Муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Точикистон бо Ҷумхурии Узбекистон дар замони имруза
- Чоршанбе, Апр 17 2024
- Андешаи муҳаққиқон
«Фарҳанг аз назари ман, оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндаги акс меёбад. Ва ин мизони дақиқу беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии зеҳни ҷомеъаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, сатҳи ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
Бузургтарин дастоварди инсон фарҳанг буда, ин омили муҳимест, ки қавму миллатҳо ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад ва равобити мамлакатҳоро равнақ бахшида, дар таҳкими риштаҳои дустӣ ва ҳамкориҳои бародарона нақши муҳим мебозад.
Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Точикистон бо мамолики Осиёи Марказӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор дорад.
Чи тавре ки маълум аст, баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ на танхо Тоҷикистон, балки тамоми Ҷумҳуриҳои собик Шуравӣ як муддат дар ҳолати бу
ҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, маънави қарор доштанд. Вале дар Тоҷикистон ин буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва ғояви буҳрони аз он ҳам шадидтари ичтимоӣ ва маънавиро ба вуҷуд овард. Мардуми Точикистон ҷанги бародаркуш – душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро, ки дар ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқуъ пайваст, аз хотир намебарорад. Маҳз дар ҳамин рузҳои сангин дар радифи дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ Ҷумҳурии Узбекистон аз имкониятҳои мавҷудаи худ истифода намуда, дасти ёрии беғаразонаи худро бародарвор ба халқу давлати мо дароз намуд. Мардуми мо инро ҳамеша, бо сипосгузорӣ дар хотираи худ нигоҳ медорад.
Барои мо тоҷикон робитаҳои дустона ва мустаҳками абади бо Узбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар нигаронида шудааст. Тоҷикистон бо ҳама душвориҳои дохилии оғози соҳибистиқлолиаш нигоҳ накарда, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ фаъолона ва вусъати бештар амал менамояд, ки ин ба афзудани нуфузу эътибори байналхалқии он мусоидат мекунад. Таҳкими равобит ва ҳамкоӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, таҳлилу омузиши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумхурии Узбекистон дар замони имруза қадами дигаре барои боз ҳам мустаҳкам кардани муносибатҳои фарҳанги ва ривоҷёбии он мебошад.
Умуман алоқаву муносибатҳои ҳамҷавории Точикистону Узбекистон, ки бо анъанаҳои бисёрасраи дустию бародарии халқҳои узбеку тоҷик асос ёфтааст, дар давраи истиқлолият ба маҷрои сифатан нав ворид гардид. Миёни Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон то имруз зиёда аз 70 санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки он оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангии ин ду давлат дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ба манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шудааст. Таи солҳои соҳибистиқлолияти миёни Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар аксар бахшҳои фарҳангӣ ҳамкориҳои судманди дуҷониба сурат гирифта, ҳусни тафоҳуми ҳамсояги муқаррар гардид.
Масъалаҳои таъмини рафтуомади бемамонияти мардум ба кишварҳои якдигар, ташкили рузҳо, ҳафтаҳо ва ҷашнвораҳои муштарак, пахши барномаҳои махсуси радио ва телевизион бешубҳа, муносибат ва ҳамзистии тоҷикону узбекҳоро тақвият мебахшад.
Созишномаи фарҳангие, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумхурии Узбекистон 26 марти соли 1992 ба тасвиб расид, бо мақсади рушди харҷи бештар ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории мавҷуда, дар руҳияи дустии анъанавии халқҳои тоҷику узбек, ки решаҳои чандинасраи таърихӣ ва умумият дар соҳаи фарҳангу анъанот доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.
Вазорати фарҳанги ин ду кишвар ҳамасола равобити фарҳангиро густариш бахшида, дар риштаҳои гуногун аз руи тақозои созишномаҳо ва қарордодҳои тарафайни ба имзо расида, иқдом меварзад.
Бахусус ду созишномае, ки баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, натиҷаҳои назаррасро ба вуҷуд овард.
1.Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумхурии Узбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва башардусти, ки 4 – уми январи соли 1998 дар шаҳри Тошкент ба мувофиқа расидааст ва аз 16 модда иборат аст.
Созишномаи мазкур дар асоси истифодаи анъана ва решаҳои таърихӣ ва қадимаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар инкишофи минбаъдаи равобитро дар соҳаи фарҳанг муайян намудааст, ки он ба густариши алоқаҳои байнидавлати ва ғани гардонидани фарҳанги ин халқҳо мусоидат менамояд.
- Аҳдномаи дустии абади миёни Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумхурии Узбекистон. Ин аҳднома соҳаҳои гуногунро дарбар гирифта, санаи 15 – уми июни соли 2000 – ум дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз 21 модда иборат аст.
Мутобиқи банду моддаҳои созишномаҳои зикршуда то ин вақт як қатор чорабиниҳои муҳими фарҳанги ба анҷом расид. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар ин муддат сурат гирифт, ин баргузории рузҳои фарҳангии Ҷумхурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон буд. Чорабинии мазкур 30 – юми июни соли 1998 баргузор гардида, дар он зиёда аз 300 нафар намояндагон аз ҷумлаи олимон, шоирон, нависандагон ва дигар ходимони фарҳанг аз ҷумҳурии мо ширкат доштанд. Ин як пешравие буд дар наздикшавӣ ва мустаҳкамии дустиву бародарии халқҳои ҳарду кишвари ҳамҷавор.
Машъали дурахшони дусти, ки мутафаккирони бузурги кишварҳои мо Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ фурузон карда буданд, ҳеҷ гоҳ хомуш нахоҳанд гашт. Натанҳо ходимони илму фарҳанги мо, балки корхонаҳои саноати, муассисаҳои кишоварзи ва сокинони мамлакатҳоямон муносибатҳои бевоситаи хешутабори ва дустию ҳамкори доранд. Дар иртиботи муносибатҳои фарҳанги дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади тарғиб ва инъикоси ҳаёти фарҳанги дар ҳарду кишвар ба гузаронидани фестивалҳо, сафарҳои ҳунари, табодули намоишгоҳҳои бадеи тавсеа бахшида мешавад.
Санъати мусиқии халқию касби як қисми ҷудонашавандаю таркибии фарҳанги милли буда, он дар тарбияи маънавию зебоипарастии мардум саҳми босазо дорад. Аз ин ру, дастаи ҳунармандони Точикистон бо истифода аз муқаррароти созишномаҳои дар боло зикрёфта соли 1998 ва соли 2003 дар фестивали байналмилалии суруду таронаҳои милли таҳти унвони «Шарқ тароналари» дар шаҳри Самарқанд ширкат намуда, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Моҳи майи соли 2003 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон ва сарпарастии ЮНЕСКО Фестивали байналмилалии «Бахори Бойсун» баргузор гардид, ки дар он ансамбли тарона ва рақси «Баёзи куҳистон» - и ноҳияи Тоҷикобод сазовори ҷоизаи аввал ва дипломи махсус дониста шуд. Ин аст, намунае аз дастовардҳои бузурги фарҳанги, ки шуҳрати мардуми мо ва ҷумҳурии моро дар ҷаҳон баланд бардошт.
Хушбахтона солҳои охир вазъи илму фарҳанг ва самтҳои марбутаи он бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ру ба беҳбуди меоварад. Бо изҳори шукрона аз сулҳу ваҳдати ҷовидон ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли зиё ва фарҳанги кишвар ҳамеша кушиш бар он доранд, ки беҳтарин суннатҳои милливу аҷдоди ва намунаҳои олии санъату ҳунари чаҳониро омузанд, ривоҷу равнақ диҳанд маданият, фарҳанги аҷдоди ва санъати волои миллии худро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Тайи даҳ соли охир гуруҳи ҳофизону ҳунарпешагони шинохтаи Узбекистон аз қабили Юлдуз Усмонова, Насиба Абдуллоева, Шерали Ҷураев, Озода Нурсаидова, Анвар Санаев, Севинч Муминова ва гуруҳҳои машҳури «Ялла», «Дадо», «Сетора» ба Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ доштанд. Ҳунармандони Ҷумхурии Узбекистон дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбии «Навруз - 2003» ва дар Фестивали байналмилалии «Фалак» солхои 2004 – 2006 ширкат намуда, маҳорати хешро нишон доданд.
Моҳи июни соли 2006 дар толори Намоишгоҳи марказии шаҳри Тошкент, ҳангоми баргузории вохурии вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони хамкориҳои Шанхай, намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар давоми понздаҳ руз ҳунари мусаввирони тоҷик таваҷҷуҳи тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб намуд.
Мувофиқи Шартномаҳои ҳамкориҳои эҷоди миёни Сиркҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соли 1999 имзо гардида буд, як гуруҳи ҳунармандони сирки давлатии Узбекистон ва гуруҳи дигар таҳти роҳбарии Фарҳод Раҷабов соли 2000 – ум ба муддати бист руз дар шаҳри Душанбе ташриф оварда бо ҳунари волои худ хотири ҳаводоронашонро шод гардонида буданд.
Дар соҳаи табъу нашр низ кормандони соҳа бо ҳам муносибатҳои наздик дошта, дар дарёфти масолеҳ ва таҷҳизоти полиграфи байни якдигар робитаҳои мустаҳками ҳамкори ба роҳ мондаанд. Чунончи 3 – юми марти соли 2000 – ум қарордоди хамкори миёни Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Точикистон ва Комбинати полиграфии шаҳри Тошкенти Ҷумхурии Узбекистон ҷиҳати ба табъ расонидани маводҳои чопи ба тасвиб расид. Тайи солҳои охир зиёда аз 4 000 нусха китобҳои дарси, ки дар корхонаҳои чопии тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон нашр гардидаанд, барои хонандагони тоҷикзабони мактабҳои Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурии мо ба таври ройгон фиристода шуд. Дусти сарҳад надорад ва дар оянда муносибатҳои дустиву фарҳангии Точикистон бо Узбекистон ривоҷу равнақи тоза хоҳад ёфт. Тавре ки Ҷалолиддини Балхӣ гуфта буд: «Ҳамдили аз ҳамзабони беҳтар аст».
Бо дарҷи далелҳои фавқ дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши равобити фарҳангӣ на дар сухан, балки дар амал шарики воқъеи буда, ин равобит ифодагари манфиат ва ояндаи неки ду кишвари ҳамсоя ва бародар мебошад.
Ҷангибекова С.,
унвонҷӯи бахши аввали
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги
ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ