casino malaysia
casino malaysia
Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон (дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

wrapper

 

     Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба таври райпурсии умумихалқӣ, ки барои эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мардуми мо мебошад.
    Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд,”амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод кардданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30 солагии қабули Конститутсия, ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.”
Ҳамзамон, Пешвои муаззам қайд намуданд, ки“Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
     Ҷиҳати иҷрои нуктаҳои паём, муҳимтарин роҳи ташаккули сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони муосир, ин баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва истифодаи имкониятҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии шарвандони ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҳуқуқии шарвандони Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад.
      Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Дар Тоҷикистон сиёсати давлатӣ бо назардошти паём дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 "Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028" ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "27" ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.
       Дар санадҳои зикргардида қайд карда мешавад, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳар як кишвар ба таври гуногун сурат мегирад. Ва аксар вақт ба ин раванд хусусиятҳои таърихии рушди давлат таъсир мерасонанд. Аммо шубҳае нест, ки ҳар як ҷомеа мехоҳад бехатар зиндагӣ кунад ва маҳз барои ҳамин идеали рафтори ҳуқуқии худро ба вуҷуд меорад, ки мундариҷаи дохилии он ба арзишҳои муайяни ҳуқуқӣ асос ёфтааст.
        Аз ин рӯ, муваффақияти масъалаҳои мазкур бештар аз сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста аст. Фаъолияти ҳуқуқии шахс, мавқеи воқеии шаҳрвандии он, ҳассосият ба дигаргуниҳои демократӣ омилҳои муҳимтарини ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишуда мебошанд.
Дар зеҳни одамон бояд эътиқод пайдо шавад, ки танҳо шахсе, ки дониши ҳуқуқӣ дорад ва дар амал татбиқ кардани онҳоро медонад, шахси фарҳанги ҳуқуқӣ ва маълумоти ҳуқуқӣ  ҳисобида мешавад.
Фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ҳамчун маърифати ҳуқуқии хуб инкишофёфтаи шахс, асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Бо дарназардошти воқеиятҳои муосири сиёсиву ҳуқуқӣ, таъмин намудани барномаи мақсадноки тадбирҳо ҷиҳати ба таври куллӣ беҳтар намудани таҳсилоти ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар кишвар, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа муҳим мебошад.
Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати тайер кардани кадрҳои ҳуқуқиро талаб мекунад. Яке аз роҳҳои таъмини сифати таҳсилоти ҳуқуқӣ такмил додани раванди таълим, навсозии барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои нав мебошад.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон буда, ба воситаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад.    
Ба таври мунтазам амалӣ намудани тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба сатҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд ва шароит фароҳам меорад, ки онҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ истифода баранд, дар асоси қонун ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд ва уҳдадориҳои бо қонун танзимшавандаро ба иҷро расонанд.
       Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқӣ имрӯз набояд танҳо аз рӯи принсипи талаботи субъектони ҳуқуқ, балки ба урфу одатҳо ва арзишҳои баланди миллӣ  асос ёфта бошанд, амалӣ шавад. Дар амалияи маърифати ҳуқуқии муосир зарур аст, ки меъёрҳои ҳуқуқ, рафтори ҳуқуқӣ ва татбиқи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ ва эҳтиёҷоти ягонагӣ ва ҳамкории зичро ба вуҷуд оранд ва ҳавасманд кунанд.
Ҳамзамон, ба назари мо, тавсия дода мешавад, ки тамоми кушишҳои тарбиявиро ба ташаккули чунин рафторҳое равона созем, ки муборизаи шадиди дохилӣ байни ангезаҳои иҷтимоӣ-муфид ва шахсӣ дода нашаванд, балки натиҷаи чунин ангеза ба монанди ризоият ва тасдиқи шахс аз амалҳое, ки аз меъёрҳои ҳуқуқӣ бармеоянд, бартарӣ дошта бошанд.
Инчунин, барои мо хеле муҳим аст, ки фаҳмиши ҳуқуқро дар тамоми қишрҳои аҳолӣ ҳамчун воситаи муассиртарини танзими иҷтимоии муносибатҳо, табақабандии иҷтимоии ҳама ва ҳама, механизми ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки тамоми ҷомеа бояд ба фаъолияти беҳтарини он манфиатдор бошад, ҷорӣ намоем.
       Тамоми низоми таълими ҳуқуқӣ бояд ба табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқ карда шавад, яъне категорияи объекти тарбияи ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби сохтори муосири иҷтимоии ҷомеа муайян карда шавад, ки комилан ҳамаи категорияҳои аҳолиро дар бар мегирад – аз кудакони томактабӣ, то нафақахӯрон.
       Ҳангоми гузаштан ба ҷанбаҳои амалӣ, бояд қайд кард, ки тарбияи ҳуқуқӣ бояд ба тарбияи рафтори қонунии фаъоли шахс ва эҳтиром ба қонун бошад. Аз ин рӯ, дар тамоми қишрҳои аҳолӣ ҷорӣ намудани фаҳмиши махсуси ҳуқуқ ҳамчун воситаи муассиртарини танзими иҷтимоии муносибатҳо, табақабандии иҷтимоии ҳама ва ҳама, механизми ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки тамоми ҷомеа ба фаъолияти беҳтарини он манфиатдор аст, хеле муҳим аст.
Чуноне Президенти Академияи миллии илмои умурии Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар яке аз баромадҳои худ дар ҷаласаи олимони Академия қайд карданд, таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, ташвиқу тарѓиби он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тибқи паём ҷузъи ҷудонашавандаи вазифаи олимон ва зиёиён дар амалӣ гардидани паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад.
Дар ҳамин асно, диққати махсус ба интихоби мушаххаси категорияиҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ, ки  дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Дар ҳамин раванд ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иҷрои бечуну чарои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мусоидат менамояд, ки он 8 июни соли 2007 қабул гардид. Қонуни ёдрасшуда ба таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллй ва дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақш гузошт. Қонун бо тақозои рушди ҷомеа, низоми анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.      
Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии фарзандон ва худи  падару модарон ва дигарон нақши ҳалкунанда дорад. Зеро ояндаи давлату миллат ва ҷомеъа аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Ҳамин тариқ, самаранокии роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз он вобаста хоҳад буд, ки мақомоти дахлдор ва мо чӣ гуна ҷомеаро ба худидоракунӣ дар сатҳи баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқӣ омода менамоем.
Дар охир бояд қайд намуд, ки барои иҷрои паёми таърихии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2024-ро, соли “маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ҳама мо тамоми чораҳоро бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ андешем ва ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани  ин нуктаҳои паём, бо мақомотҳои марбутаи давлатӣ дар ҳамкорӣ бошем.
 
 
 
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
Мудири шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори
илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
 
Қодирзода Тоҳир Қамар Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
ходими пешбарӣ илмии шуъбаи
масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи
муосири Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов номзади
 илмҳои ҳуқуқшиносӣ. E-mail: t_ This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia