор мерасонанд. Баҳри ҳимояи  наврасону ҷавонон аз таъсири ногувори чунин гурӯӯҳои шабакаи Интернет зарур аст, ки тадбирҳои муайяни профилактикӣ андешида шаванд:
  • якум – ташкил намудани браузерҳои алоҳидаи ҷустуҷӯӣ баҳри наврасону ҷавонон дар раванди ба роҳ мондани дарсҳо дар мактаб ва корҳои мустақилона дар муҳити хонаводагӣ;
  • дуюм – насби барномаҳои махсус ва пайвасти маҳдуд доштан бо шабакаи Интернет. Ҳамчунин маҳдуд кардани хариди гаджетҳо барои наврасон;
  • сеюм – таҳлили талаботу хоҳиши гӯруҳи наврасону ҷавонон вобаста ба сину сол ва маҳдуд кардани суръати Интернет, маҳдуд намудани пайвастшавии онҳо ба бозиҳои хосияти зӯроварӣ дошта ва ҳамчунин танзим кардани дастрасии наврасону ҷавонон ба роликҳою видеоҳои фаҳш.
Таъғйирпазириҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ кишвари мо дар марҳилаи навини таърихӣ имкон медиҳанд, тасдиқ намоем, ки нақши давлат дар ташаккул ва тағиби арзишҳои муҳими маънавӣ аз қабили оила, никоҳ, тарбияи кӯдакон хеле назаррас аст. Ҳамчунин мо шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти пешгирию мубориза бо ифротишавии шуури ҷавонон, паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм корҳои бузургро анҷом дода истодааст.
Бо ин ҳама, аз нигоҳи назариявӣ қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи “арзиши миллӣ” на танҳо дар кишварҳои дигар, балки дар қонунгузориҳои ҷумҳурии мо низ ба таври алоҳида шарҳу тавзеҳ дода нашудааст ва ҳар як муҳаққиқ онро ба таври худ тафсир медиҳад. Дар ин ҷо такроран таъкид мекунем, ки ҳангоми таърифи истилоҳи “арзиши миллӣ” он фарогири унсурҳои зерин мебошад: қавм, ҷанбаи ахлоқӣ – маънавӣ, анъана, шароити таърихӣ, ворисияти наслҳо. Бо дар назар гирфтани нукоти фавқуззикр ва дар натиҷаи умумиятдиҳии унсурҳои мавҷуда ба  мафҳуми “арзиши миллии тоҷикӣ” чунин таъриф додан мумкин аст: арзиши миллӣ - намунаҳо ва меъёрҳои асосии ахлоқие мебошанд, ки асолат, шахсият, хислатҳо, урфу одатҳо, анъанаҳо ва тарзи зиндагӣ, ниёзҳои муҳимтарини мардуми тоҷикро, ки зери таъсири омилҳои гуногун ташаккул ёфтаанд, фаро мегирад ва дар натиҷаи раванди тӯлонии таърихӣ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Арзишҳои миллие, ки ҷомеашиносон онро муайян кардаанд, инҳоянд: пойдории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сулҳ ва оромии шаҳрвандон; баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо; хотираи фарҳангии аҷдодони мо, муҳаббату эҳтиром ба Ватан, боварӣ ба некию адолат, давлатдории миллии соҳибихтиёр ва дахлнопазире, ки бар пояҳои демократӣ, беҳбудӣ ва ободии Ватан, масъулият барои Ватан назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, дарку шинохти худ ҳамчун як қисми мутамаддини ҷомеаи ҷаҳонӣ бунйд шудааст.
Масъалаи дигари баҳсамон ин аст, ки истилоҳҳои “арзиши миллӣ”, “манфиати миллӣ” ва “афзалияти миллӣ” аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба ҳамдигар наздиканд, аммо айни як чиз нестанд. Ба назари мо, арзишҳо маҷмуи намодҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои муайяни маънавӣ мебошанд. Манфиати миллӣ ҳамчун маҷмуи талаботи дохилию берунии давлат дар таъмини бехатарӣ, ҳимоя ва рушди босуботи шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад. Афзалияти миллӣ бошад, ҷараёни самтгирию татбиқнамоии манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофи давлат мебошад.
Зери таъсири раванди  ҷаҳонишавӣ тағйирпазирии арзишҳо мушоҳида мешавад, ки дар ҳолатҳои ҷудогона, мутаассифона, хусусияти мазҳабӣ доранд. Инчунин, пӯшида нест, ки ғояи ҳамҷингароӣ низ як қатор кишварҳои тарақикардаи ҷаҳонро фаро гирифта, он таввасути шабакаи ҷаҳонии Интернет дар сар то сари ҷаҳон тарғибу таҳмил шуда истодааст, ки барои ҷомеаҳои анъанавӣ оқибати ногувор дорад. Афзалиятҳои ахлоқӣ монанди эҳтироми калонсолон, омӯзиши илму ҳунар ва дигар арзишҳои фарҳангию фалсафӣ, ки аз ҷониби мутафаккирони тоҷик тарғибу ташвиқ мешуданд, дар шароити авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ бар зидди фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик аз ҷониби қудратҳои ғаразнок инкор шуда истодаанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки қудратҳои ғаразнок кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки арзишҳои ғайриахлоқию зиддифарҳангиро ба сари миллати тоҷик низ таҳмил намоянд. Шароити мавҷуда тақозо менамояд, ки мо зидди арзишҳои бегона, аз қабили гароишҳои мазҳабӣ ва ҳамҷинсгароӣ, ки ба сари миллати мо иҷборан таҳмил мешаванд, муборизаи беамон барем. Ғайр аз онҳо, пошхӯрии оилаҳои ҷавон равандест ногувор ва метавонад, ки пояҳои ниҳоди оиларо хароб созад, дар ҳоле ки оилаи солим асоси ҷомеа ва рушди босуботи давлатро таъмин менамояд. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки тарғиби оилаи ғайрианъанавӣ ва никоҳи якҷинса ба фазои ахлоқию маънавии ҷомеаи Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта, бар зидди арзишҳои милии кишвари мо равона шудаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷрояи Президент, палатаҳои болоию поёнии Парлумони кишвар, Вазорати фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳои дахлдор дар ҳимояи арзишҳои миллӣ саҳми фаъол дошта, онро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ менамоянд.
Хулоса, мо бовар дорем, ки ин тадбирҳои дар боло зикршуда, арзишҳои миллиро ҳифз ва амнияти миллии кишвари моро таъмин хоҳанд кард ва ҳамаи самтҳои номбаршудаи тарбияи ватандӯстии созмонҳои давлатию иҷтимоӣ дар ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ саҳми бориз доранд. Такмил ва инкишоф додани шаклу усулҳои муваффақона санҷидашудаи тарбияи ватандӯстӣ дар доираи ин ташаббусҳо чунин муқаррар намудан мумкин аст: мусоидат ва мустаҳкам намудану инкишофи шуури миллӣ ва ахлоқӣ,  баланд бардоштани сатҳи худшиносии шаҳрвандони кишвар, тарбияи ҳисси ифтихор аз дастовардҳои таърихӣ ва муосири кишвар; эҳтиром ба фарҳанг, анъана ва таърихи миллати тоҷик; такмил додани муносибатҳои  дӯстона ва эҳтироми якдигарии байни миллатҳо ва мазҳабҳо, эҳтиром ба Конститутсия ва суботи сиёсӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ, мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ баҳри амали гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон, вазифа ва уҳдадориҳои инсон назди давлат ва амслои онҳо.
 
Маҳмадизода Н.Д. доктори илмҳои
фалсафа, профессор, директори Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
 номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
Муфассал ...

Ҷойгоҳи шабакаҳои иртиботӣ дар стратегияи империяи Ҳахоманишиҳо

 Императории Ҳахоманишиҳо бо тасарруфи манотиқи бештари ҷаҳон, фарҳанг ва тамаддуни хешро бо истифода аз таҷрибаи фарҳангӣ ва ҳунарии тамаддунҳои бузурги минтақа ғанӣ гардонид. Подшоҳони Ҳахоманишиҳо барои назорат, роҳнамоӣ ва идора кардани минтақаҳои зери ҳукмронии худ ба роҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ ниёз доштанд, то дастрасӣ ба қаламрави императориро осон кунанд. Ин империя бидуни системаҳои алоқаи нақлиётӣ ҳеҷ гоҳ пешрафти худро идома дода наметавонист. Ҳарчанд дар он замон як қисми ҳокимияти назоратӣ ба ихтиёри ҳокимони маҳаллӣ дода мешуд.
Дастгоҳи императори идораи бурократӣ буда, робита бо тамоми мамлалакат тавассути мактуб барқарор буд[[1] 48]. Ҳахоманишиҳо барои нигоҳ доштани байни марказҳои императорӣ ва пойтахтҳои онҳо як шабакаи махсус ҳамчун шаҳрак ва работҳо ташкил карданд. (Гиршман, 1380: 157).
157: Аз маълумоте, ки дар маъхазхои дасти аввал ва манобеъи наздик ба даврони Хахоманишихо дар бораи роҳҳои иртиботи ин давра маълум мешавад, ки хамаи пойтахтҳои давлати Хахоманишиён, аз чумла Пасаргад, Тахтӣ Чамшед, Шуш, Бобул. , ва Ҳегматан тавассути роҳҳои бузург аз чаҳор тараф бо ҳам иртибот доштаанд.(Брайан, 1379: 753) Дар бахши ин масъала кори мустақиле ба назар намоён анҷом наёфтааст. Ягон китоб ё рисолае нест, ки паҳлӯҳои мухталифи низоми ҳамлу нақлиро дар давраи Ҳахоманишиён мустақилона баррасӣ карда, ба ин масъала машғул шавад; Аммо дар пажӯҳишҳое, ки дар риштаи нависандагӣ ба таври густурда навишта шудаанд, баъзе пажӯҳишҳо ба назар мерасанд. Муаллифони ватанию хоричӣ дар китобу мақолаҳои гуногун ба ин масъала рўй оварданд. Дар баъзе маъхазҳо ҳарчанд мухтасар бошад ҳам, материалҳои муҳиме мавҷуданд, ки ба баъзеи онҳо муроҷиат карда шудаанд. Ҳадафи ин пажӯҳиш боз ҳам собит сохтани он аст, ки Ҳахоманишиҳо малакаи давлатдорие доштанд, ки дар асоси  он шакли иртибот, ҷаҳони   имруза танҳо идома диҳандаи он бо техналогияи муосир мебошанд. Шабакаҳои иртиботи Ҳахоманишиҳо умуман дар хидмати башарият ва хусусан дар идораи ҳар як кишвар буда, пажӯҳиш дар бораи шабакаҳои иртиботии ҳукумати Ҳахоманишиён он кадар муҳим аст, ки аз бисёр ҷиҳат роҳ ва шабакаҳои иртиботот ва ҳамлу нақли давраи Ҳахоманишиҳоро  ошкор карда, моро аз таърихи аҷдодони хеш огоҳ месозад.  Ин раванд барои Ҳахоманишиён роҳҳои рушди тиҷорат ва инчунин барои лашкарро интиқол додан ва амнияти империяи худро нигоҳ доштан бисёр муасир буд. Ин империя бе доштани шабакаҳои иртиботи, аз Ёҳун то Халиҷи Форс ва аз дарёи Ҳинд то Миср ва Баҳри Миёназамин ва Македония, наметавонист қаламрави васеъи худро идора кунад.Таъмири роҳ ва амнияту бехатарӣ дар он, ҳифзу нигоҳдории работҳо ва дастаҳо ба ўхдаи сатрапи вилоят вогузор мешуд.[1 52]
Работҳо (Чопорхонаҳои) Ҳахоманишиён  ташкилотҳои идориро аз замонҳои дур таъсис ва ба роҳ монданд, то тамоми корҳои иртибототи Ҳахоманишиниҳо ва ҷаҳон аз ин роҳ анҷом шавад. Воқеан, работҳо маъруфтарин ва ҳассостарин созмони маъмурии Ҳахоманишиён будаанд, ки гурӯҳе аз саворони устувор байни марказҳо ва давлатҳо бо аспҳои тез ва дар масофаҳои дур иртиботи доимӣ барқарор мекарданд ва дар кӯтоҳтарин фурсат хабару гузоришҳоро аз тамоми гушаю канорҳои мамлакат мегирифтанд, Онҳоро  ба марказ ва аз марказ ба гушаю канорҳои дурдасти мамлакат мебурданд. Мутмаин ин аст, ки работҳо биноҳои муҳим дар роҳ будаанд, ки вазифаи асосии онҳо истироҳат кардани муросилотҳои ҳукуматӣ ва иваз кардани аспҳои тару тоза буд ва он ба хадамоти матбаа дахл дошт. Чунон ки гуфта мешуд, ташаббуси таъсиси работ дар таърихи чаҳон аз тарафи Ҳахоманишиҳо таъсис дода шуда буд. Дар императории Ҳахоманишиҳо муносибати байни дуру наздики ин сарзамини васеъ тавассути посгоҳҳое таъмин мешуд, ки дар қад-қади шоҳроҳҳои машҳури Ҳахоманишиҳо дар масофаи муайян аз марказҳои онҳо сохта мешуданд ва дар ҳар кадоми онҳо посбон бо аспи тездаст буд. мунтазири омадани саворае, ки аз гузаргоҳи пешин мактубу хабар мебурд, ё ин як бастаи карз буд, ки бо давидан ба работҳои дигар мебурд ва савораи дигар амалиётро идома медод. Ҳамин тавр, дар саросари ин империяи азим, рӯзона ва шабона, работҳо бо бурдани фармон, дастур ва мактубҳо машѓул  буданд.
 (Фаршод Меҳр, 2017: 388). )
Дар замонҳои қадим пайкар ё фиристодагони тезро пирдзиш меномиданд, ки пайки бодпост ва аспҳои онҳо низ аспҳои тез буданд. Ин низоми нодире, ки Ҳахоманишиҳо офаридаанд, воқеан аввалин системаи фиристодани пайём дар таърих аст (Бросиус, 1388: 57) Дар мавриди пайдоиши ибтидоии созмони хаткашонӣ ё почта бояд гуфт, ки он аслан дар Меанродон ва танҳо барои кори давлатӣ пайдо шудааст. Эҳтимол аст, ки Ошуриён дар қаламрави васеи худ ташкилоти почтаро хеле васеъ карда бошанд ва Ҳахоманиён бо ин роҳ пайрави онҳо буданд. (Фрай, 1385: 168) Муалифи китоби Ҳуқуқ дар таърихи халқи Тоҷик ҳангоме, ки дар масъалаи конселияряи шоҳӣ назари хешро баён медорад, дар идомаи суханаш мегуяд: Хабаррасонҳо, ки хабарро аз марказ ба сатрап ва аз сатрап ба марказ мерасонданд, мавҷуд буд.[[2]94] Матбааи Шоҳӣ таҳти роҳбарии квартали тадқиқоти илмии «Тарих», соли 17, рақами 64/ Бахор.Дар соли 1401, 336 як мансабдори воломақоми либоспӯше буд, ки бевосита аз ҷониби подшоҳ таъин карда мешуд.
      Аз аҳамияти ин мақом кофист, ки Дориюш пас аз расидан ба ҳукмронии Плутарх (Раҷабӣ, 1386: 272) фармондеҳии муросилоти подшоҳӣ буд, мегўяд: «Ҳеҷ инсоне нест, ки ба ҷойе, ки бихоҳад, тезтар аз ин муросилон бирасад. Ин аст он чизе, ки форсҳо ихтироъ кардаанд, дар фосилаи муайян барои шумори рӯзҳои сафар аспу мардон омода кардаанд, як аспу як одам барои ҳар хона дар як рӯз, на барф ва на борон ва на гармӣ ва на шаб аз рафтани ин мардон аз роҳе, ки ин одамон бояд тай кунанд, монеъ шуда наметавонад. Лавҳаҳои Тахт Ҷамшед, ки дар онҳо калимаи «Пирдзиш» ба кор рафтааст. Ӯ масъули табодули мукотибаи шоҳ ва тобеонаш дар давлатҳо мебошад» (Геродот, 1369, 3:67; Бриян, 1381: 581.) Ксенофонт таъсиси матбааро ба Куруши Кабир низ нисбат дода, менависад: Куруш масофаеро, ки аспи тез дар як рӯз тай карда метавонад, омӯхта, бо назардошти масофаҳое, ки барои иваз кардани аспҳо лозим аст, хонаҳо таъсис дод. Ӯ дар ҳар хона мардумро барои нигоҳубини аспҳо гузошт ва масъули қабули саворони аспҳои хаста ва фиристодани саворон ва аспҳои тару тоза дар роҳ гузошт (Ксенофонт, 2012: 87).
Дар давраи Ҳахоманишиён барои боқимондаи работҳо ва ба далели маҳдуд будани нерӯ ва тавоноии аспҳои муросилоти  дар фосилаҳои муайян ба миқдори кофии хонаҳои работ муҷаҳҳаз карда, бо аспҳои чолок дар фосилаҳои муайян омода карда буд. Дар ҳар работ як марди доно буд, ки эҳтиёт мекард, ки баробари бо хабар ё нома омаданаш ба шахси боэътимоде, ки тайёр буд, бурда гусел мекунад ва аспу човандоз дам мегиранд. Ксенофонт таъсиси работҳоро ба Куруш нисбат дода, гуфтааст: «Барои муайян кардани масофаи работҳо бо ҳамдигар тачриба гузаронданд, то бубинанд, ки асп дар як руз чй кадар масофаро тай мекунад, то монда нашавад ва онро чен карданд». Дар бораи таъсиси работҳо ё мехмонхона бояд гуфт, ки дарозии роҳҳо дар замони Ҳахоманишиҳо 451 фарсанг буд, аз ин ру, бо назардошти ин масофа дар ҳар чор фарсанг работ ё мехмонхона бунёд шудааст. Ин масофаро корвонҳо дар зарфи 111 руз ва мусофирон такрибан дар 90 руз тай мекардаанд. Маълум аст, ки муросилҳо ба ин роҳ хеле пештар мерасиданд, зеро шабу руз ҳаракат мекарданд.  Дар сарҳади давлатҳо ва инчунин дар он ҷое, ки давлати Бобулро ба биёбон мебарад, онҳо қалъаҳое сохтанд, ки Саҳло ном дошт. Хамин тавр, шабу руз муросилҳо дар ҳаракат буда, фармону дастурҳои марказро ба давлатҳо мерасонанд. Муросилони шоҳӣ роҳи Шуш ва  Ҳамадонро, ки корвонҳо дар давоми 21 руз тай ме-карданд, дар зарфи якуним руз тай мекарданд. Ҳамин тавр, савораи тезкор рузе 311 километр роҳро тай мекард. Яъне 20684 километр роҳи Шуш-Сардро дар зарфи 8—9 руз тай мекарданд, ки корвонҳо дар ин роҳ 3 моҳ вақт сарф мекарданд. (Раҷбӣ, 1386):
          Дар баробари аспсаворони чусту чолок аскарони бешумор низ хизмат мекарданд. Ин пайкҳоро метавон аз ронҳои бараҳна ва дар офтоб сӯхтаашон шинохт. Дар лавҳаҳои девонӣ ба ин пайкҳо зуд-зуд дучор меоем, ки ин  пайкҳо воқеан маъмурони муросилот аз аскарони пиёдагарди шоҳ буданд.  Як нуктаи муҳим, ки бояд таъкид шавад, ин аст, ки муросилҳо ба таври тасодуфӣ интихоб намешудаанд.
Амният як масъалаи муҳими дигаре дар он вақт буд, ки ба он диққат медоданд. Ба ин тартиб, сарбозон дар канори роҳҳо меҳмонхонаҳоро посбонӣ мекарданд ва дар чойҳое, ки роҳ аз куҳу водиҳои дарё мегузашт, барои ҳифзи омаду рафти  мусофирон калъаҳо месохтанд (Ховар 1379: 61).
      Воқеан, дар системае, ки ба иқтисоди чарогоҳ асос ёфтааст, зарурати ҷойҳои истиқоматӣ ҳамчун нуқтаи хӯрокхӯрӣ дар шоҳроҳҳо зарур буд, то онҳо битавонанд қувваи худро дар он ҷо ҳифз кунанд ва ин чунин маҳсулот дар бозорҳои мавсимӣ савдо карда шавад. Матнҳое, ки дар Тахти Ҷамшед ба даст оварда шудаанд, далели он аст, ки шабакаи роҳҳо тамоми империяи азими Ҳахоманишиҳо  фаро гирифтааст ва аз ин рў низоми посбонӣ,  таъминот ва назорати роҳҳо, ки  сайёҳон дар тамоми давлатҳо аз шарқ ба ғарб ҳаракат мекарданд,  амал мекард.(Курт, 1389: 116-115.)
Гарчанде академик Ф.Т.Тоҳиров дар китобаш таърихи давлат ва ҳуқуқӣ мамлакатҳои хориҷӣ дар фасли якум, ки давлатҳои шарқи қадим ёд шудааст дар масъалаи идораи давлат ба сифати умум мегуяд: се сатҳи идорасози вуҷуд дошт: марказӣ, минтақавӣ,маҳаллӣ.[[3]14] Муалиф бисёр дуруст қайд кардааст, зеро ин гуфтаҳо дар замони Куруши Кабир ба мушоҳида расидаанд. Ҳахоманишиҳо дар баробари муросилот, ҳатто ирсоли паёмро тавассути рӯшноӣ таъсис доданд: ва он ба василаи интиқоли нишонаҳои дар болои кӯҳҳо сохта шуда буд, ки  бо воситаи онҳо тавонистанд  паёмеро тезтар аз як канори империя ба он тарафи империя бифиристанд.(Брайан, 1393: 167)
            Герадот дар ҷойи дигар дар бораи истгоҳҳои подшоҳӣ зикр мекунад, ки ин мардон дар барфу борон, гармӣ ва дар торикии шаб ба он ҷое, ки бояд бираванд, тез мерафтанд ва ҳеҷ чизро дарег намедоштанд (Геродот, 1369, 3:73). дар бораи махфӣ будани хабар нақл мекунад вақте ки Ксеркс тасмим гирифт, ки ба Юнон ҳамла кунад,  Демаратус дар Шуc буд ва вақте ки инро шунид, мехост, ки спартаниҳо аз он огоҳ бошанд. Аммо ин кор хеле хавфнок буд ва чорае  надошт, вале илоҷи онро ёфт, лавҳаи найдорро гирифт ва онро бо мум пушонд ва сипас нақшаи подшоҳро бар рўйи чӯбини лавҳа кашид. Сипас, мумро бар он чи навишта буд, молид, то дар вақти бурдани лавҳа посбонон чизеро  пай набарад(Геродот, 1369: 155).
Манораҳои иртоботии Ҳахоманишиҳо Дар нишебиҳои кўҳҳо ва теппаҳо  ва поёни водиҳо ва дар дохили шаҳру шаҳракҳо сохта шуда, ҳар кадоме бо назардошти мавқеи хос сохта мешуданд. Ва дар паҳлӯи ҳар як манора парда ва дар болои он бинои посбонони оташнишонӣ буд. Ҳар як камераи болои манора дар ду тараф сурохиҳо ё люкхо дошт ва ҳангоми аз он ё аз пардаи беруни бино тамошо кардан манораҳои тарафи дигарро тамошо мекарданд, то ҳамин ки оташи яке аз манораҳо фурузон шуд. дар оташи бурҷи худашон ҳамон оташро меафрӯзанд, ҳангоме, ки посбонони манораи дигар пай мебурданд, дарҳол манораи худро равшан мекарданд. Ва ба ин тартиб дар як муддати кутоҳ хабару фармони зарурӣ аз як канори кишвар ба он тарафи дигар мерасид .(Фаршод Меҳр, 1387: 388)
        Қабилаҳои эрониёни Осиёи Миёна ва скифҳо низ дар тарғиби усулҳои нави асппарварӣ, аслиҳа ва тактикаи ҳарбӣ ва баъзе вижагиҳои санъати тасвирӣ дар даврони Ҳахоманишиҳо нақши муҳим бозидаанд, ки он барои муоширати тез истифода мешуданд. Ин раванд гувохӣ медихад, ки онҳо махсус интихоб ва ба воя мерасиданд (Курт, 2018: 534.)
          Саворӣ дар миёни форсизабонон фазилат дониста шуда, савор бо ханҷари кӯтоҳ, камон, тир ва найза муҷаҳҳаз буд. Ба гайр аз ин форсҳо барои рондани аспҳои душман шутур ва филро истифода мебурданд.
         Бартарии ҳукуматҳои марказии Ҳахоманишиҳо бар ин роҳҳо ва шабакаҳо ҷараёни маъмурии корро осон карда, боиси шукуфоии фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гардид. Империяи бузурги Ҳахоманишиҳо бидуни системаҳои алоқа ва нақлиёт ҳеҷ гоҳ пешрафти худро идома дода наметавонистанд. Назорати сиёсии минтақаҳое, ки дар атрофи маркази империя буданд, ҳаракати қувваҳои низомии шоҳона ва гардиши савдо ҳамаи онҳо  роҳҳои муассир ва муфидро талаб мекарданд. Онҳо дар саросари қаламрави ҳукумати худ роҳҳои баҳрӣ ва хушкӣ месохтанд, то равобит байни давлатҳои зери хокимияти империя зери назорат гирифта шавад. Ин роҳҳоро, ки пеш аз хама барои осон кардани корҳои маъмурӣ истифода бурда, аз назар мегузарониданд, нигоҳубин карда мешуданд ва инчунин аз онҳо корвонҳои тичоратӣ мегузашт. Инчунин дар қад-қади роҳҳо барои ҷойгир кардани сарбозон калъаҳои калону мустаҳкам сохта мешуд. Аз ин рӯ, шабакаи иртиботот ва нақлиёт боиси густариши равобити тиҷорӣ ва фарҳангии Ҳахоманишиён гардид, низоми казармаҳо дар давраи Ҳахоманишиҳо дорои хусусиятҳои пешрафта ва муҷаҳҳаз  буданд ва воситаҳои нақлиёт дар давраи Ҳахоманишиён асосан аспу аробаҳо буданд.
 
 
 
Наботов Маҳмадӣ - ходими калони илмӣ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
 
                                                       Адабиёт
 
  1. Буризода Э.Б. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. – Душанбе,  
  2. Холиқзода А. Ѓ., Шосаидзода Ш. Ш., Аминҷонов А. Х., Соҳибзода М. С.  Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик. – Душанбе : ЭР-граф, 2022. - 508с.
  3. Тоҳиров Ф.Т. Таърихи давлат ва ҳуқуқӣ мамлакатҳои хориҷӣ. – Душанбе, 2007. – 563 с.     
 
 
                                [1]
Муфассал ...

Ҷойгоҳи Ибни Ҳайсам дар рушди илм ( Ибни Ҳайсам поягузорӣ илми оптика)

         Имрӯз дар ҷомеа баъзеҳо мусалмононро эрод мегиранд, ки донишмандони мусалмонон ҳеҷ кореро барои ҷомеи инсонӣ анҷом надодаанд, ҳамаи он чизе, ки дар ҷаҳони имрӯз истифода мешавад, дастоварди ғайри мусалмонон аст.
Ҳангоми мутолиаи осори таърихӣ мушоҳида мекунем, ки ин эродҳо дар тарозуи адолати иҷтимоӣ мунсифона нестанд ва далолат бар он мекунанд, ки эшон сарчашмаҳои дақиқеро мавриди омӯзиш қарор надода, ҳатто то охир ҳамон масъалаи дар пешистодаашонро низ пурра наомӯхтаанд. Дар инҷо чигунагии корномаҳои олимони сатҳи ҷаҳони мусулмониро зикр мекунем. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia