Иштироки кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд 07.09.2026
7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.
