casino malaysia
casino malaysia
Паёми Президент сарчашмаи омӯзиш ва татбиқи Конститутсия

wrapper

  Дар мақолаи мазкур муаллиф кушиш кардааст, ки ба таносуби  Конститутсияи ҶТ ва Паёми Президенти ҶТ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷўмҳурӣ аз назари нав эътибор дода, дар бораи бо якдигар дар пайванди амал кардани онҳо чанде андешаҳои худро баён намояд. Таҳлили якчанд Паёми Президент дар солҳои охир ба муаллифи мақола асос додааст, ки тарзи гузориш, таъинот ва мазмуни Паёмҳои мазкурро равшан намуда, алоқамандӣ ва мусоидати онро барои амалӣ намудани меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия қайд намояд. Дар ҳар як Паёми Президенти ҶТ масъалаҳои рушди фаъолияти қонунгузорӣ, асоснок танзим намудани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, такмили Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ  дар робита бо рушди ҳаёти ҷомеа ва давлат асоснок қайд карда мешаванд.  Дар асоси омўзиш ва таҳлили ҳардуи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини сиёсӣ-ҳуқуқии мазкур дар мақола қайд ёфтааст, ки онҳо сарчашмаи пайдоиш ва мукаммалгардии якдигар мебошанд. Дар Ҷашни сисолагии Конститутсияи ҶТ ҷалб кардани эътибори махсус ба амалӣ кардани талаботи он ва таъмини рушди қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи омўзиш ва риояи қонунҳо ва соли 2024 –ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудан  аҳамияти чуқури илмию амалӣ дорад.

   Дар ҳар як давраи рушди таҷрибаи сохтмони давлатӣ падидаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии нав тавлид меёбанд, ки дар мукаммал гардонидани таҷрибаи идораи давлат, ташккулёбӣ ва рушди қонунгузории конститут сионӣ, ташкил додани   мақомоти ҳокимияти давлатӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти калон доранд. Яке аз чунин падидаи бист сол инҷониб дар ҳаёти мамлакат мавқеи муҳим пайдо карда Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони ҷумҳурӣ дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошад, ки ба ҳодисаи нодири ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфтааст.

   Ба вуҷудоии падидаи Паёми Президенти ҶТ ва мунтазам такмилёбии он, бо шакли президентии идораи давлатии ҶТ ва  бо ислоҳоти конститутсионии соли 1999 робита дорад.  Дар матни Конститутсияи ҶТ соли 1994  дар моддаи 70 пешбинӣ карда шуда буд, ки «Президент дар доираи салоҳияти худ, … дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад». Дар таҳрири соли 1999 «Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз ваколатҳои Президенти ҶТ муқаррар карда шуд. Баробари ин дар моддаи 70 ваколати ў «… дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад» бетағйир нигоҳ дошта шуд. Дар онҳо ҳанўз ибораи Паёми Президенти ҶТ пешбинӣ нашуда буд.

  Аввалин бор дар матни Конститутсияи соли 1994 дар таҳрири соли 2003 дар қисми дуюми моддаи 55 муқаррар карда шуд, ки «Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  ҷумҳурӣ баромад менамояд». Дар раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ соли 2016 меъёри мазкур тағйир наёфт. Ба ҳамин тариқ, дар Конститутсияи ҶТ соли 1994 дар таҳрири соли 2003 падидаи Паёми Президент ба худ мавқеи устувор пайдо кард. Ва 23 сол инҷониб Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парлумон баромад менамояд ва сол аз сол аҳамият ва таъсири он  дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии мамлакат афзун мегардад.

  Дар таҷрибаи сохтмони давлатӣ ва татбиқи низоми қонунгузорӣ чунин шуморида мешавад, ки Конститутсия сарчашмаи қабули ҳамаи санадҳои меърии ҳуқуқӣ, танзимнамоӣ, такмилдиҳӣ ва рушди онҳо, асоси таҷрибаи таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ  мебошад. Яъне эҳтимоли волоият ва қувваи олии Конститусия, дар низоми қонунгузорӣ ҷойи аз ҳама баландро ишғол кардани он, ба он мувофиқ амал кардани ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дигар, дар ҳолати ба он мувофиқ набудан ва ё ба он номувофиқ амал кардан, ғайриқонунӣ донистани онҳо омили эътирофи бешубҳа мебошад. Ҳамин аксиомаи ҳуқуқӣ дар ҳамаи давлатҳои дар заминаи сохтори конститутсионӣ қарор дошта ва амалкунанда бечуну чаро эътироф ва риоя карда мешавад. Дар ин ҷой барои баҳсу шубҳа ва гумон ҷой нест.

 Масъала дар бораи сарчашмаҳои худи Конститутсия бошад ба ин монанд бебаҳсу талош намебошад. Зеро ки манбаъ ё сарчашмаи Конститутсия фақат аз  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат нест. Конститутсия дар заминаи омилҳои гуногун тартиб дода шуда, аз рўи қоидаҳои маъмули таҷриба ва ё дар худи он муқарраршуда қабул мегардад, бо ҳамон роҳҳои дар он муайяншуда тағйиру илова ва мукаммал карда мешавад. Меъёрҳо ва ҳолатҳои конститутсионӣ пеш аз ҳама ба муносибатҳои ҷамъиятии дар таҷриба мавқеи устувор пайдокарда асос меёбанд. Муносибатҳои мазкур даставвал метавонанд дар сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим ёфта амал намоянд ва бо мурури инкишоф, минбаъд дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар ва танзим гарданд. Аммо ин қоидаи ҳатмӣ намебошад ва пайдоиши меъёр ва ҳолатҳои конститутсионӣ сарфи назар аз қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим гардидан ё нагардидан метавонанд бевосита дар он пешбинӣ карда шаванд.

 Дар Конститутсияи ҳар як мамлакат арзишҳо, меъёрҳо, усулҳо ва ҳолатҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки онҳо дар сатҳи конститутсионӣ якбора ҷой пайдо мекунанд ва минбаъд тавассути қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд. Дар конститутсияи ҳар давлат ҳамин равандро ошкор ва пайдо кардан мумкин аст. Мисол, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзишҳо ба монанди давлати демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, давлати дунявӣ, чунин усулҳо ба монанди арзиши олӣ донистани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, чунин ҳолат ё падидаи конститутсионии назорати конститутсионӣ, муқаррароти интиқолӣ ва ғайра ҷой доранд. Ҳамаи онҳо ва баъзе дигар ҳолатҳои конститутсионӣ даставвал дар худи Конститутсия ҷой ва мавқеъ пайдо карда, минбаъд дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим шудаанд. Дар хусуси тавассути қонуни конститутсионӣ танзим намудани баъзе муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ бевосита дар Конститутсия ишора карда шудааст.

 Сарчашмаҳои Конститутсия бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд намегардад. Бисёр ҳолатҳои дигар ба конститутсия таъсир доранд. Яке аз омили ба конститутсия таъсири бевосита дошта, ҳуҷҷатҳои муҳими ҷамъиятӣ сиёсӣ мебошанд. Онҳо на фақат ба мазмун ва таркиби конститутсия таъсири муайян доранд, балки бештар ба сатҳи татбиқ ва риоя шудани меъёр ва ҳолатҳои он робита доранд. Ҳуҷҷатҳои ҷамъиятӣ сиёсӣ ҳамчун қоида аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳия ва қабул гардида, ба эътибори умум пешниҳод мегарданд. Дар онҳо масъалаҳои аҳамияти умумимиллӣ  ё аҳамияти минтақавӣ ва ё соҳавӣ аз самтҳои гуногун таҳлилу баррасӣ гардида, ба эътибори мардум пешкаш мегарданд ва хислати сафарбарнамоии онҳоро барои иҷрои масоилҳои доғи рўз доранд.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният, мубориза ба муқобили ҳаргуни кирдорҳои номатлуб чунин ҳуҷҷатҳои давлатию ҷамъиятӣ ба монанди Консепсияҳо,  Стратегияҳо, Барномаҳои дарозмўҳлат ва миёнамўҳлат ва ғайра қабул карда шудаанд. Ҳадафи асосии онҳо ҷалб кардани эътибор ба масъалаҳои муҳими ҳалталаб, ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масоилҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ, хоҷагӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, одобу ахлоқ ва интизом мебошанд. Ҳамаи онҳо дар ҳадди муайян бо ҳолат ва меъёрҳои Конститутсия робита дошта, дар заминаи он қарор гирифта, ба риоя ва иҷро шудани онҳо мусоидат менамоянд. Таҳлили робита ва таъсири ҳамдигарии онҳо мавзўи тадқиқотҳои муҳим мебошад.

 Дар мақолаи мазкур ҳадафи муаллиф аз таҳлили таъинот, мазмун ва ҳадафи Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва нақши он дар таъмини риояи Конститутсияи ҷумҳурӣ иборат аст[1]. Дар Паёми ҳарсолаи  Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчун анъана қисми алоҳида ҳатман ба мавзўҳои нақши Конститутсия ва қонунҳо дар танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурияти риоя ва иҷрои талаботи онҳо, вазифаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар баланд бардоштани таҷрибаи қонунгузорӣ ва қонунэъҷодкунӣ, нақши мақомоти ҳокимияти иҷроия дар таъмини иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва минбаъд такмил додани қонунгузорӣ бахшида мешавад.

 Чи тавре, ки омўзиш ва таҳлили қисми мазкури Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд солҳои охир шаҳодат медиҳанд масъалаҳои риояи талаботи Конститутсия, қабули қонунҳои нав ва мунтазам такмил додани қонунҳои амалкунанда, ба сатҳи талаботи муносибатҳои ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар фаъолияти Парлумони кишвар кори мукаммал гардонидани фаъолияти қонунгузориро идома ва ривоҷ додан, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро  ҳадафи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура шуморидан,  мавқеи муҳим доранд.

Дар Паёми соли 2021 яке аз роҳи такмил додани қонунҳои ҷумҳурӣ ба тарзи зерин асоснок карда шуда буд: «Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад». Тибқи ин омилҳо муайян карда шуд, ки «Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгў будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо мекунад». Вобаста ба ин нишондодҳо дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Ба Парлумон ва дигар мақомоти ҳуқуқэъҷодкунанда супориш дода шуд, ки «таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро  гузаронида, сатҳи мувофиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд». Ҳамчунин дар назди мақомоти прокуратураи генералӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат дар самтҳом муайяншуда вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд[2].

Масъалаҳои дар Паёми мазкур дахл ёфта, минбаъд дар фаъолияти мақомот ва сохторҳои марбутаи давлатӣ ба асос гирифташуда, дар такъя ба меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия, барои дар амал татбиқ кардани онҳо чораҳо андешида мешаванд. Ин чораҳо баробари авҷи фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқэъҷоднамоӣ, ба фаъол гардидани кори мақомоти дахлдори давлатӣ дар амалӣ намудани қонунҳо таъин гардидаанд. Натиҷаи таҳлили корҳои анҷом додашуда, барои хулоса баровардан ва сатҳи иҷрои Конститутсия ва қонунҳоро санҷидан замина гардида, барои масъалагузорӣ ва баҳодиҳӣ асос мебошанд. Бояд қайд кард, ки аз  ахбори ҳарсолаи раисони Палатаҳои Маҷлиси Олӣ оид ба шумораи қонунҳои нав қабулгардида, шумораи қонунҳои ба мукаммал намудани қонунҳои амалкунанда бахшидашуда, қарорҳои ба татбиқи қонунҳо мусоидаткунанда ва ғайра маълумотҳо дода мешаванд, ки сатҳи баланди  иҷрои вазифаҳои дар Паём муайяншударо дар фаъолияти худ нишон медиҳанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз соли 2022 низ дар назди мақомоти ҳуқуқэъҷодкунанда, пеш аз ҳама  Парлумони ҷумҳурӣ вазифа гузошт, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшида, қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифатро идома диҳанд. Қайд гардид, ки ҳамкории доимии Парлумон бо дигар мақомоти ҳуқуқэъҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда, таъмин карда шавад. Албатта иҷрои ин вазифаҳо то рафт мукаммал намудан  ва дар сатҳи Конститутсияи кишвар ба роҳ мондани фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқэъҷоднамоиро тақозо мекунад.  Дар робита бо ин дар назди Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ вазифаҳо гузошта шуданд, ки таҳкиму такмили фаъолияти онҳоро талаб менамояд[3].

Оид ба равшанӣ андохтан ба мавзўи мазкур аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 хеле калон аст. Мулоҳизаи дар Паёмҳои қаблӣ ҷой дошта, дар хусуси зарурияти таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро идома додан боз ҳам таъкид карда шуд. Хотирнишон карда шуд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Дар робита бо ин, аз аъзоёни Парлумони кишвар  тақозо карда шуд, ки бояд саъю кўшиши худро ба ин самт равона созанд.

Дар Паёми имсола қайд шудааст, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқукии шаҳрвандон аҳамияти калидӣ дорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Тибқи барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқӣ, омўзиш ва риояи қатъии  талаботи Конститутсия ва қонунҳо яке аз шартҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.

Дар Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ, эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2024 шарҳ дода шудааст, ки «Мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани падидаи ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазири нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ,    ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб  ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад»[4].

Масъалаи муҳими дар Паёми имсола мавқеи махсус дошта, эътибор ба таъмини волоияти қонун ва онро меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шуморидан мебошад. Иҷрои ин вазифа ба эътирофи мавқеи олии ҳуқуқии Конститутсия, волоияти он робита дорад. Воқеан таъмини волоияти қонунҳо аз риояи бечунучарои меъёр ва ҳолатҳои  Конститутсия шарти асосии фаъолияти самараноки ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бо ҳамин мазмун дар Паёми имсола гуфта шудааст, ки тамоми сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.  Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарин мебошад.

Дар Паём махсус қайд карда шудааст, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем[5]».

Ба ҳамин тариқ, Паёми имсола дар муайянсозии таносуби он бо Конститутсияи мамлакат ҳолатҳоеро дарбар гирифтааст, ки бо ҳам пайвандии  ин ду ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқии сатҳи олиро асоснок кардааст. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода хеле ба маврид қайд кардааст, ки «Дар таърихи муосири давлатдории миллати тоҷик Паёми Сарвари давлат ба сифати падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зуҳур ёфта, дар раванди инкишоф ва ояндасозии ҷомеа ва давлат нақши ба худ хосро касб намудааст. Зеро, Паём ҳамчун  муроҷиатномаи расмии Роҳбари давлат ба мардуми кишвар ва ҳуҷҷати таърихию  дастурамали фаросоҳавӣ, таҳлилию таҳқиқотӣ хусусияти ҳидояткунандагию уҳдадорсозандагӣ ва ҳатмӣ-иҷрошавандагиро доро мебошад».

Дар Тавзеҳоти қайдшуда ҳамчунин зикр ёфтааст, ки «Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон  ба донишҳои ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд[6]».

Албатта  робитаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фақат ба ҳолатҳои Паёми ҳарсола маҳдуд нест. Он мазмуну муҳтавои дигар санадҳои сиёсию ҳуқукии кишварро муайян менамояд. Ва дар асоси меъёр ва ҳолатҳои он санадҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва  сиёсии сатҳи гуногун қабул гашта, амал мекунанд. Бештар ба қабул ва татбиқи ҳуҷҷатҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ эътибор дода мешавад.  Масалан, доир ба масоилҳои мухталифи ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ Консепсияҳо ва Барномаҳои  сершумор қабул карда мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо дар заминаи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ тавлид меёбанд ва ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ва ё самтҳои ҷудогонаи он таъсири калон доранд. Дар ҳамин замина қайд кардан лозим аст, ки ба вуҷудоии падидаи Паёми Президент ба рушди конститутсионии сохтори давлатии Тоҷикистон робита дорад.

Сарчашмаи пайдоиш ва рушди падидаи Паёми Президенти ҶТ ба раванди  ботадриҷ мукаммалгардии Конститутсияи ҷумҳурӣ алоқаманд аст. Аммо бо мурури то рафт чуқур гардидани мазмун ва баланд гардидани нақши он дар муайян ва татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат таъсири он дар раванди такмилёбӣ ва мукаммалгар-дии Конститутсия ва қонунгузории ҷумҳурӣ меафзояд. Хусусан, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаю мулоҳиза ва хиради пешвоёна роҳбарӣ кардан ба таҳияи лоиҳаи паём ва гузориши он, аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳими олиро дар миқёси дохилӣ ва хориҷии мамлакат то рафт меафзояд.

Имомов Ашӯрбой 

Сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, н.и.ҳ., профессор. 

 

Адабиёт:

  1. Нигаред: Имомов А. Паёми Президент – доктринаи нави сиёсӣ-ҳуқуқӣ  //Имрўз  25 январи соли 2022. № 11;  Имомов А. Возникновение нового института – Лидера нации в Таджикистане // Известия Института философии, политологии и права НАНТ. 2022. № 1. –С.87-91.
  2. Рўзномаи «Ваҳдат». № 24 (416), декабри соли 2021.
  3. Рўзномаи «Ҷумҳурият» аз 26 декабри соли 2022.
  4. Рўзномаи «Ҷумҳурият» аз 2 январи соли 2024.
  5. Рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз 04 январи соли 2024.
  6. Нигаред: Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашри махсус бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022).

 

 

[1] Нигаред:  Имомов А. Паёми Президент – доктринаи нави сиёсї-њуќуќї  //Имрўз  NEWS. 25 январи соли 2022. № 11;  Имомов А. Возникновение нового института – Лидера нации в Таджикистане // Известия Института философии, политологии и права НАНТ. 2022. № 1. –С.87-91.

[2] Рўзномаи «Вањдат». № 24 (416), декабри соли 2021.

[3] Рўзномаи «Љумњурият» аз 26 декабри соли 2022.

[4] Рўзномаи «Љумњурият» аз 2 январи соли 2024.

[5] Рўзномаи «Љавонони Тољикистон» аз 04 январи соли 2024.

[6] Нигаред: Ахбори Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон (Нашри махсус бахшида ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 23 декабри соли 2022).

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia