Skip to main content
Навид

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Имрӯз, 15 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Академия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Навид

ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ТАШАББУСИ НАВБАТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 30.06.2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027–2036) семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд иштирок намуда, оид ба аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва байналмилалии қатъномаи мазкур суханронӣ кард.

Навид

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

30 июни соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласа шинос намуда, ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Навид

АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PhD) ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, ки таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба масъалаи омодасозии муҳаққиқони ҷавон ва мутахассисони сатҳи баланд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ин замина, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.

Навид

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ДАВРАИ ЭҲЁ ТО ДАВРАИ ШУКУФОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имрӯз, 23 июни соли 2026 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.
Навид

ТАШАККУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ТАҲАВВУЛИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ

Имрӯз дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки ба баррасии мероси илмӣ, фалсафӣ ва нақши арзишманди донишманди маъруф Иброн Шарипов дар рушди андешаи миллӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ бахшида шуда буд.

Навид

КИТОБИ ТОЗАНАШР

Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Шарқи Озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар ҳаҷми 247 саҳифа монографияи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, корманди ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Абдумуминзода Ситора аз нашр баромад.

Моногрфияи мазкур бо қарори Шурои олимони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмзои Тоҷикистон аз 13. 05.2026 с., таҳти №1514 ба чоп тавсия шудааст.

Subscribe to Навид
23121