casino malaysia
casino malaysia
Муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Тоҷикистону Чин дар масири шарики стратегӣ

wrapper

Тоҷикистон ва Чин равобити дарозмуддат ва бисёрҷониба доранд, ки бахшҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ки дар фарҳанг, тиҷорат ва табодули афкор инъикос меёбанд. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд.
Аммо робитаҳои дипломатии муосир пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 ба таври фаъол инкишоф ёфтанд. Аз он вақт инҷониб ҳар ду кишвар барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳа саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.
Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи муколамаи созандаи сиёсӣ қарор доранд. Ин мулоқот ва боздидҳои мунтазами шахсони мансабдори олиро дар бар мегирад, ки ба таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳамкорӣ дар ташаббусҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат мекунад. Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраҳои мухталиф ба Ҷумҳурии Мардумии Чин борҳо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2023) анҷом додаанд.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муњтарам Си Ҷинпин дар солҳои гуногун чанд маротиба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карда буданд. Инҳоянд баъзе аз боздидҳои муҳим: сентябри соли 2013 муҳтарам Си Ҷинпин аз Тоҷикистон дидан карданд ва дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат доштанд. Июни соли 2019 муҳтарам Си Ҷинпин бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар он ҷо бо раҳбарияти кишварамон мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд ва ҳамчунин дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат карданд.
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатњои ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013, Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014, Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба аз 31 августи соли 2017 ва ғ. ба имзо расонида шуданд, ки заминаи мустаҳками рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддатро бар пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштанд.
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар низ механизми машваратҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст. Дар таърихи 10-солаи охир (2014-2024) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин сафарҳои расмию корӣ (22-25 июли соли 2015, 23 апрели 2018, 23-27 апрели 2023) ба Чин анҷом додааст. Узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 20-21 майи соли 2019, 23-27 апрели соли 2023 ва 19 майи соли 2024 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом додааст.
Ин сафарҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва амният дар Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд, аҳамият ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро таъкид менамоянд ва инчунин омодагии ҳарду кишварро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар бахшҳои мухталиф нишон медиҳанд.
Пайвандҳои иқтисодӣ, лоиҳаҳои инфрасохторӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ аз ҷузъҳои аслии равобити Тоҷикистону Чин аст. Чин ба тарҳҳои мухталифи зербиноӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони роҳҳо, иншооти энергетикӣ ва корхонаҳои саноатӣ фаъолона сармоягузорӣ мекунад. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба як системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кумаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикиро то андозае осон намуд. Ин гуна тарҳҳо ба рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкими ҳамгироии он дар минтақа мусоидат мекунанд.
Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни ду кишвар беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод. Чин яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки ба ин кишвар колоҳои мухталиф, аз ҷумла электроника, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содир мекунад. Тоҷикистон дар навбати худ ба Чин асосан алюминий ва дигар маҳсулот содир мекунад, ки ин ба амиқтар шудани вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Дар Тоҷикистон бо кумаки Чин чанд тарҳи муҳими зербиноӣ бунёд шудааст, ки аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро таъкид мекунад. Баъзе аз лоиҳаҳои асосӣ инҳоянд: роҳҳо ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ. Чин дар сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳҳои Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Намунаи чунин тарҳҳо сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Кӯлоб-Шӯроб мебошанд, ки ба долони нақлиёти байналмилалӣ шомиланд. Дар Тоҷикистон якҷо бо Чин тарҳи бунёди чанд нақби қобили таваҷҷуҳ иҷро шуд, мисли нақби Хатлон, нақби Шаҳристон, ки дар пайванди қисматҳои кишвар, беҳбуди дастрасии нақлиёт ва баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Онҳо инчунин ба рушди иқтисодии минтақа ва таҳкими робитаҳои инфрасохтории минтақаҳои гуногуни кишвар саҳм мегузоранд.
Дар Тоҷикистон якҷо бо Чин чанд тарҳи муҳими сохтмони биноҳои маъмурӣ низ амалӣ шудааст ва ё дар ҳоли иҷро қарор дорад. Сохтмони бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон ва бинои Парлумони Тоҷикистон аз ҷумла ин лоиҳаҳо мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба таҷдиди сохторҳои давлатӣ ва беҳбуди шароити кори хизматчиёни давлатӣ нигаронида шудаанд.
Мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамкории башардӯстона дар таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистону Чин нақши муҳим доранд. Мубодилаи донишҷӯён, фестивалҳои фарҳангӣ ва лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва амиқтар шудани робитаҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Мубодилаи донишҷӯён ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ дар таҳкими равобити фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмии Тоҷикистону Чин нақши муҳим доранд. Пеш аз ҳама ин мубодилаи донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак мебошад. Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин барномаҳои табодули онҳо сурат мегирад ва ин ба донишҷӯёни ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки дар кишвари дигар таҳсил ва зиндагӣ кунанд. Ин на танҳо ба мубодилаи академии дониш, балки ба мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстонаи байналмилалӣ мадад мерасонад. Донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии ҳарду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои тањқиқотии муштарак дар соҳаҳои гуногуни дониш ҳамкорӣ мекунанд, ки ба табодули таҷриба ва технология мусоидат мекунанд.
Шакли дигари ҳамкориҳо ин гузаронидани фестивалҳо ва намоишгоҳҳо мебошад.Ҷашнвораҳо ва намоишгоҳҳои фарҳангӣ барои муаррифии ҷанбаҳои анъанавӣ ва муосири фарҳанги Тоҷикистон ва Чин пайваста баргузор мешаванд. Ба ин намоишномаҳои мусиқӣ, рақсҳо, намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дохил мешаванд. Ва ниҳоят, курсҳои забономӯзӣ ва барномаҳои фарҳангиро бояд номбар намоем.
Курсҳои забономӯзӣ барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ, инчунин барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд, ки дар он иштирокчиён метавонанд бо анъанаҳо, таомҳо ва санъати кишвари якдигар шинос шаванд.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру синамои Чин рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст.
Омўзиши зaбoни чинӣ дap мyaccиcaҳoи тaҳcилoти oлии касбии ҷyмҳypӣ, aз чyмлa Дoнишгoҳи миллии Toҷикистон, Дoнишгoҳи cлaвянии Pуcия ва Тоҷикистон, Дoнишгoҳи дaвлaтии Хyҷaнд бa нoми aкaдeмик Б.Faфypoв, Дoнишгoҳи байналмилалии зaбoнҳoи хориҷии Тоҷикистон бa нoми С.Улyғзодa вa Дoнишгoҳи дaвлaтии oмӯзгopии Тоҷикистон бa нoми С. Айнӣ бa poҳ мoндa шyдaacт. Ифтитоҳи «Маркази табодули фарҳангӣ», марказҳои Конфутсий ҳамчун идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайванданд, метавон арзёбӣ намуд. Дар навбати хеш дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази таҳқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази тањқиқоти Тоҷикистон амал менамояд. Ин омил ҳамчунин саҳми муҳим дар ояндаи муваффақ ва устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мебошад.
Ин шаклҳои табодули фарҳангӣ ба амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми халқҳои Тоҷикистону Чин мусоидат мекунанд. Онҳо ба ҳифз ва рушди анъанаҳои фарҳангӣ мусоидат намуда, инчунин барои ҳамкории дарозмуддат дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм замина фароҳам меоранд. Чунин ташаббусхо ба мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстона ва барпо намудани пулҳои байни халқҳои ҳар ду мамлакат ёрӣ мерасонанд.
Ҳамин тавр, муносибатҳои Тоҷикистону Чин намунаи барҷастаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷаҳони муосир мебошанд. Тaҳлили paвoбити бисёрҷoнибaи Ҷyмҳypии Тoчикиcтон вa Ҷyмҳypии Mapдyмии Чин нишон медиҳад, ки дap дoиpaи Сoзмoни Ҳамкории Шанхай бaр зидди тeppopизм вa гapдиши ғaйpиқoнyнии мaвoди мyxaддиp чopaҳoи пpoфилaктикӣ вa дap caмти мyбopизa бo «ce бaдӣ» - тeppopизм, экcтpeмизм вa ceпapaтизм ҳaмкopиҳoи мyaccиppo бa poҳ мoндaaнд. Рaвoбити дyҷoнибa байни Тоҷикистону Чин нишон медиҳaд, ки мyнocибaтҳoи иқтиcoдии ду кишвap дap ҳoли pyшд қapop дopaнд. Ҳарду ҷониб омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши табодули фарҳангӣ ва ҳифзи субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорчўбаи «Як камарбанд, як роҳ» зоҳир менамоянд.
Тафоҳуми мутақобила, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва хоҳиши рушди муштарак унсурҳои асосӣ дар масири шарикии стратегӣ мебошанд. Интизор меравад, ки дар оянда равобити Тоҷикистону Чин дар ҳама бахшҳо дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ ва дўстии ҳасана, шарикии стратегӣ ва ҳамсоягии нек таҳким хоҳанд ёфт. Аз ин рў сафари давлатии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам мегӯем.

Саидумар Раҷабов - мудири Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, д.и.ҳ., профессор

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia