«Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон саҳифаи навро боз менамояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд гардидани фарҳангӣ ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳангии аҳолӣ, шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии мардуми кишвар соли ҷориро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки умедворем дар ин сол тамоми масъулин, ҳуқуқшиносон, ВАО, барои боз ҳам сохтани як ҷомеаи муттаҳиди маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ камари ҳиммат мебанданду дар ин масир қадамҳои устувор мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониву мулоқот ва сӯҳбатҳои худ зикр намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти кишвар, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон омили асосии пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеа мебошад. Эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории кишвар, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.
Дар робита ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тавсиб расида, мувофиқи фармони мазкур соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Дар банди дуюми фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Дар ин асос, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 низ таҳия гардида, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Барои инкишофу такмили қонунгузорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ таъсири мусбат мерасонад, зеро ҳар чи қадаре, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва қонун, риояи бечунучарои қонунҳо дар кишвар рушд намоянд, мо ба ҳадафҳои конститутсионии хеш расем.
Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ бо роҳи тарғиб ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ басо арзишманд буда, яке аз омилҳои мустаҳкамии оилаҳо маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида мавриди амал қарор доранд.
Муқаррароти меъёрии моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф намуда, пешбинӣ кардааст, ки давлат онро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.
Дар ин модда уҳдадории давлат дар мавриди таҳти ҳимояи ҳуд гирифтани оила, ҳамчун асоси ҷамъият, таъкид шудааст. Давлат дар ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии марбут ба солимӣ ва пойдории оила худро ӯҳдадор мешуморад. Аз ҷумла, ғамхорӣ ба саломатии модар ва кӯдак, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми пиронсолӣ ва корношоямӣ, дастрас будани таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғ.
Бояд зикр кард, ки тамоми уҳдадориҳое, ки давлат дар самти ҳимоя ва дастгирии оила ба зимма гирифтааст, бевосита аз муқаррароти моддаи 25-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948) бармеояд. Дар Эъломияи ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалӣ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф шуда, таъкид гардидааст, ки модарон то давраи таваллуд ва баъди таваллуд бояд ба ғамхории махсус фаро гирифта шаванд.
Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ки фарогири ҳуқуқҳои инсон то синни 18-сола мебошад, дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дарҷ гардидаанд. Дар ин Конвенсия қайд шудааст, ки давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинишударо нисбат ба ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бе ягон табъиз (ҷудокунӣ, бартарӣ додан ва ё паст задан), сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ, асли миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидон ё парасторони қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар, эҳтиром ва таъмин мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимну вохӯрию сӯҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму уствор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.
Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун институт, мактаби бузурги тарбиядиҳанда ва ниҳоди муқаддас эътироф нардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ, сухан гуфтан ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона маҳз дар оила аз бар карда мешавад.
Яке аз санадҳои асосие, ки муносибатҳои оилавиро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, ин Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 13 ноябри соли 1998 қабул гардида, аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат мебошад. Кодекси мазкур паҳлуҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, масъулият ва вазифаҳои аъзои оила, ақдномаи никоҳ, синни никоҳӣ, ҳуқуқи кӯдак дар оила, пардохти алимент, фарзандхонӣ, васоят ва парастор, ҷавобгарии тарафҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад.
Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мустаҳкам гардидани оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, давлат баҳри беҳтар намудани шароити оилаҳо, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ғамхорӣ менамояд ва барои омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Донистани қонун ва риоя намудани он ба мустаҳкам гардидани оила ёрӣ мерасонад. Ҷавонон бояд донанд, ки танҳо никоҳи дар мақомоти ақди никоҳ бақайдгирифташуда қонунӣ буда, дигар шаклҳои бастани никоҳ оқибатҳои ҳуқуқиро ба вуҷуд намеорад.
Никоҳи ғайрирасмӣ, яъне никоҳе, ки дар ташкилотҳои ақди никоҳ ба қайд гирифта нашудааст, ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарро ба танзим дароварда наметавонад ва дар ҳолати бекор шудани никоҳҳои ғайрирасмӣ аксаран занҳо дар ҳолати ногувор мемонанд.
Тибқи моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд». Давлат кафолат медиҳад, ки ҳар оила ва узви онро таҳти ҳимояи худ гирад.
Дар баъзе мавридҳо оилаҳо ва шаҳрвандон аз нокифоя будани дониши ҳуқуқӣ то ҳол моҳияти қонунро дуруст дарк накардаанд. Кам нестанд оилаҳое, ки бе сабти қонунии никоҳ оила барпо карда, зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва тибқи қонунҳои ҷорӣ раъйи зану шавҳарро, ки ихтиёран оила барпо мекунанд, танҳо дар он ҳолат ба инобат мегиранд, ки онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда бошад. Бинобар ин аз қайди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаштани ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Танҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ҳуҷҷати асосӣ ва далели тасдиқкунандаи аз қайд гузаштани ақди никоҳ ба шумор рафта, ҳуқуқҳои зану мардро муқаррар менамояд.
Барои аз қайди никоҳ гузаштани навхонадорон мувофиқи моддаи 12-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои асосии ақди никоҳ пешбинӣ гардидааст:
- Розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳи доштани онҳо.
- дар сурати мавҷуд набудани монеаҳои дар моддаи 14 Кодекси оила зикрёфта.
- агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
- истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.
Шахрвандоне, ки хохиши бастани акди никохро доранд, ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли зисти яке аз тарафхо дар асоси аризаи муштарак мурочиат менамоянд, ки аризаи муштараки онхо асоси бакайдгирии давлатии акди никохи онхо мебошад. Дар аризаи онхо бояд ризоияти тарафхо барои бастани ахди никох, инчунин мавчуд набудани монеахои акди никох, ки конунгузории амалкунанда оид ба оила пешбинӣ намудааст, дарч шуда бошад. Илова ба маълумоти зикршуда аризаи муштараки никохшавандагон бояд хамчунин маълумоти зеринро дар бар гирифта бошад:
а) ному насаб, номи падар, руз, мох ва чойи таваллуд, синну сол, шахрвандӣ, миллат ва чойи истикомати хар кадоме аз тарафхо;
б) насабе, ки никохшавандагон барои худ ба сифати насаби умумӣ интихоб намудаанд;
в) маълумот оид ба хуҷчатхое, ки шахсияти никохшавандагонро тасдик мекунанд.
Ба макомоти сабти асноди холати шахрвандӣ илова ба аризаи муштарак дар бораи бастани акди никох хамчунин хуччатхои зерин низ пешниход карда мешаванд:
а) хуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти никоҳшавандагон;
б) хуҷҷати тасдиқкунандаи бекор шудани ақди никоҳи аввала, агар издивоҷкунандагон пеш дар ақди никоҳи дигар бошанд;
в) нусхаи шаҳодатномаи вафот, агар зан ё шавхар фавтида бошад;
г) ҳалномаи суд дар хусуси ризоият барои бастани ақди никоҳ, дар сурате ки агар никоҳшавандагон ноболиғ буда, ба синни никоҳи мукарраргардида нарасида бошанд;
д) агар яке аз тарафхои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, бояд хуҷҷати тасдиқкунандаи иқомат дар қаламрави Тоҷикистон на камтар аз соли охир ва аҳдномаи никоҳи басташуда ҳатман пешниҳод карда шавад.
Шахсоне, ки духтар ё писарро маҷбурӣ ба никоҳ розӣ мекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонун ҳам масъулияти ҷавононро пеш аз оиладоршавӣ ба назар мегирад. Дар қонунгузорӣ муҳлати як моҳ пеш аз қайди никоҳ ариза додани издивоҷкунандагон пешбинӣ шудааст, то ки ҷавонон дар ин муддат дар бораи шахси интихобкардаашон ва ҳаёти оиладорӣ хубтар мулоҳиза намоянд.
Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад. Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби таѓйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.
Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ѓайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамин тариқ, гуфта мешавад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар баъд аз ақди никоҳ ба вуҷуд меояд. Зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқанд ва дар назди оилаю ҷамъият вазифа ва масъулияти муайян доранд.
Гуфтан зарур аст, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми қатъ гаштани ақди никоҳ дар масъалаи тақсими молу мулк байни зану шавҳар норозигӣ ба вуҷуд меояд. Ҳap яке мехоҳад молу мулки гаронбаҳотарро соҳиб шавад. Одатан мардҳо даъво мекунанд, ки танҳо ҳудашон кор кардаанд ва талаб мекунанд, ки ба онҳо ҳиссаи зиёдтар ҷудо карда шавад. Тибқи Кодекси оила зану шавҳар бояд донанд, ки молу мулке, ки онҳо дар давраи ҳаёти якҷоя ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ба ҳисоб меравад ва дар тақсимот онҳо ҳуқуқи баробар доранд. Молу мулки шахсӣ ҳамон молу мулке ҳисоб меёбад, ки то давраи хонадорӣ ба онҳо тааллуқ дошт. Ғaйp аз ин, амволи истифодаи шахсӣ, аз қабили либос, пойафзол, асбобҳои ороиши занона ва мардона (соат, гӯшвор) моликияти шахсии зану шавҳар ҳисоб меёбанд.
Ҳарчанд зан дар давраи оиладорӣ дар ягон ҷо кор накарда бошад ҳам, вай дар кори хоҷагии хона, тарбияи фарзандон саҳми худро гузоштааст ва аз ин рӯ вай ба моликияти оила, ки дар давраи зиндагии якҷоя ҷамъ кардаанд, баробари мард ҳақ дорад.
Даромаде, ки зану шавҳар дар давраи зиндагӣ аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ, коғазҳои қиматнок, амволи харидашуда, новобаста ба он ки ба номи кӣ номнавис шудааст, амволи муштарак эътироф карда мешавад. Аз ин лиҳоз молу мулки муштарак дар зиндагӣ аз ҷониби зану шавҳар баробар истифода бурда мешавад.
Қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ, дар баробари бастани ақди никоҳи шаҳрвандон, аҳдномаи никоҳро ҳам байни зану шавҳар пешбинӣ намудааст, ки он ихтиёрӣ буда, аз ҷониби намояндагони нотариалии давлатӣ пеш аз никоҳ ё дар ҷараёни зиндагӣ тавассути шартномаи дутарафа тасдиқ мешавад.
Инчунин, дар асоси моддаи 32 ва 33-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқ буда, ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳалли будубош озод ҳастанд.
Ҳамзамон зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигар ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некуаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд. Онҳо ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд.
Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ѓамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиѓ ва ѓайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мақсад, мафҳум ва аломатҳои зӯроварӣ дар оила ва вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо ба танзим даровардааст.
Тибқи талаботи ин қонун зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.
Дар асоси муқаррароти Қонуни номбурда пешгирии зӯроварӣ дар оила - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.
Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст.
Зӯроварии рӯҳӣ дар оила - таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад.
Зӯроварии шаҳвонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиѓи оила содир шудаанд.
Инчунин, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 бо мақсади пойдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои оила, баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масъалаи оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсҷ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ѓамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила дар масъалаҳои амволӣ ва маънавӣ ва ѓамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.
Имрӯзҳо дар самти баробарҳуқуқии мардону занон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст ва занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар баробари мардон фаъолият менамоянд.
Аммо ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилиҳое ҷой доранд, ки онҳо ҳалли худро тақозо менамоянд.
Масалан аз таҳлилҳои оморию таҷрибаи зиндагӣ бармеояд, ки солҳои охир нисбатан зиёд шудани бекор гардидани ақди никоҳ, пош хӯрдани оила бахусус оилаҳои ҷавон ба назар мерасад, ки дар натиҷа кӯдакон аз таъминот, тарбия, таълим, меҳру муҳаббат ва навозиши падар ё модар дур монда, ба ҳолати руҳую ҷисмонӣ ва солимии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.
Қобили зикр аст, ки дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таъдиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 ба тасвиб расида, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. Волидайн вазифадоранд, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро барои амалишавии ин ҳадаф нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад.
Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастоварди даврони Истиқлолият мебошад, ки ба мардум имкон дод сатҳи рӯзгори худро баланд бардоранд. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат мебошад. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, мо ҳар як узви ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо, баҳри бунёди оилаи солиму устувор, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандон, дарк кардани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ ва огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ, корҳои фамондадиҳиро тавассути суҳбату вохӯриҳо, ВАО пайваста ба роҳ монем.Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилавӣ омили муҳими мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА - академики АМИТ,
доктори илми ҳуқуқ, профессор,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон