casino malaysia
casino malaysia
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми зан дар ҷомеа 

wrapper

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.
  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки Соли 2024 дар Тоҷикистон  «Соли маърифати ҳуқуқи» эълон  карда шавад, ҳадафи тасмими  ин масъала маърифати ҳуқуқи  эълон гардидан дар он мебошад, ки «барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун» ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.   
  Сарвари давлат иброз намуданд, ки амали намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардида барои ҳар як шаҳванди мамлакат, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад  «зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Имрўзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занонро қадр карда нисбат ба фаъолияти эшон назари нек доранд, андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Ин аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолонаи занон зиёд ба мушоҳида мерасад. Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занон рисолати  пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт.  
Таърихи инсоният исбот менамояд, ки занони бо иродаву дурандеш, хирадманду закӣ, донишманду боистеъдод бо ҳидояту пайкори хеш метавонистанд зиндагии худу атрофиёнашонро мунаввар карда, ҳамзамон исбот менамоянд, ки маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги оиладорӣ, сутуни давлат ва пойдевори зиндаги ҳар хонадонро побарҷо месозад. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созанда ва зиндагии шоиставу солим дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист. Дар ҳақиқат зан оинаи оила ва давлат аст ва қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру вафост. Вазъи имрўзаи ҷаҳон  аз ҳар як фард тақозои онро дорад, ки аз даричаи набзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта,  дар эмори ҷомеа нақши созандае дошта бошад. Худшиносии миллӣ, маърифати баланд, меҳнатдустӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодфикри калиди бахту саодат ва роҳ ба сўи комёбиҳо мебошад.
Муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, ин бунёди оила мебошад. Оила қонунест, ки шахс дар муҳити он худро  аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад, яъне ҳар инсоне, дар муҳити оила анъанаҳои табии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, ба воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳуввият касб мекунад. Оила маҳсули ҷомеа ва тамаддун аст, навъ, шакл ва моҳияти онро сохти сиёсию иҷтимоӣ, ки оила рукни таркибии онро ташкил медиҳад, муайян месозад. Дар навбати худ оила низ ба ҳаёти ҷомеа ба воситаи таваллуду тарбияи кудакон ташкили маишати оила, таъмини  хонавода, нуфуз доштан дар такомули ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқию маънавии аъзои оила таъсир мерасонад.
Боиси хушнудист, ки дар соли «Маърифати ҳуқуқӣ»  дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати ҳуқуқии занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Зани маърифатнок метавонад ба заковату ҳушмандӣ, на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намоянд. Занон дар ҷомеаи Точикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир доранд.  Зан дар оила ҳамеша нақши муҳимро дошт, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки зан худаш соҳиби маълумот ва соҳибмаърифат аст, фарзандони он ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модаронро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин фармон, барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо, натанҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас кардани фаъолияти занон мебошад. Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ бояд силсилатадбирҳо амалӣ карда шавад.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд. Инчунин қайд карда шуд, ки «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила аз он вобаста аст.
Масъалаи маърифатнокии занон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст.
Адиби машҳур Робиндранат Такур аз он изҳори ташвиш мекард, ки дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ба писарон мешавад, на ба духтарон. “Ин даҳшат, ин хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад. Маълум аст, ки дар тарбияи оила нақши зан, масъулияти ӯ бештару назаррастар аст. Пас, чаро садди роҳи таълими духтарон мешавем? Бадбахтии ҷомеа аз бадбахтии занон аст. Охир зан  на ба як оила, балки ба тамоми ҷаҳон тааллуқ дорад”. Адиб дар эссеи “Таҳсили занон” таъкид мекунад, ки маърифат ҳам ба зан ва ҳам ба мард баробар дода шавад: “Ҳар чизе, ки лоиқи омӯхтанист, илм аст. Илм барои ҳама бояд дастрас бошад. Хоҳиши донистан қонуни табиати инсонист”.
Худи Такур аввалин шуда барои таҳсили духтарон дар Банғола мактаби шахсӣ кушод, ки баъдан ба донишгоҳ табдил ёфт ва дар ин даргоҳ машҳуртарин занони сиёсатмадор (аз ҷумла, аввалин сарвазирзани ҳинду Индира Гандӣ солҳои 1934-1935 донишҷӯ буд), олимон ва кайҳоннавардзанони Ҳиндустон маърифат андӯхтаанд.
Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад. Масалан, маҳз бо ҳидояти зани  донишманд шахсиятҳои бисёр барҷаста аз қабили С. Айниву Б. Ғафуров ба пояҳои баланди маърифат расида, барои пешрафти ҷомеа нақши муассири худро гузоштаанд.
Хушбахтона, бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир мардум ба ин масъала бо диди нав, бо назари тоза менигаранд. Дар давраи пеш аз соҳибистиқлолии кишвар дар навоҳии дурдасти мамлакат шумораи занҳои хонашин ва духтарони аз таҳсил дурмонда хеле зиёд буд. Занҳо имкони аз хона берун шудан ва ё ба ягон кори давлатӣ машғул шуданро надоштанд. Имрӯз тарбияи занони бомаърифатро қабл аз ҳама бояд дар оила ва мактаб мақсаднок дастгири  намоем. Манзур аз ин иддао робитаи зичи мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани занон, ки ояндаи ҷомеаро мунаввар месозад, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан зарур ва ҳатмист.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола тавассути квотаи президентӣ садҳо духтарон  хатмкардаҳои дабистонҳои деҳот дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчун кадрҳои зарурӣ ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Онҳо ба кору вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъмин гардида, аз кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Аксари ин духтарон андешаи солиму созанда дошта, ба ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд бо назари нек менигаранд. Онҳо роҳбарони соҳибкасбу соҳибтаҷриба ва чашми кордон, занони мушфиқу меҳрубон, ҳамсарони вафодор буда, барои ба даст овардани мақсуд аз ҳеҷ гуна шебу фароз ҳаросе надоранд. Бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва иродаи шикастнопазир маърифатнокиро шарти муҳимми комёб шудан меҳисобанду рисолати бузурги ватандориро бар душ мегиранд. Бешак, ғамхорӣ ба зан ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз занони соҳибмаърифат вобаста аст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан дар ҷомеаи мо эътирофшуданист ва бошад, ки ин машъалҳои роҳи маърифат ва ободкориҳоро ҳамеша фурӯзону тобанда бубинем.
Хулосаи сухан ин аст, ки зан ҷавҳари ҳастӣ ва ободию осудагии ҳар як манзил аст. Мебояд занонро дар руҳияи худшиносӣ маърифати баланди меҳнатдўстӣ, фарҳанги оиладорӣ дурандешу қавиирода бо илму донишҳои замони муосир бо як тафаккури қавӣ тарбият кард, ки созанда ва тарбиятгари наслҳои хуб гардида, барои наслҳои оянда самараҳое нек ба бор оварда тавонанд.

 Давлатмуродзода Балхия 
ходими хурди илмии Шуъбаи  таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia