casino malaysia
casino malaysia
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон)

wrapper

 
  Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Ин нукта чун ҳарвақта дар Паёми имсола низ аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад” [3]. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамояд.
  Аз оғози ба даст овардани истиқлол кишвари мо, мутаассифона, гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашта, дар баробари тамоми соҳаҳо илму маориф низ даҳсолаҳо қафо монд.  Бо саъю талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз парокандагӣ, давлати он аз нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида, рушду пешрафти соҳаи маориф ва илм дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёт таъмин гардид. Бо назардошти ин рушду такомули соҳаи маориф ва илмро ба ду марҳилаи калон метавон тақсим намуд:
Марҳилаи якум солҳои 1991-1997-ро дар бар гирифта, дар соҳаи мактабу маориф чунин падидаҳои буҳронӣ, ба мисли танқисии молиявии муассисаҳои таълимӣ, ба маротиб поён рафтани сатҳи маблағгузории давлатии соҳаи маориф, кам гардидани маоши омӯзгорон, соҳаи маорифро тарк намудани қисме аз омӯзгорон ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо, фарсудаву хароб гаштани биноҳои таълимӣ ва ғайра хос аст. Хусусан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншоотҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд.
Марҳилаи дуюм, пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шуруъ гардида, бо кӯшишҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат мушкилоти дар марҳилаи аввал ба миён омада на танҳо бартараф карда шуд, балки маориф ва илми кишвар аз нав рушд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, ки онҳоро мо дар ин мухтасар мушаххасан ва бо пайдарҳамӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳем дод. 
Пешвои миллат дар Паёми имсола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дастгирӣ ёфтани соҳаи маориф ва илмро дар қиёс бо аксари давлатҳои ҷаҳон бо як далели ҷолиб, ки дар асоси назарсанҷии созмонҳои бонуфузу беғарази байналмилалӣ ба даст омадааст, таъкид намуданд: “Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд”. Дар ҳақиқат, вобаста ба афзоиши буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар баробари дигар бахшҳои иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад. Мо инро дар ҷадвали зерин низ ба хубӣ мушоҳида карда метавонем.
Маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар солҳои 2001 – 2024, ки дар асоси қонунҳои буҷети давлатӣ тартиб дода шудааст [1]
(миллион сомонӣ)

СОЛ

МАБЛАҒ

СОЛ

МАБЛАҒ

СОЛ

МАБЛАҒ

2001

12,845

2009

1 110,208

2017

3 581,017 

2002

15,588

2010

1 068,341

2018

3 863,064

2003

18,281

2011

1 363,359

2019

4 404,877

2004

36,574

2012

1 607,836

2020

4 533,628

2005

57,980

2013

2 130,836

2021

5 597,083

2006

77, 988

2014

2 516,965

2022

6 304,025

2007

506, 323

2015

2 918,639

2023

7 400,000

2008

691,248

2016

3 146,229

2024

8 231,867

 
  Чуноне ба назар мерасад, соли 2024 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 8 миллиарду 231 миллиону 867 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблағгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 633 баробар зиёд мебошад (бе назардошти инфлятсия).
Дар ин замина, ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф ва баланд бардошта мешавад. Масалан, дар соли 2012 музди кори онҳо, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо, барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи илм 30, фарҳанг ва стипендияи донишҷӯён 50 фоиз зиёд гардид [10, 156]. Дигар солҳо низ мунтазам маоши кормандони соҳаи маориф ва илм баланд бардошта шуда [2], аз ҷумла соли равон маоши вазифавии омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 40 фоиз зиёд карда шуд [3].
Солҳои истиқлолият рушди илм дар баробари маориф дар Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятдошта эътироф гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии бештар ёфт ва маблағгузорӣ ба илм сол ба сол афзуд. Бо пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қатъи назар аз душвориҳои ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо саъю талошҳои Пешвои миллат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ҳифз ва тараққӣ дода шавад. Пешвои миллат дар Паёми имсола низ дастгирии таҳқиқоти илмиро тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолотро дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёми мазкур ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд [3].
Дар Тоҷикистон пас аз соҳибихтиёрӣ аз соли 1991 то соли 2000 бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва вобаста ба он кам будани Шӯрои дифоъ аз рӯйи ихтисосҳо, ночиз будани стипендияи аспирантону докторантҳо, фарсудашавии заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои донишгоҳҳо, адабиёти нав аз рӯйи ихтисос, надоштани китобхонаҳои электронӣ ва ба шабакаи интернет пайваст набудани китобхонаҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ, нарасидани маблағ барои сафарҳои хизматӣ ва ғайра омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба таълифи рисолаҳои илмӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Рушду нумуи илм дар ҷумҳурӣ асосан баъд аз соли 2000-ум беҳтар гардид. Ба пешрафти соҳа, пеш аз ҳама, таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Низомнома дар бораи тартиби додани унвонҳои илмӣ ба кормандони муассисаҳои илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (соли 2004), «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» (соли 2006), «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (18.03.2015, №1197) ва ғайра мусоидат кард. Ҳукумати кишвар ба маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии фармоишӣ дар ин солҳо бештар аҳамият дод. Масалан, агар дар соли 2001 - 32829 ҳазор сомонӣ ва соли 2005 – 241 298 ҳазор сомонӣ барои корҳои фармоишии илмӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 бо ин мақсад 1 611 203 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Сафи унвондорон дар соли таҳсили 2010-2011 нисбат ба соли 1991-1992 зиёд гардид (номзади илм аз 1835 ба 2073 нафар расид, ки 88 % зиёдтар аст ва доктори илм аз 226 то 493 нафар афзуд, ки 46 % зиёд буд). Тавассути ин неруи илмии муассисаҳои соҳаи маориф рӯй ба беҳбудӣ овард [6, 130-131].
Дар асоси натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001 то 2010 монография, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, рисола ва мақолаҳои зиёде ба чоп расонида шуданд. Масалан, агар дар соли 2005 устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ 64 монография, 640 мақолаи илмӣ, 200 дастури таълимии методӣ, 48 китоби дарсӣ, 60 барномаи таълимӣ таҳия ва чоп намуда бошанд, пас дар соли 2010 теъдоди рисола ва китобҳои дарсӣ ба 1107, дастурҳои методӣ ба 1122 ва монографияҳо ба 118 адад расид [6, 132].
Умуман, агар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 нафар доктори илм кор мекарданд, соли 2022 мутаносибан шумораи онҳо ба 3539 ва 824 нафар расидааст, ки дар нисбати номзади илм қариб ду маротиба ва дар нисбати доктори илм қариб чор маротиба бештар аст [7].
Дар  давраи Истиқлолияти давлатӣ  аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – маркази асосии илми мамлакат қариб даҳ ҳазор  корҳои илмӣ, аз ҷумла қариб 1200 китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои илмӣ ва монанди ин  ба табъ расонида шуд.  Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриётҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин натиҷаи илмро дастгирӣ намудани Ҳукумат ва шаҳодати эътирофи олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ  мебошад. Тайи солҳои охир аз тарафи муассисаҳои илмии Академияи миллӣ барои ихтироот беш аз 200 патент ба даст оварда шуд. Танҳо дар панҷ  соли охир қариб 650  корманди Академияи миллии илмҳо барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва хамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба  давлатҳои хориҷӣ сафарҳои хизматӣ доштанд. Аз 1982 корманде, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доранд, 35 нафарашон аъзои пайваста (академикҳо), 34 нафар аъзои  вобаста, 204 нафар доктори илм ва 373 нафар номзади илм мебошанд. Илова бар ин, дар ҳайати Академияи илмҳо 20 аъзои хориҷӣ ҳастанд [9].
Бо ибтикори Пешвои миллат солҳои Истиқлолият дар сохтори Академияи миллии илмҳо муассисаҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти демография, Институти давлат ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази синошиносии назди Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ, Маркази инноватсионӣ оид ба биология ва тиб, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази илмии Хатлон [9].
Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан ба робитаи илм бо истеҳсолот, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ба хотири густариш бахшидани ин раванд, солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд. Илова ба Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид. Инчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015»-ро қабул намуда буд. Дар асоси ин санад, дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд [5].
Яке аз дастоварди муҳими соҳаи илм таъсиси "Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шумор меравад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расидааст [6, 137]. Дар даврае, ки Тоҷикистон дар фазои истиқлолияти комил қадамҳои устувор мегузошт, аттестатсияи кормандони илмӣ, илмӣ-техникии тахассуси олӣ ягона самте буд, ки ҳанӯз ҳам аз дигар кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия, вобаста буд. Хушбахтона, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона мустақилияти кишварро дар ин ҷода низ таъмин намуд. Аксари ҷавононе, ки роҳи ноҳамвори илмро интихоб кардаанд, аз ин иқдоми наҷибонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат гарм истиқбол карда, арзи сипос менамоянд. Акнун онҳо имкон доранд, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарсону саргардон нагашта, дар Ватани худ диссертатсия ҳимоя карда, соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гарданд. Баъд аз ба фаъолият шуруъ кардани шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1531 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз онҳо 112 парвандаи  аттестатсионию диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1339 парванда номзади илм ва 80-тои дигар ҷиҳати гирифтани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. То имрӯз 1175 диссертатсия тасдиқ шуда, 172 диссертатсия рад шудааст, ки 11 дарсади диссертатсияҳои ҳимояшударо ташкил менамояд. Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки дар байни ин диссертатсияҳо сохтакориҳои дағал, асардуздӣ, корҳои пурғалату дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ҳатто диссертатсияҳое, ки довталабон аз мазмуну муҳтавои онҳо огоҳӣ надоранд, мавҷуданд. Агар пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро нагирем, он рӯз дур нест, ки илми ватанӣ ба буҳрон дучор гашта, дар кишварамон мутахассисони дар бозори  ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир пайдо карда натавонем [8].
Тавре аз суханрониҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат бармеояд, дастовардҳои соҳаи илму маориф ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мушкилоти ҳалношуда зиёданд. Дар муассисаҳои таълимии кишвар аз як тараф агар сатҳи касбияти омӯзгорон қонеъкунанда набошад, аз ҷониби дигар норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ҷой дорад.
Вобаста ба ин, дар Паёми соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пурзӯр намуда, ҳамаи кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Тавре маълум аст, то ин дам кормандони соҳаи маориф ҳар панҷ сол як маротиба аз аттестатсия мегузаштанд ва ба се сол иваз кардани он пешниҳод карда шуд. Лозим ба таъқид аст, ки ин маънои онро надорад, ки масъулон аз салоҳиятҳои назоратии худ суистифода намоянд ва дар робита ба ин амалҳои коррупсионӣ ривоҷ ёбад. Мусаллам аст, ки дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ барои ҷилавгирӣ аз фасод мунтазам тафтишу санҷишҳои молиявии соҳибкорон аз ҷониби мақомотҳои назоратӣ ихтисор гардида мораторияҳо эълон гашт ва аз ин бармеояд, ки сиёсати Пешвои миллат ба ислоҳу кӯмак нигаронида шудааст, на ба халалрасонӣ ба фаъолияти муътадили назоратшавандаҳо ва ҳамчунин ривоҷи фасод.
Дар партави ин гуфтаҳо Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои онро мебояд, ки зимни баргузории аттестатсия камбудиву норасоиҳо, проблемаҳо ва омилҳои онҳоро ошкор сохта, ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳу бартарафсозии онҳо чораҳои мушаххас андешад.
Зеро фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнию асабӣ алоқаманд ва вазнину сангин буда, бинобар мушкилоти иқтисодиву молиявии кишвар ба таври бояду шояд пардохт карда намешавад ва аз ин рӯ на ҳар кас дар ҷомеа ин масъулиятро мехоҳад ба зимма гирад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз соли 2013 нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд ва дар Паёми соли 2014 Пешвои миллат иброз доштанд, ки тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудааст ва аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб намуданд, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд [2]. Он ҷо ҳамчунин таъкид намуда буданд, ки мо минбаъд низ барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи илм ва таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таҳқиқу таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Илму маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ буда, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Буризода Эмомалӣ Бозор
д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи
давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ
Расулов Фотеҳ Мирқозиевич
н.и.ҳ., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи
давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ


Адабиёт:
  1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ (солҳои 2001-2024). [манбаи электронӣ]. https://www.mmk.tj (санаи истифодабарӣ: 10.01.2024)
  2. Паём ва рисолати созандаи он (Маҷмуи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2016)). –Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. -516 с.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 [манбаи электронӣ]. http://www.president.tj/node/32191 (санаи истифодабарӣ: 11.01.2024).
  4. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз09.2020, №526 тасдиқ шудааст) манбаи электронӣ]. https://www.maorif.tj/storage/Dokument's/%D0%A1%D0%A2%D0%A0%D0%90%D0%A2%D0%95%D0%93%D0%98%D0%AF%D2%B2%D0%9E/b1f1813e0654f705a506e718fd627bc8.pdf (санаи истифодабарӣ: 10.01.2024).
  5. Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 15 апрели соли 2021 // Ҷумҳурият (Санаи нашр: 16.04.2021, №: 76) http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=43887 (санаи истифодабарӣ: 20.10.2022).
  6. Мирбобоев, Р. Рушди маориф ва илм дар даврони истиқлолияти давлатӣ / Р. Мирбобоев, Х. Зиёев, С. Қосимӣ, Б. Бадалов. – Душанбе: Маориф, 2016. -192 с.
  7. Насриддинзода Э. Истиқлол ва рушди маориф ҳамчун соҳаи ояндасоз // Ҷумҳурият (Санаи нашр: 31.08.2022, №: 169) http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=47309 (санаи истифодабарӣ: 20.10.2022)
  8. Розиқзода А. Паём. Дурнамои рушди илми ватанӣ // Ҷумҳурият (Санаи нашр: 14.04.2022, №: 72) http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=46344 (санаи истифодабарӣ: 20.10.2022)
  9. Сайти расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон // https://anrt.tj/tj/dar-borai-akademiya/ma-lumoti-ta-rikh
  10. Шарифзода А. Фархундапай / А. Шарифзода, З. Қосимӣ. –Душанбе, 2014. -336 с.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia