Skip to main content
Табрикот

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Олимону донишмандон, зиёиён ва аҳли маърифати кишвар!

Ҳамкорону кормандони арҷманди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ!

Табрикот

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Сокинони ватандӯсти пойтахт!

Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳ ҳамаи шумоёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик ва муборакбод мегӯям.

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки мардуми шарафманди мо ҳамасола онро 9 сентябр бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил менамояд, санаи муқаддасу сарнавиштсоз ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.

Табрикот

Сентябр 8, 2026 Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мо – мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии истиқлоли давлатии худро дар фазои сулҳу оромии сартосарӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати пойдори миллӣ ва рушди у

Сентябр 8, 2026

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо – мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии истиқлоли давлатии худро дар фазои сулҳу оромии сартосарӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати пойдори миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон таҷлил мекунем.

Табрикот

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Устодону омӯзгорони гиромӣ!

Муҳаққиқону кормандони арҷманди соҳаи илму маориф!

Донишҷӯёну хонандагони азиз!

Ҳамватанони муҳтарам!

Табрикот

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, УСТОДИ АЗИЗ МИРЗОШОҲРУХ АСРОРӢ!

Кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрориро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва илмӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Табрикот

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт,

Бо эҳтирому самимият фарорасии Иди Қурбонро, ки аз ҷумлаи арзишмандтарин суннатҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи шумоён табрик менамоям.

Иди Қурбон таҷассумгари фазилатҳои инсонӣ, аз қабили меҳру шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховатмандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ мебошад.

Моҳияти асилу инсонпарваронаи ин иди саид мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳидоят менамояд.

Табрикот

Паёми табрикотии Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони сарбаланд, худогоҳ ва саодатманди Тоҷикистони азиз!

Фарзандони бонангу номус ва ояндасозони миллат!

Бо эҳсоси баланди ифтихор, эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, неруи қавии иродавӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои пайваста ва дастовардҳои шоистаро дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон орзу менамоям.

Subscribe to Табрикот
23121