АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими сохтори ҳокимияти давлатӣ ва кафили асосии амалишавии Конститутсия, ҳимояи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар ба шумор меравад. Ин мақом на танҳо рамзи қудрати сиёсӣ, балки рамзи ягонагӣ ва худшиносии миллати тоҷик мебошад.
