Skip to main content
Табрикот

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт,

Бо эҳтирому самимият фарорасии Иди Қурбонро, ки аз ҷумлаи арзишмандтарин суннатҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи шумоён табрик менамоям.

Иди Қурбон таҷассумгари фазилатҳои инсонӣ, аз қабили меҳру шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховатмандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ мебошад.

Моҳияти асилу инсонпарваронаи ин иди саид мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳидоят менамояд.

Табрикот

Паёми табрикотии Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони сарбаланд, худогоҳ ва саодатманди Тоҷикистони азиз!

Фарзандони бонангу номус ва ояндасозони миллат!

Бо эҳсоси баланди ифтихор, эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, неруи қавии иродавӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои пайваста ва дастовардҳои шоистаро дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон орзу менамоям.

Табрикот

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 22.05.2026

Ҷавонони саодатманди кишвар!

Фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям.

Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем.

Табрикот

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамватанони гиромӣ, муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Рӯзи Ғалаба яке аз саҳифаҳои пурифтихор ва ҳамзамон пурдарди таърихи инсоният ба шумор меравад. Ин санаи муқаддас рамзи матонат, фидокорӣ, ватандӯстӣ ва иродаи шикастнопазири халқҳоест, ки баҳри ҳифзи озодӣ, адолат ва шарафи инсонӣ ҷоннисорӣ намуданд.

Табрикот

БОНУЕ ДАР ТАЛОШИ ИЛМУ ҲИКМАТ

Ин бонуи меҳнатқарин, солиёни зиёд дар риштаи фалсафаи Академияи илмҳо кор ва фаъолият менамояд, ки бо садоқат ба илму маорифи Ватан дар тарбияи ҷавонони тоҷик, махсусан самти магистрантону аспирантон саҳми зиёд гузоштааст.

Зимни фаъолияти чандинсола ва заҳматҳои зиёдаш дар байни ҳамкорон бо ахлоқи ҳамида ва ҷиддияташ сазовори эҳтиром гардидааст. Бинобар ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардидааст.

Табрикот

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамдиёрони азиз, сокинони босаодати кишвар!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Табрикот

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Сокинони шарафманди шаҳри Душанбе!

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рӯзи пойтахт - шаҳри зебо ва файзбахши Душанбе самимона табрик мегӯям. Душанбе на танҳо пойтахт, балки маркази идорӣ, муҳаррику такягоҳи асосии рушди устувор, инноватсия ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад.

Subscribe to Табрикот
23121