casino malaysia
casino malaysia
Саидраҳмон Сулаймонов: умре дар роҳи таҳқиқ, таълим ва тарҷумаи осори ниёгон  

wrapper

75- солагӣ муборак!  
 
 Имрўзҳо донишманд ва омўзгори шаҳири сарфу наҳви забони арабӣ, тарҷумон, лексолог, луғатшиноси забардаст дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, яке аз бунёнгузорони истилоҳотзоии илмии фалсафӣ дар заминаи мероси фалсафии Ибни Сино, ҳамзамон мутарҷими машҳури осори фалсафию мантиқӣ ва илмии Абуалӣ ибни Сино, луғатсози луғати бисёрзабонаи арабӣ, русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонов  ба синни мубораки 75 солагӣ мерасанд.
  Зиндагиномаи устод Сулаймонов содда, вале дар айни замон ҷолиб ва хеле ибратбахш аст. Устод Саидраҳмон Сулаймонов 10 маи соли 1947 дар ноҳияи Тоҷикободи (пештара вилоят ва ҳоло ноҳияи Ғарм)и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Он кас солҳои тўлонист, ки ба ҷустуҷуи илму дониши нав дар ҷодаи филологияи араб, арабшиносӣ ва фалсафа машғул аст ва дар ин самт воқеан қуллаҳои баландро фатҳ намудаанд.
Он кас арабшинос мебошанд, соли 1969 шўъбаи арабии факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст. Аз соли 1972 то соли 1985 ба ҳайси муаллим ва сипас дотсенти кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии ДДТ кор кардааст ва дар сафи қувваҳои мусаллаҳи давлати шўравӣ хидмат кардааст.  
  Устод ҳанўз дар замони шўравӣ, соли 1979 дар заминаи таҳқиқи яке аз сарчашмаҳои нодири фарҳанги тоҷику форс дар мавзӯи хеле ҷолиб - “Асосҳои лингвистии топонимика дар асари Мӯъҷам-ул-булдон”-и Ёқути Ҳамавӣ дар Институти шарқшиносии АИ СССР дар Маскав зери роҳбарии устодони чирадасти руси замони шўравӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ чанд муддат ба касби тарҷумони ҳирфаӣ дар кишварҳои мухталифи Араб сафари хидматӣ намуданд. Аз соли 1985 – 1992 ба ҳайси ходими калони илмӣ ва солҳои 1992-2005 ҳамчун мудири бахши тарҷума ва таҳияи мероси фалсафии Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ кор кардааст.
  Баъди бозгашт ба донишгоҳ боз дар Институти фалсафа бо тарҷумаи осори фалсафаи ниёгон, аз ҷумла, осори Абуалӣ ибни Сино машғул гардид ва ин корро дар он ҷо мудирият мекарданд. Ҳангоми кор устод камбуди кори тарҷумониро дар камбуди истилоҳот, дар соҳаи бунёди терминология ба забони тоҷикӣ, ё ислоҳотсозии илмии фалсафӣ дар ҷумҳурӣ ҳис намуд ва дар раванди тарҷумаи матнҳои асримиёнаи фалсафӣ ва мантиқӣ (махсусан осори илмии Абуалӣ ибни Сино) манбаи бузурги донишро дар ин соҳа ба даст овард. Дар заминаи ҳамин донишҳо ба он кас муяссар шуд, ки соли 1997 дар мавзӯи “Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино” рисолаи докторӣ ҳимоя намояд.
  Баъди ин гуна таҳқиқоти пурарзиш ва ҳимояи кори докторӣ устод Сулаймонов С., боз аз сари нав ба кори омўзгорӣ баргаштанд, зеро дар баробари кашфи назария муҳим буд, ки барои ҷамъият ҳам як кори арзишманд ба анҷом расонанд, ин буд, ки доктор Сулаймнов С. мудири кафедраи филологияи араби ДМТ таъин гардид ва ҳамзамон чун ходими пешбари “Маркази синошиносӣ”-и ИФСҲ АИҶТ фаъолияти илмии тарҷумонии касбӣ идома додааст.
Неруи илмиву ақлонии профессор сол ба сол зиёда мегардад, он кас баркамолии синну сол ҳеҷ аҳамияте намедиҳанд, дар қатори ҷавонҳо, ки бештарашон шогирдони он кас мебошанд, кору заҳмати омўзгориву таҳқиқоту тарҷумаро давом дода истодаанд. Айни ҳол Сулаймонов С. профессори кафедраи филологияи араби ДМТ ва сарходими Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ мебошад ва кори бошарафи омўзгориро бо касби тарҷумонӣ дар якҷоягӣ анҷом медиҳад.
Дар баробари кори омўзгорӣ ва таҳқиқот проф. Сулаймонов С., дар ҷумҳурӣ чун шахсияти фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ шинохта шудааст. Аз ин рў он кас узви чандин доираҳои илмиву фарҳангӣ мебошанд, аз ҷумла,  
Узви ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ,
Узви ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Либия,
Узви Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир ба илми филология.
Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира (Ҷумҳурии арабии Миср).
   Ҳамин тавр Сулаймонов Саидраҳмон дар тули умри худ дар се бахши умда: таълифу таҳқиқ, тарҷума ва омода намудани кадрҳои нави омўзгорӣ саҳми беандоза гузоштааст.
  Чун сухан аз осори илмии имрўзаи профессор равад, бояд зикр намуд, ки яке аз таълифоти бузурги эшон ин “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ” аст, ки шомили 100 000 калима (вожа) мебошад. Барои таълифи ин асар устод 30 сола умри худро сарф намудаанд, ки дар ҳақиқат як фарҳанги мондагор гаштааст. Навиди дигар ин аст, ки рӯзҳои наздик фарҳанги сезабонаи устод “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ-русӣ” дар ҳаҷми 5 ҷилди китоб ба табъ хоҳад расид, ки ин ҳам маҳсули чандинсолаи устод дар самти луғатсозӣ мебошад. Хуллас, устод Саидраҳмон Сулаймонов на фақат мураббӣ, омўзгори касбӣ, муаллими фарҳехтаи улуми забоншиносии араб, балки  устоди фалсафа ва тарҷумони ҳирфаии соҳаи осори гузаштаи фархангӣ ва фалсафӣ мебошанд. Дар бахши тарҷума аз миёни ҳама корҳо Саидраҳмон Сулаймонов бештар ба омӯзиш ва тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино ва Абунасри Форобӣ машғул будааст. Аз беҳтарин тарҷумаҳои он кас қисматҳо аз “Китоб ул-Мантиқ”-и Шифо ва “Наҷот”-и Ибни Сино, “Ҳикмат ул-машриқин”-и Шайхурраис мебошанд. Асари “Ҳикмат ул-машриқиин” аввалин бор дар ҷаҳон аз арабӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ тарҷума шудааст.  
  Аз намунаи тарҷумаҳои солҳои охири устод, ки бештар шуҳрат пайдо карданд китобҳои “ал-Ҳайвон” ва “ан-Набот”-и Ибни Сино мебошад, ки Саидраҳмон Сулаймонов онро ҳам аввалин бор аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума намудаанд ва пешкаши муҳаққиқон намудаанд. Инчунин китоби “Алфоз”-и Абунасри Форобиро аз арабӣ ба русӣ тарҷума намуданд. Баъзе аз китобҳои тарҷумашудаи дар ин ҷо номбаргардидаи осори фалсафии тоҷик аз тарафи проф. Сулаймонов С. дар хориҷ аз кишвар ҳам (дар Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғ.) ба нашр расидаанд. Устод дар ҷамъоварӣ ва тайёр намудани “Маҷмуи рисолаҳои фалсафии Умари Хайём” ба забони тоҷикӣ низ саҳм доранд.
  Бояд гуфт, ки хизмати устод дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои системаи таълиму тарбия ва илм бесобиқа аст. Зиёда аз 15 нафар дар зери роҳбарии Саидраҳмон Сулаймонов рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд ва садҳо нафар бо тавсияву тақризи он кас ба ҳимоя пешниҳод шудаанд.
  Мо ба устод, д.и.ф, проф. Саидраҳмон Сулаймонов дар кори таълиму тарбияи кадрҳои илмӣ, луғатсозӣ ва тарҷумаи осори бузургони илму фарҳанги тоҷик барору комёбиҳои нав ба нав орзў мекунем. Ва бо ифтихор мегўем:
Шоҳо ба камоли маърифат пир шавӣ, Монандаи Хуршед ҷаҳонгир шавӣ.
Садсола бизиву баъди он пир шавӣ!
                                                                                                   
            Ҳайати кормандон ва ходимони илмӣ, маъмурияти Институти фалсафа , сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ   доктори илмҳои  фалсафа, профессор Саидраҳмон Сулаймоновро   самимона бо зодрӯзашон табрику таҳният менамояд ва ба он кас умри пурбаракат ва комёбиҳои нави илмӣ -эҷодӣ  орзумандаст.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia