casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

МАЪЛУМОТНОМАИ “ҶИЛДИ III -И «ОСОР»-И АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО”

Дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Тибқи нақша “Осор”-и дастрасшудаи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳаҷми 16 ҷилд бо забони тоҷикӣ ва 16 ҷилд бо забони русӣ бояд ба нашр расад. Аз ин “Осор” то имрӯз аз 1 то 8 ҷилдҳои “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино, ки бештар осори фалсафии ӯро дар бар мегиранд, аз арабӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Инчунин ҷилдҳои 12-16, ки дарбаргирандаи китоби “Қонуни тиб” мебошанд, аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Ҷилди III «Осор»-и Абӯалӣ ибни Сино бо талошу кӯшишҳои донишмандон ва тарҷумонҳои забардасти ҷумҳурӣ аз қабилӣ М. Диноршоев, С. Сулаймонов, Бобоев Ф., Комилов А., соли 2007 ба нашр расидааст.

Доктори илмҳои филологӣ ва тарҷумони забардасти “Осор”-и Ибни Сино, Сулаймовон С., дар ин ҷилд таҳти унвони “Китоб ан-Наҷот-и Ибни Сино”  муқаддима навиштаанд. Дар муқаддима эшон роҷеъ ба таҳқиқоти донишмандон дар бораи Ибни Сино ва “Китоб ан-Наҷот-и”-и ӯ маълумот додаааст. Китоб ан-Наҷот бахшҳои мантиқ, табииёт, равоншиносӣ, илоҳиёт ва риёзиёт (ҳандаса, ҳисоб, ҳайат, мусиқӣ)-ро дар бар мегирад

Бояд ёдовар шуд, ки бахшҳои “мантиқ”, “табииёт” ва “илоҳиёт”-ро Сироҷов Ф ва Шаҳобиддинов С бо машварат ва маслиҳати Ҳасан Иброҳим Наққош тарҷума кардаанд. Дар тарҷумаи бахши “мантиқ” Назаров Н иштирок намудааст. Бахшҳои риёзиёт (ҳандаса ва ҳисоб)-ро Ҳусайн Аҳмади Тарбият, “Ҳайат”-ро аз забони русӣ А. Комилов тарҷума кардаанд. Тарҷумаи “мусиқӣ” ва тавзеҳоти бахшҳои мантиқ, табииёт, илоҳиёт ва мусиқиро С. Сулаймонов ба анҷом расчонидааст.

Ҷилди мазкур барои мутахассисифони таърих ва назарияи фалсафа, фалсафаи дин, фарҳангшиносон, равоншиносон, донандагони илми мантиқ, илоҳиётшиносон, ситорашиносон, математикҳо, мусиқишиносон ва доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад.

 

Рамазониён А. Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ

 

Муфассал ...

Арзишҳои ахлоқӣ дар даврони Истиқлолият

Арзишҳои ахлоқии  инсон дар даврони Истиқлолияти миллӣ аз мубрамтарин масоили замони муосир ба шумор меравад, зеро он дарахти навниҳолест, ки ба муҳофизат аз ҳар гуна унсурҳои нохейру музир ва фасодпазиру шикананда эҳтиёҷманд аст. Муҳофизи Истиқлолият миллӣ кист? – Албатта, мардуми хирадманду оқил ва ватандӯсту ҷавҳардор таҳти раҳбарии давлату Сарвари он аз муҳофизони аслии ин дарахти ба заҳматҳо ба даст омада мебошанд. Муфассал ...

Независимость  - главная ценность нации

Таджикский народ и таджикское государство находится в преддверии празднования 33 годовщины своей независимости, что обновляет и активизирует наше чувство национальной гордости, самодостаточности, самоуважения  и , важнее всего, вдохновляет нас на дальнейшее созидание успешного будущего самоотверженным трудом.  В этом смысле независимость является важнейшей ценностью, то есть она обладает социально-культурной значимостью, вдохновляет народ на новые достижения, дает возможность гордо нести идеалы своей нации на международном пространстве. Поэтому важнейшей задачей научной интеллигенции, представителей системы образования и политической элиты является поддержание, сохранение и укрепление этой ценностной значимости понятия «государственной независимости». Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia