casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Саъдулло Раҳимов - муҳаққиқ ва муаррифгари фарҳанги эстетикии ориёни бостон ва ҳунарҳои зебои муосири миллӣ

      Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич - доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшинос, киношинос, узви иттифоқи киношиносони ИҶШС, узви иттифоқи байналмилалии киношиносон маҳсуб ёфта, дар таҳқиқи масоили фалсафӣ ва фарҳанги бадеии миллати тоҷик саҳми назаррас бозидааст.
Мавсуф, соли 1974 факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ва соли 1978 шуъбаи аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ-ро хатм намудааст. Солҳои 1968-1969 дар вазифаи ёрдамчии режисёри филмҳои бадеии киностудияи “Тоҷикфилм”; солҳои 1974-1987 лаборанти калон, ходими хурди илмиӣ, котиби илмии шуъбаи фалсафаи АИҶТ кор кардааст. Тӯли солҳои 1987-1993 ва 1995-1997 дар вазифаи директори киностудияи “Тоҷикфилм” ифои вазифа дошта, аз соли 1997 то соли 1998 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1998 то дами вопасини ҳаёт (моҳи майи соли 2024) дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ фаъолияти пурмаҳсул дошт.
      С.Раҳимов соли 1978 дар Институти фалсафаи АИ ИҶШС рисолаи номзадиро дар мавзуи “Тамоилгириҳои хосси санъати тоҷик дар давраи рушди сотсиализм” ва соли 2007 дар мавзуи “Идеяҳои фалсафӣ-эстетикии зардуштия” рисолаи доктории худро ҳимоя намуд. Муаллиф ва ҳаммуаллифи як қатор филмҳои мустанад, аз ҷумла “Як замин”, “Ҷустуҷӯи роҳ”, “Занони соҳибкор”, “Маҳваш”, “Саёҳат ба ватан”, “Сиёвӯш”, “Устод Осимӣ” ва ғайра буд. Ҳамчун коршинос пайваста дар шабакаҳои радиову телевизионҳои дохиливу хориҷӣ баромад мекард. Бар замми ин муаллифи якчанд китобу ҷузвияҳо, аз ҷумла: «Нури парда» (Душанбе, 2004), «Аз таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик» (Душанбе, 2005), «Эстетикаи зардуштия» (Душанбе, 2006), «Масоили мубрами фарҳанги тоҷик”(Душанбе, 2020), “Очеркҳои таърих ва назарияи синамои тоҷик: марҳилаҳои ҳувиятшавӣ” (Душанбе, 2020), “Кинои хуб – симои давлат” (Душанбе, 2921), «Фазои фарҳанги муосри тоҷик» (Душанбе, 2023) ва ғайра мебошад. Инчунин, зимни таҳияи “Энсиклопедияи синамои Тоҷикистон» (Душанбе, 2012) саҳми бевосита гузоштааст.
     Мақолаҳои зиёди муаллиф дар маҷаллаҳои илмӣ, нашрияҳои энсиклопедӣ ва дигар нашрияҳои бунёдиву даврии Тоҷикистон, кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Фаронса, Британияи Кабир, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд, ки аз донишманди дақиқназар ва возеҳбин будани С.Раҳимов далолат мекунад. Хизматҳои шоистааш ба эътибор гирифта шуда, бо Ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (“Аз СММ дар Тоҷикистон ҳамчун нишонаи пуштибонӣ аз ғояҳои баланди инсонпарварӣ”), нишони сарисинагии “Аълочии кинематографияи Точикистон», ифтихорномаи фахрии АМИТ, Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) сарфароз гардидааст.
С.Раҳимов пеш аз ҳама донишманди варзида, олими пурмаҳсул, тарғибгари фарҳанги бадеӣ, роҳбари соҳибсалиқаи кордон ва серталаб буд.  Дар таҳқиқотҳои муаллиф “Идеяи фалсафӣ-эстетикии зардуштия” ва «Аз таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик» баррасӣ ва таҳлили афкори фалсафӣ, эстетикӣ, ташаккули тафаккури ҳунарофарии тоҷикон ифода ёфтааст. Бавижа, таҳқиқоти муаллиф оид ба “Идеяи фалсафӣ-эстетикии зардуштия” аз зумраи дастовардҳои нодири илмии муҳаққиқ мебошад, ки мавзуҳои баррасишавандаи онро масоили фалсафии зардуштия ҳамчун асоси принсипҳои эстетикии он, эстетикаи зардуштия, зардуштия ва ҳунарҳои зебо, таъсири идеяҳои зардуштия дар рушди санъати муосири тоҷик ташкил медиҳанд. Беасос нест, ки аз ҷанбаи фарҳангӣ-амалӣ анъанаи бадеӣ-эстетикии зардуштия дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар заминаи таҷриба ва тафаккури бадеии муосир ба сифати предмети махсуси омӯзиш қарор гирифт.
       Махсусан, дар боби андешаҳои фалсафии зардуштия ҳамчун асоси принсипҳои эстетикии он муаллиф мавзуҳои асотир ва баъзе ҷанбаҳои оламдарккунию ҷаҳонбинии мардуми Эрони қадим, анъанаи натуралистӣ дар таълимоти зардуштия, принсипи покизагӣ дар зардуштия, рамзҳои зардуштия ва ғайраро таҳқиқ мекунад. Дар боби эстетикаи зардуштияи тадқиқоти мазкур муҳаққиқ нахуст таҳқиқотҳои олимони ватанию хориҷӣ, ки ба баррасии масоили фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии зардуштия бахшида шудаанд, ба таври зарурӣ омӯхта, муқоиса карда, мутмаин мегардад, ки тӯли ду садсола идеяҳои фалсафӣ ва махсусан эстетикии зардуштия ба таври пурра ва низомнок таҳқиқ нагаштааст, аҳамияти назариявию амалии он барои ҳал ва рафъи мушкилоти фарҳанги бадеии ҷомеаи муосир дақиқ нишон дода нашудаанд. Муаллиф, дар ин маврид фикри файласуфи олмонӣ Гегелро, ки аз аввалинҳо шуда ба эстетикаи зардуштия ҳамчун низом дар қаринаи таълимоти мифологӣ, динӣ-фалсафии он мароқ зоҳир мекунад, шубҳанок пиндошта, саҳеҳ намешуморад. Чанд далелро барои муайян кардани мавқеи худ пешниҳод менамояд: аввалан, Гегел забони авестоиро намедонист ва таҷрибаи тарҷумаи матнҳои авестоиро надошт. Дуюм, ба таври зарурӣ бо фарҳанги бадеӣ мардуми тоҷику форс шинос набуд. Сеюм, ӯ яке аз идеологҳои фаъоли равияи аврупомарказӣ маҳсуб меёфт. Бинобар ин, муаллиф баҳои Гегелро нисбат ба таълимоти зардуштия, аз ҷумла эстетикаи он воқеӣ намешуморад. Инчунин, муаллиф зимни омӯзиш ва муқоисаи таҳқиқоти олимони дигари ватанию хориҷӣ доир ба масъалаи эстетикаи зардуштия мавқеи худро муайян карда, қайд менамояд, ки таҳқиқоти олими тоҷик Х.Юсупов (“Санъати классикӣ ва рушди афкори эстетикии мардуми тоҷику форс”) ва муҳаққиқи ӯзбек А.Қурбонмамадов (“Тасаввуроти эстетикии мардумони эронинажод дар Авесто”) таҳқиқотҳои комил набуда, дар онҳо пора-пора афкори эстетикии зардуштия таҳлилу таҳқиқ ёфтаанд.
      Аз ин рӯ, бозёфти илмии муаллиф дар таҳқиқи ин мавзуъ аз як тараф, аз он иборат аст, ки ӯ ғояҳои фалсафӣ-эстетикии зардуштияро дар асоси китоби “Авесто”, таҳқиқотҳои зиёде, ки худи муҳаққиқ дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор карда, дар раванди онҳо дар баробари дастрас намудани дастхату китобҳои нодир маълумоти арзишмандро оид ба маҳфуз будани расму анъанаҳои театрӣ ва санъати хореографию рақсии зардуштия пайдо намуда, баъди коркард ба низом медарорад. Аз тарафи дигар, зимни таҳқиқи мавзуъ ба ковишҳои археологии мутахассисон, ки муваффақ шуданд то дар минтақаҳои аҳолинишини мардуми эронинажод дастовардҳои фарҳанги моддию маънавии зардуштияро пайдо кунанд, такя менамояд. Ин равиши таҳқиқ асари мазкурро арзишманд гардонида, ба дидгоҳи муаллиф дар мавриди таҳлил ва таҳқиқ кардани ғояҳои фалсафӣ-эстетикии зардуштия аслияти илмӣ бахшидааст.
Мавзуҳои баррасишавандаи боби сеюми таҳқиқот «Зардуштия ва санъат»-ро таҳлили баъзе принсипҳо ва хосиятҳои тафаккури бадеии зардуштия, санъати Эрони Қадим ва зардуштия, санъати театриалӣ ва муайян кардаи ҷойгоҳи мусиқӣ дар ҷомеаи Эрони Қадим, ки дар марҳилаҳои баъдинаи таърихӣ барои ташаккул ва густариши ҳунари театрӣ ва санъати мусиқӣ нақши муассир гузоштанд, ташкил медиҳанд.
      Боби чаҳорум, ки ба масъалаи идеяҳои зардуштия дар рушди санъати муосири тоҷик унвон дорад аз масъалаи калидии таҳқиқоти мазкур ба ҳисоб меравад. Дар ин боб баррасии чунин мавзуҳо муҳим шуморида шудаанд: анъанаи гузашта ва ҷомеаи муосир, мавзуҳои зардуштия дар рушди санъати тасвирӣ, зардуштия ва театри муосири тоҷик, мавзуҳои зардуштия дар кинематография тоҷик ва ғайра.
Дар маҷмуъ, аз мазмуни асар маълум мегардад, ки муаллиф муваффақ гаштааст, ки дар раванди таҳқиқи масъала ягонагии тафаккури эстетикии зардуштияро бо ғояҳои умумиҷаҳонбинӣ, мифологӣ, динӣ ва фалсафии зардуштия муайян намояд, аз диди нав ба ғояҳои монотеистӣ, анъанаи натуралистӣ, принсипи покизагӣ, тавсифи рамзҳо дар зардуштия баҳои воқеӣ диҳад. Махсусияти категорияҳои эстетикии зебоӣ ва зиштиро дар зардуштия муайян карда, ҷойгоҳи инсонро дар эстетикаи зардуштия равшан гардонад ва нақши фарҳанги эстетикии зардуштияро дар рушди ҳунарҳои муосири миллӣ нишон диҳад.
Китоби дигари мавсуф зери унвони “Кинои хуб - симои давлат”, ки аз се бахш: шахсиятҳо, киноҳо ва мусоҳибаҳои муаллиф иборат мебошад аз он ҷиҳат арзиши баланди илмию амалӣ дорад, ки аввалан дар он доир ба самти фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ, киношиносони варзида, ки дар тӯли 100 соли мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди санъати кинои тоҷик, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани он саҳми бориз гузоштанд ба насли имрӯзи фарҳангофар ва фарҳангпосдори миллат маълумоти дақиқ медиҳад. Зеро муаллиф тӯли солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи кинои тоҷик фаъолият варзида, бо бештари киношиносон ҳамаср, ҳамнишин, ҳамназар буда, баробар бузург шуда, таълими касб кардаанд ва аз маҳсули эҷоди ҳамдигар шинос мебошанд. Аз ин рӯ, маълумоте, ки муаллиф дар китоби мазкур оид ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодӣ, номгӯи киноҳои офаридаи 24 нафар киношиносон, киноофарони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷик,  муаррификунандаи арзишҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, фарҳангии миллӣ, аз ҷумла: Комил Ярматов, Қутбиддин Олимов, Борис Кимёгаров, Абдусалом Раҳимов, Тоҳир Собиров, Зоҳир Дӯстматов, Валерий Аҳадов, Давлат Худоназаров, Анвар Тураев, Бахтиёр Худоназаров, Ғаффор Валаматзода, Туҳфа Фозилова, Зиёдулло Шаҳидӣ, Носир Саидова ва дигарон медиҳад беасос набуда, инъикоскунандаи воқеият мебошанд. Бинобар ин, мутолиаи китоб ҳар як хонандаро оид ба рӯзгор ва соҳаи эҷодӣ ҳар як шахсияти нотакрор шинос карда, онҳоро барои возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, вусъат додани хотираи таърихӣ, донистан ва арҷ гузоштан ба маҳсули эҷоди онҳо, ки муаррификунандаи унсурҳои фарҳанги бадеии муосири миллӣ мебошанд, ҳидоят менамояд.
       Бахши дуюми китоби мазкур, ки дар он муаллиф оид ба арзиш ва эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани 20 номгӯ киноҳои истеҳсолкунандагони киностудияи тоҷик, аз ҷумла “Муҳоҷир”, “Фарзанди Тоҷикистон”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Зумрад”, “Ҳасани аробакаш”, “Марги судхӯр”, “Ҷура Саркор” ва ғайра медиҳад, тақвиятдиҳанда ва давоми мантиқии бахши аввали китоб мебошад. Маълумоти тозаи дар ин бахш зикрдоштаи муаллиф низ барои ташаккули маърифати дӯстдорони кино ва киношиносии насли муосири миллат, воқиф гаштани мардум аз ҳодисаву рӯйдодҳои таърихи миллат мусоидат менамояд. Бахусус, услуби ҷамъоварӣ, коркард ва банизомдарории маълумоти мушаххас, ки аз ҷониби муаллиф сурат гирифтааст ҷолиб буда, хонандаро дарҳол аз офарандаи кино, мавзуъ, қаҳрамонҳое, ки дар он нақш бозидаанд, рассом, макони сабт ва ғайра огоҳ мегардонад. Ин нуктаҳои муҳим инҳоянд: кино аз ҷониби кадом студия истеҳсол карда шудааст; сенарияи киноро кадом киношинос таҳия намудааст; коргардон ва тарҷумонҳои овоз киҳо мебошанд; дар нақшҳои асосӣ кадом ҳунармандон нақш бозиданд ва ғайра. Воқеан, ин гуна гузориши масъала ва ҷо ба ҷо гузории мавод тақозо аз он мекунад, ки хонандаи китоб аз он ғизои маънавӣ бардошта, маҳорати ҳунардӯстдории худро тақвият бахшад.
       Дар бахши сеюми асар мубоҳисоти муаллиф бо рӯзноманигорон ва суҳбатҳои оростаи ӯ бо мутахассисони варзидаи фарҳанги бадеии  ватанию хориҷӣ оид ба рушди фарҳанги бадеӣ, аз ҷумла киношиносӣ ва мушкилоти ҷойдоштаи он дар Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Суҳбати баргузорнамудаи муаллиф бо Рустам Иброҳимов - раиси конфедератсияи иттифоқи кинемтографистони кишварҳои ИДМ ва Балтия, ки соли 2004 ба муносибати баргузор намудани фестивали байналмилалии кино бо номи “Дидор” ба Душанбе ташриф оварда буд, аз зумраи мусоҳибаҳои ташкилнамудаи муаллиф аст.
С.Раҳимов аз ин мусоҳиба назари як масъули байналмилалии соҳаро оид ба вазъи кинои тоҷик ва дурнамои рушди он ба таври зайл хулосабарорӣ мекунад: ба самъи Шумо мерасонам, ки ман аз вазъи истеҳсоли киноҳо дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон огоҳӣ дорам ва баргузор намудани фестивали байналмилалии кино бо номи “Дидор” аз рушди ин соҳа дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки бурди миллати тоҷик дар рушди санъати кино он аст, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба рушди он аҳамияти хосса медиҳад ва соҳаи киноро бевосита ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии худ меҳисобад. Бинобар ин, сол ба сол сатҳу сифати киноҳои офаридаи киношиносони тоҷик баланд гашта, ҷойи киноҳои хориҷиро, ки ба рӯҳияи мардум, хусусан ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, онҳоро ба бегонапарастӣ, содир кардани амалҳои номатлуб талқин медоранд, мегиранд.
       Дар суҳбатҳои оростаи устод бо рӯзноманигрон, ки бештар ба вазъи истеҳсоли кинои тоҷик ва дурнамои рушди он дар Тоҷикистон иртибот доранд, нигоҳи муаллиф ва тавсияву пешниҳодҳои ӯ баён ёфтаанд. Ба андешаи муҳаққиқи дақиқназар барои боз ҳам сатҳу сифати баланд касб кардани соҳаи кино ва истеҳсоли он дар Тоҷикистон бояд: мунтазам масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони киношиносии забондону соҳибсалиқа зери назорат қарор гирад; студияҳо ва коргоҳҳо  бо таҷҳизоти техникӣ ва технологияи ҳозиразамон таъмин карда шавад; ҳамкории густурда бо киношиносони кишварҳои пешрафта вусъат дода шуда, кадрҳои ҷавони соҳавӣ мсунтазам барои гузаштан аз курси такмили ихтисос сафарбар карда шаванд; таҳия ва сабти киноҳои муштарак дар байни кишварҳои ИДМ ва дигар ҷумҳуриҳо таҳким ёбад; барои андӯхтани таҷриба кормандони кинои тоҷик барои иштирок ва пешниҳоди киноҳо ба фестивал ва ҳамоишҳои байналмилалӣ ҷалб гардонида шаванд; ба донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи ихтисосҳои марбутаи соҳавӣ таҳсил мекунанд бо даъвати мутахассиони ватанию хориҷӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шавад ва ғайра.
        Умуман, хизматҳои С.Раҳимов дар рушди илми фалсафа ва фарҳанги бадеии тоҷик, хусусан соҳаи киношиносии тоҷик беназир мебошад ва оид ба ҳар як самти фаъолияти кории ӯ метавон асарҳои зиёде эҷод кард. Махсусан, хизматҳои муаллиф дар мавриди дар ҳар ду сол дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор кардани фестивали байналмилалии кино бо номи “Дидор” на танҳо ба рушди соҳа, истеҳсоли киноҳои хусусияти тарбивӣ ва миллидошта, балки барои густариш додани ҳамкориҳои тарафайн бо киношиносони кишварҳои хориҷ ва муаррифӣ кардани кинои тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
 
 
Н.Маҳмадизода – доктори илмҳои фалсафа, профессор, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор
 
Муфассал ...

Конференсияи байналмиллалӣ дар мавзуи "Нақши Институти оила дар рушди сармояи инсонӣ"

          17 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ” бо иштироки олимону кормандон ва магистрантону докторантони PhD баргузор гардид.
           Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад.
Дар идомаи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобаста АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ба иштирокдорони конфронсро барор хоста, зикр доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс, барои қонеъгардонии талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегарданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама дар оила ташаккул меёбанд.
         Таъкид шуд, ки оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоиест, ки мавҷудияти насли инсонӣ таълиму, тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд.
Муфассал ...

Бобоҷон Ғафуров таҳқиқгарӣ бузурги анъанаҳои давлатдории тоҷикон, ва фарҳангу тамаддуни башарӣ аст.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia