Skip to main content

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ҲАМЧУН АСОСИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, балки заминаи ташаккули модели муосири давлатдорӣ гардид, ки дар асоси арзишҳои конститутсионӣ ва принсипҳои ҳуқуқбунёди идоракунии давлатӣ бунёд шудааст.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии рушди давлатдории миллӣ муайян гардида, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин интихоб заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ фароҳам овард.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир масъалаи таҳкими давлатдорӣ, рушди мафкураи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) таъкид намуда буданд, ки дар шароити вазъи мураккаби геополитикӣ олимон ва муҳаққиқони кишвар бояд ба масъалаҳои таҳкими давлатдорӣ, рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи равандҳои демократикунонии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи дунявият яке аз рукнҳои асосии сохти конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Давлати дунявӣ ҳамчун шакли ташкили ҳокимияти сиёсӣ тавсиф мешавад, ки дар он давлат ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҳам ҷудо буда, ҳамзамон дар доираи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамоянд. Хусусияти асосии чунин давлат дар набудани дини давлатӣ, таъмини баробарии ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ, кафолати озодии виҷдон ва баробарии шаҳрвандон новобаста аз муносибати онҳо ба дин зоҳир мегардад.

Моҳияти модели дунявии давлатдорӣ дар Тоҷикистон аз он иборат аст, ки давлат бо нигоҳ доштани бетарафии идеологӣ ва мазҳабӣ барои таъмини ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ин ҳолат ба таъмини мувозинати манфиатҳои давлат, ҷомеа ва субъектҳои динӣ мусоидат менамояд. Ба ибораи дигар, дунявият дар шароити Тоҷикистон ҳамчун модели ҳамоҳангсозии манфиатҳои сиёсӣ ва динӣ баромад мекунад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва ҳуқуқи озоди пайравӣ ё напайравӣ ба динро кафолат медиҳад. Дар асоси моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад мустақилона муносибати худро нисбат ба дин муайян намояд, дар маросимҳои динӣ иштирок кунад ё аз онҳо худдорӣ намояд.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ давлати дунявӣ ҳамчун шакли махсуси танзими муносибатҳои давлат ва дин арзёбӣ мегардад. Аломатҳои муҳими он иборатанд аз: набудани дини расмӣ; баробарии ҳамаи конфессияҳо; ҷудоии институтсионалии давлат ва ташкилотҳои динӣ; дахолат накардани давлат ба фаъолияти дохилии ташкилотҳои динӣ ва худдорӣ намудани ташкилотҳои динӣ аз фаъолияти сиёсӣ.

Принсипи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо дигар меъёрҳои бунёдии сохти конститутсионӣ амал мекунад. Аз ҷумла:

– моддаи 1 давлатро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян мекунад;

– моддаи 5 инсон ва ҳуқуқҳои ӯро арзиши олӣ эътироф менамояд;

– моддаи 8 гуногунандешии сиёсӣ ва идеологиро кафолат медиҳад;

– моддаи 17 баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун таъмин менамояд;

– моддаи 26 озодии виҷдонро кафолат медиҳад.

Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои динӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими модели дунявии давлатдорӣ мебошад. Ин ҳамкорӣ ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешгирии ифротгароии динӣ мусоидат менамояд.

Дар ин замина, бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2018 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид, ки ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати давлатро дар муносибат бо дин муайян намуд.

Рушди давлатдорӣ дар шароити истиқлолият боиси бозандешии арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ гардид. Дар ин замина масъалаи ташаккули модели миллӣ ва ҳуқуқии дунявият аҳамияти хосса касб менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки дунявият ба маънои бединӣ ё инкори арзишҳои динӣ нест. Баръакс, дунявият механизми ҳуқуқии таъмини озодии эътиқод ва ҳамзистии осоиштаи намояндагони динҳои гуногун мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ташкилоти динӣ ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон муайян шудааст, ки барои анҷом додани ибодат, таълими динӣ ва паҳн намудани эътиқоди динӣ таъсис дода мешавад. Қонун шаклҳои гуногуни ташкилотҳои динӣ, аз ҷумла марказҳои динӣ, масҷидҳо, муассисаҳои таълимии динӣ, калисоҳо ва дигар сохторҳои мазҳабиро муайян намудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунрангии динӣ вуҷуд дорад. Дар баробари дини ислом, намояндагони дини масеҳӣ, яҳудӣ, баҳоӣ ва зардуштӣ низ фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳандаи таҳаммулпазирии динӣ ва гуногунандешии фарҳангӣ мебошад.

Таҳлили асосҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии муносибати давлат ва дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки модели дунявии давлатдорӣ яке аз механизмҳои муҳими таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи амнияти миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мебошад.

Дунявият ҳамчун принсипи бунёдии давлатдорӣ имкон медиҳад, ки байни манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ташкилотҳои динӣ мувозинати устувор ба вуҷуд оварда шавад.

Дар шароити таҳдидҳои муосири экстремизм, радикализм ва сиёсисозии дин, таҳкими принсипҳои дунявият аҳамияти стратегӣ дорад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамоҳангсозии арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва озодиҳои динӣ метавонад ҳамчун модели самараноки ҳамзистии давлат ва дин хизмат намояд.

Маликова Рухсора – докторанти (доктор PhD) соли аввали шуъбаи масоили

сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123