casino malaysia
casino malaysia
Таҳаммулпазирӣ ҳамчун принсипи ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ ва шахсӣ

wrapper

   Дар ҳазораи сеюми таърихи милодии инсоният тараққиёти илмӣ-техникии ҷамъияти инсонӣ ҳамчунон босуръат давом дорад. Инсоният ба шарофати нерӯи бузурги ақлонӣ ва кашшофию ихтироъкорӣ тавонист табиати ваҳширо ба худ ром намуда, аз неъматҳо ва сарватҳои он ба манфиати худ истифода барад. Тасаввур кунед, ки ҳазор сол қабл ниёгони мо чӣ гуна шароити моддию маишӣ доштанд, аз кадом воситаҳои меҳнат истифода мебурданду мо насли имрӯза чӣ гуна шароити моддию маишӣ дорем ва аз кадом воситаи меҳнатӣ истифода мебарем.

   Белу каланд куҷову трактору комбайн куҷо? Фонусу пилтачароғ куҷову лампаи барқӣ, НБО-ҳои муқтадири Нораку Сангтӯдаву Роғуну ғайраҳо куҷо? Хару ароба куҷову мошинҳои худрав, қатораву тайёраҳо куҷо?

   Ин муқоиса ба таври равшан собит менамояд, ки зиндагии моддию маишии инсон ба шарофати дастовардҳои илмию техникӣ давра ба давра ва ҳатто сол то сол беҳтар ва осонтар шуда истодааст.

   Аз ин дидгоҳи муқоисавӣ, ҷомеаи имрӯзаи башарӣ дар муқоиса бо ҷомеаи асримиёнагӣ воқеан ҳам дар шароити беҳтару “биҳиштӣ” зиндагӣ дорад.

  Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза, бо вуҷуди ин қадар дастовардҳои бузурги илмию техникӣ, фаровонии неъматҳои моддӣ, ҳанӯз ҳам дар гӯшаву канораҳои гуногуни ҷаҳон, кишварҳо, минтақаи мухталиф ҷангҳо, хунрезиҳо, ошӯбҳо, хушунату зӯроварӣ, ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғорат ва дигар амалҳои ҷиноятӣ ва тахрибкорона рӯй дода истодаанд, ки барои рушди муттасили  чунин ҳаёти биҳиштимонанди инсоният  монеъ мешаванд.

   Гузашта аз ин, тарроҳони мафкураҳои зиддибашарӣ, идеологҳои экстремизму терроризм аз дастовардҳои илмию техникӣ, аз қабили интернет ва воситаҳои дигари иттилоотиву коммуникатсиониро, (ки аслан бояд ба манфиати инсонҳо хизмат кунанд, на ба зарари онҳо,) барои амалӣ кардани ҳадафҳои зишт ва зиддиинсонии худ суистифода мекунанд. Ба ин восита онҳо натанҳо байни миллатҳои гуногун, гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, оташи кинаву адоват, низоъу душманӣ меангезанд, балки ҳатто бародарро ба бародар ҷанг меандозанд.

  Далели дурустии ин фикр ҳамон оташи ҷанги бародаркуш буд, ки онро дар Тоҷикистон - Ватани маҳбубу соҳибистиқлоли мо маҳз ифротгароён ва хоҷагони хориҷии онҳо барангехта буданд.

  Бо ҳамин асос, ифротгароӣ аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ, аксарияти давлатҳои демократии ҷаҳон ҳамчун андеша ва амали ҷиноятӣ эътироф шуда, барои пешгирӣ аз решакан кардани он қонунҳои дахлдор қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (№1655, аз 02.01.2020) қабул шудааст, ки мақсади он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Қонуни мазкур аз 30 модда ва 6 боб иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро муайян мекунад.

  Тибқи мазмуни моддаи якуми Қонун экстремизм-ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.

   Дар қонун субъектҳои муқовимат бо экстремизм, вазифаҳои онҳо, роҳу воситаҳои муқовимат бо экстремизм ба таври мушаххас нишон дода шудаанд.

  Ба шарофати қабул ва дар амал татбиқ шудани Қонуни мазкур, дигар барномаҳо ва консепсияҳои миллии муқовимат бо экстремизм ва пешгирии ин падидаи хатарнок, Тоҷикистони маҳбуби мо имрӯз яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон эътироф шудааст.

 Ҳамзамон бо амалкарди муваффақонаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ба хотири пешгирии гароиши аҳли ҷомеа ва мафкураи ифротгароӣ дар ҷомеа вусъат додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ бо истифода аз ВАО, дар телевизиону радио таблиғ намудани ҷавонону наврасон ба муносибати эҳтиромона бо арзишҳои миллию умумибашарӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши илму ҳунарҳои муфид, ва тадбирҳои дигару судманде, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, низ барои пешгирии зуҳури ифротгароӣ мусоидат мекунанд.

 Таҳаммулпазирӣ аз нуқтаи назари антропологияи фалсафӣ - мавқеи фаъоли маънавӣ (ахлоқӣ) ва омодагии равони  инсон ба сабру тоқат ба хотири дар ҷомеа устувор ва барқарор сохтани ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, барои ҳамкории мусбат ва созанда бо одамони муҳити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва динии гуногун мебошад.

 Аслан, таҳаммулпазирӣ бо ин маъное, ки зикр ва  муаррифӣ шуд, ҷавҳари аслӣ ва мағзи таълимоти исломиро ташкил медиҳад ва аз ҷониби мутафаккирон ва шоирону адибони маъруфи гузаштаву муосири тоҷик ҳамчун як арзиши олии ахлоқию иҷтимоӣ дар осору ашъорашон мунтазам тавсифу тараннум ва таблиғ шудааст.

  Мутобиқи мазмуни таълимоти қуръонӣ оид ба офариниши инсон ва ҷомеаи башарӣ, азбаски аҷдоди ҳамаи инсонҳо якест, пас фарқиятҳои зоҳирӣ-ҷисмонӣ (ранги пўсти бадан, чашмҳо, мўй ва ѓ.), фарқиятҳои нажодӣ, миллию этникӣ, динию мазҳабӣ, инчунин мақому вазифаҳои гуногуни зинанизоммии табақоти иҷтимоӣ набояд барои ваҳдату якдигарфаҳмии онҳо, муносибатҳои нек ва ҳамкории судманди онҳо монеъ шаванд.     Дар Қуръон оятҳое мавҷуданд, ки онҳоро воқеан ҳам тибқи мазмуну мундариҷаи ѓоявиашон ҳамчун “оятҳои таҳаммулпазирӣ” дарк кардану муаррифӣ намудан мумкин аст.  Масалан: “Эй  мардум,  ба  дурустӣ  ки  шуморо  аз  як  марду  як  зан  офаридем  ва  шуморо  қавмҳо  ва  қабилаҳо  сохтем,  то  бо  якдигар шиносо  шавед! Ҳароина  гиромитарини  шумо  назди  Худо  парҳезгортарини шу мо аст. Худо Донои Хабардор аст ” (Қуръон: 49, 13). “Худо  шуморо  аз  некўӣ  кардан ва  инсоф  намудан  дар  ҳаққи  касоне,  ки  бо  шумо  дар  амри  дин ҷанг накардаанд ва шуморо аз хонаҳоятон  берун  накардаанд,  манъ намекунад. ба  дурустӣ  ки  Худо инсофкунандагонро дўст медорад” (Қуръон: 60, 8). Тибқи мазмуни чунин оятҳо, одамон,  фарқиятҳои динӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, ҷинсӣ ва дигар тафовутҳоеро, ки дар байнашон вуҷуд доранд,  бояд ҳамчун як амри илоҳӣ, як омили фаротабиию фароиҷтимоии рушди ҷомеи мисли чаманистон гуногунгранги башарӣ дарк ва қабул карда,   бо якдигар дўстона ва хешовандона муносибат кунанд.                                              Ҳамин мазмуни башардўстона ва таҳаммулмеҳвари таълимоти Қуръон  Саъдию Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ,  Иқбол ва соири шоирону адибони бузурги гузаштаву муосири  тоҷикро мафтун карда, онҳоро ба эҷоди асарҳо ва ашъори инсондўстона, тараннум ва тарѓиби таҳаммулпазирӣ ва фазилатҳои дигари маънавию ахлоқӣ  барангехтааст.  Мавзўи таҳаммулпазирии иҷтимоӣ, дўстию якдигарфаҳмии байни афрод ва гурўҳҳхои гуногуни иҷтимоӣ, миллӣ ва  динӣ на танҳо дар адабиёти бадеӣ, балки дар фалсафаи классикии тоҷик низ аз ҷумлаи масъалаҳои марказӣ маҳсуб мешавад. Файласуфони бузурге чун Абунасри Форобӣ, Ибни Сино ва Насриддини Тӯсӣ дар асарҳои ба масъалаи бунёди ҷамъияти адолатмеҳвар ( “Мадинаи фозила” - назарияи ҷомеаи ормонӣ) бахшидаи худ роҷеъ ба чӣ гуна будани муносибати  фард бо ҷомеа андеша ронда, таъкид кардаанд, ки  инсон нисбат ба ҷомеа, ки ҳама неъматҳои моддию маънавиро барояш фароҳам овардааст, бояд хайрхоҳона рафтору муносибат карда, дар ивази он ҳама  неъматҳо ва манфиатҳои  аз ҷомеа гирифтааш, худ низ барои ҷомеа  кори муфидеро тибқи қудрату тавоноии худ анҷом бидиҳад.                       Хулоса, мавзўи таҳаммулпазирӣ дар  маъхазҳои исломӣ, фалсафа ва адабиёти классикии тоҷик хеле муфассал ва равшан инъикос ёфтааст ва пажўҳиши он барои коркарди роҳу воситаҳои судманди мафкуравии муқовимат ба экстремизму терроризм, зимнан, барои такмил ва татбиқи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар замони муосир муосидат карда метавонад.         

Шоев Зиёвиддин

номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии    

  Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Қодирова Зулайхо

Ходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia