Skip to main content

ҶАШНИ САДА ВА ЭҲЁИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Тавре маълум аст, дар шароити соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар љашнҳои қадимаи ниёгон, аз ҷумла Наврўз, Меҳргон ва Тиргон Сада низ ҳамчун ҷашни муҳимми фарҳангӣ мақоми махсус касб намудааст. Зеро барои миллати тоҷик ҷашни Сада танҳо як ҷашни суннатӣ набуда, воситаи тарбияи ватандӯстӣ, ҳисси худшиносӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги куҳанбунёдамон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар раванди таърих ин ҷашн ҳамеша адолату инсондӯстиро тараннум намуда аст. Чуноне Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Қайд кардан ба маврид аст, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Тибқи навиштаи ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Аз он вақт инҷониб, Сада ҳамчун иди шукргузорӣ аз гармӣ ва рӯшноӣ дар миёни мардум ҷойгоҳи хос пайдо кард. Албатта, оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он бошад асоси идомаи ҳаёт мебошад.

Дарвоқеъ, барои ниёгони мо ин ҷашн рамзи нур, гармӣ ва умед ба зиндагӣ буд. Ҷашни Сада на танҳо хотираи таърихӣ, балки василаи таҳкими худшиносӣ, эҳтиром ба табиат ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар баробари ин, ҷашни Сада ба аҳамияти меҳнат, кишоварзӣ ва ҳамчунин муносибати оқилона намудан ба табиат ишора мекунад. Зеро пас аз Сада деҳқонон ба кишт ва корҳои баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Ин ҷашн мардумро ба умед, сабр ва ҳамбастагӣ даъват менамояд.

Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва зери сиёсати фарҳангпарварона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни куҳан дубора эҳё гардида, ҳамасола онро санаи 30-юми январ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Имрӯз ҷашни Сада ҳамчун қисми муҳимми мероси фарҳангии тоҷикон дубора эҳё гардида, бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишҳои идона бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Алалхусус, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои идона ва намоишу ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад. Воқеан ҳам Сада моро ба рӯшноӣ, дӯстӣ ва умеди фардои нек раҳнамоӣ мекунад ва ҳамчун пайванди зиндаи гузашта ва имрӯзаи фарҳанги тоҷикон боқӣ мемонад.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада дар шароити Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳёи фарҳанги миллӣ, ваҳдати иҷтимоӣ ва пайванди наслҳо аҳамияти бузург дошта, ҷойгоҳи худро дар ҳаёти маънавии ҷомеа мустаҳкам намудааст. Хусусан барои ҷавонон ва насли наврас ҷашни Сада ҳамчун хотираи зиндаи фарҳангии миллат аҳамияти муҳим дошта, онҳоро бо расму ойинҳои қадима шинос месозад.

Саидзода Ф.С. – ходими калони илмии ИФС АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123