Skip to main content

МЕҲРГОН: ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ, СУННАТҲОИ ҶАШНӢ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонӣ ва арзишманди фарҳангии мардумони эронитабор буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷузъи муҳими ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо ва хотираи таърихии ҷомеа мақоми худро нигоҳ доштааст. Ин ҷашн дар худ муносибати инсонро ба табиат, меҳнат, зиндагӣ, неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, инчунин мафҳумҳои меҳру муҳаббат, дӯстӣ, адолат ва ҳамбастагии иҷтимоиро таҷассум менамояд.

Аз ин рӯ, Меҳргонро танҳо ҳамчун як ҷашни мавсимӣ ё тақвимӣ баррасӣ кардан кофӣ нест. Онро бояд ҳамчун *падидаи фарҳангӣ*, яъне маҷмӯи арзишҳо, боварҳо, расму ойинҳо ва муносибатҳои иҷтимоии мардуми бостон омӯхт.

Таърихи Меҳргон ҳамчун падидаи фарҳангӣ. Решаҳои Меҳргон ба давраҳои хеле қадими таърихи фарҳанги мардуми эронитабор мерасанд. Номи он бо мафҳуми «меҳр» иртибот дошта, дар фарҳанги бостонӣ «Меҳр» ё «Митра» яке аз мафҳумҳои муҳимми ҷаҳонбинии ҳиндуэронӣ ба ҳисоб мерафт. «Меҳр» дар худ маъноҳои муҳаббат, дӯстӣ, паймон, садоқат ва равшаниро таҷассум мекард. Аз ин рӯ, ҷашне, ки ба номи Меҳр вобаста буд, табиист, ки бо арзишҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ пайванди амиқ пайдо мекард.

Дар бораи Меҳргон сарчашмаҳои зиёди таърихӣ маълумот медиҳанд. Яке аз муҳимтарин онҳо асари Абӯрайҳони Берунӣ *«Осор-ул-боқия»* мебошад. Берунӣ Меҳргонро иди бузург ва ҷашни умумии мардум номида, онро ба рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳр нисбат медиҳад. Дар ривоятҳои таърихӣ ва адабӣ пайдоиши Меҳргон ба Фаридун ва пирӯзии ӯ бар Заҳҳок низ нисбат дода мешавад. Дар ин ривоят Меҳргон рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, адолат бар зулм ва озодӣ бар истибдод мебошад.

Ҳамин ҷиҳат нишон медиҳад, ки аз замонҳои қадим ҷашнҳо танҳо барои шодмонӣ набудаанд, балки дар онҳо андешаҳои ахлоқию иҷтимоӣ низ таҷассум меёфтанд.

Мазмун ва моҳияти фарҳангии Меҳргон. Мазмуни асосии Меҳргонро метавон дар чанд мафҳуми калидӣ ҷамъбаст намуд: меҳр, дӯстӣ, меҳнат, ҳосил, фаровонӣ, табиат, адолат ва шукргузорӣ. Меҳргон пеш аз ҳама ҷашни меҳр аст. Меҳр ба инсон, меҳр ба ҷомеа, меҳр ба табиат ва меҳр ба зиндагӣ.

Ҷанбаи дигари муҳими он робитаи инсон бо табиат мебошад. Меҳргон дар фасли тирамоҳ, дар давраи ҷамъоварии ҳосил таҷлил мешуд. Дар ин мавсим натиҷаи меҳнати яксолаи кишоварз ва деҳқон ба даст меомад. Аз ин рӯ, ҷашн бо ҳосил, фаровонӣ ва баракат иртиботи мустақим дошт.

Дар ин замина, Меҳргон эҳтиром ба меҳнати инсонро низ ифода мекунад. Деҳқон ва кишоварз ҳамчун офарандаи неъматҳои зиндагӣ дар маркази ин фарҳанги ҷашнӣ қарор доштанд.

Аз ҷониби дигар, Меҳргон муносибати эҳтиромомези инсонро ба табиат таҷассум менамояд. Барои ниёгони мо табиат танҳо манбаи неъмат набуд, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии инсон ба ҳисоб мерафт.

Меҳргон дар адабиёт ва хотираи таърихии миллат. Яке аз далелҳои муҳими пойдории Меҳргон дар фарҳанги тоҷикӣ инъикоси он дар адабиёти классикӣ мебошад.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шеъри машҳури худ мегӯяд:

«Малика, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни шоҳону хусравон омад!»

Ин мисраъҳо нишон медиҳанд, ки Меҳргон дар давраи Сомониён низ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.

Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» Меҳргонро ба давраи Фаридун нисбат дода, онро бо оғози давраи адолату оромӣ пайванд медиҳад.

Дар осори Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ ва дигар шоирони классик низ номи Меҳргон борҳо омадааст. Ин осор нишон медиҳанд, ки Меҳргон дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба як бахши муҳими фарҳанги маънавии ҷомеа табдил ёфта буд.

Аҳамияти иҷтимоии Меҳргон. Аҳамияти иҷтимоии Меҳргон дар замони муосир низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Пеш аз ҳама, ин ҷашн метавонад дар таҳкими худшиносии миллӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дошта бошад. Миллате, ки таъриху фарҳанги худро мешиносад, метавонад арзишҳои миллии худро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд. Меҳргон, ҳамчунин арзиши тарбиявӣ дорад. Он инсонро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтироми табиат, қадршиносии неъматҳо, меҳрубонӣ ва муносибати нек ба дигарон ҳидоят мекунад.

Дар ҷомеаи муосир, ки инсон бо тағйироти босуръати иҷтимоӣ, технологӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошад, эҳёи арзишҳои маънавии ҷашнҳои миллӣ метавонад барои таҳкими робитаи наслҳо аҳамияти калон дошта бошад.

Меҳргон, инчунин метавонад воситаи пайванди насли гузашта бо насли имрӯз ва фардо бошад. Омӯзиши таърих ва расму ойинҳои он ба ҷавонон имконият медиҳад, ки худро ҳамчун идомадиҳандаи як фарҳанги куҳан эҳсос намоянд.

Меҳргон ва фарҳанги ҳифзи табиат. Яке аз паҳлуҳои муҳимми Меҳргон, ки имрӯз аҳамияти бештар пайдо кардааст, муносибати инсон ба табиат мебошад. Дар замони муосир масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ ба масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Дар чунин шароит арзишҳои табиатдӯстонаи Меҳргон метавонанд аз нигоҳи фарҳангӣ ва тарбиявӣ аҳамияти нав пайдо кунанд. Меҳргон ба инсон ёдрас мекунад, ки зиндагии ӯ бо табиат робитаи ногусастанӣ дорад ва эҳтироми Модар-Замин бояд як қисми фарҳанги зиндагии инсон бошад.

Меҳргон ҳамчун омили таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ. Ҷашнҳои миллӣ дар ҷомеа вазифаи муҳими иҷтимоӣ доранд. Онҳо мардумро гирди арзишҳои муштарак муттаҳид мекунанд. Меҳргон низ дар гузашта ҷашни умумии мардум буда, дар он табақаҳои гуногуни ҷомеа иштирок мекарданд. Шодмонӣ, дастархони идона, эҳтироми меҳнат ва ҷамъ омадани мардум фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро ба вуҷуд меовард. Имрӯз низ эҳёи суннатҳои неки Меҳргон метавонад барои таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги ҳамзистии созанда мусоидат намояд.

Меҳргон дар шароити ҷаҳонишавӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Ҷаҳонишавӣ аз як тараф имкониятҳои нав барои муаррифии фарҳангҳоро фароҳам меорад, аз ҷониби дигар, барои ҳифзи баъзе суннатҳои миллӣ мушкилоти муайян эҷод мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва муаррифии Меҳргон метавонад як роҳи муаррифии фарҳанги қадимаи тоҷикон ва арзишҳои умумибашарии дар он таҷассумёфта бошад. Зеро меҳру муҳаббат, дӯстӣ, адолат, эҳтироми меҳнат, табиатдӯстӣ ва шукргузорӣ арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба як миллат маҳдуд нестанд. Онҳо арзишҳои умумиинсонӣ мебошанд.

Зарурати таҳқиқоти илмии Меҳргон. Бо вуҷуди мавҷуд будани маълумоти зиёд дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, паҳлуҳои гуногуни Меҳргон ҳанӯз ҳам таҳқиқоти амиқтарро тақозо мекунанд.

Ба андешаи мо, омӯзиши Меҳргон бояд хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошад. Таърихшиносон, мардумшиносон, фолклоршиносон, адабиётшиносон, забоншиносон ва муҳаққиқони фарҳанг метавонанд дар омӯзиши ҳамаҷонибаи ин падида саҳми муҳим гузоранд. Зарур аст, ки расму ойинҳо, сурудҳо, бозиҳо, таомҳои суннатӣ, унсурҳои либос, рамзҳо ва дигар ҷузъҳои марбут ба Меҳргон ҷамъоварӣ ва таҳқиқ карда шаванд. Танҳо дар сурати омӯзиши илмии ҳамаҷониба мо метавонем моҳияти воқеии Меҳргонро ҳамчун падидаи фарҳангӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда дуруст муаррифӣ намоем.

Хулоса. Меҳргон танҳо як ҷашни бостонӣ нест. Он қисме аз хотираи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги маънавии миллати тоҷик мебошад. Таърихи он моро ба гузаштаи пурғановати фарҳангии ниёгонамон мепайвандад. Мазмуни он арзишҳои меҳру муҳаббат, дӯстӣ, меҳнат, фаровонӣ, адолат ва табиатдӯстро таҷассум менамояд. Аҳамияти иҷтимоии он бошад, пеш аз ҳама, дар таҳкими худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо, эҳтироми меҳнат, фарҳанги табиатдӯстӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, эҳёи Меҳргонро бояд на танҳо ҳамчун барқарорсозии як ҷашни қадима, балки ҳамчун раванди эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии миллӣ арзёбӣ намуд.

Меҳргон аз гузашта ба имрӯз омадааст, аммо арзишҳои он барои фардо низ аҳамият доранд. Зеро фарҳанг танҳо он чизе нест, ки аз гузашта ба мо расидааст; фарҳанг инчунин он меросест, ки мо бояд барои наслҳои оянда ҳифз ва бо мазмуни нав ба онҳо бирасонем.

Зоҳири САЙФУЛЛО, номзади илмҳои фалсафа,

ходми илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФС-и АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121