СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ
Имрӯз, 28 август дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Истиқлол дар рушди фарҳанги миллӣ» семинари илмӣ баргузор гардид.
Семинарро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки Истиқлол дар таърихи навини давлатдории тоҷикон на танҳо дастоварди муҳими сиёсӣ, балки марҳилаи нави эҳёи худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими ҳувияти миллии ҷомеа мебошад.
