Skip to main content

ДОНИШМАНД ВА ШОИРИ БУЗУРГИ ТОҶИКУ ФОРС УМАРИ ХАЙЁМ

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайёми Нишопурӣ ё Умари Хайём (1048–1131) - файласуф, математик, астроном ва шоири машҳури тоҷику форс 17 (ё 18) майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур, ки дар Хуросон воқеъ аст, ба дунё омадааст. Ба шаҳодати Аҳмади Татовӣ дар «Таърихи алфӣ» асли баромади хонадони Хайём аз аҳли тоҷикони деҳаи Шамшоди Балх мебошад. Умар ва хоҳари хурдии ӯ Оиша дар хонадони як марди хаймадӯз ба дунё омадаанд. Аз синни 8-солагӣ Умар ба омӯзиши амиқи риёзиёт, нуҷум ва фалсафа оғоз кард. Дар 12-солагӣ ба шогирдӣ дар яке аз мадрасаҳои Нишопур қабул гардид. Баъдтар дар мадрасаҳои Балх, Самарқанд ва Бухоро таҳсил намуд. Дар он ҷо Умар фиқҳи исломӣ ва тибро омӯхта, соҳиби унвони «ҳаким», яъне табиб гардид. Аммо фаъолияти тиббӣ ӯро камтар ҷалб мекард. Умар бештар асарҳои риёзидон ва мунаҷҷими машҳур Собит ибни Қурра ва осори риёзидонони юнониро меомӯхт.

Дар синни шонздаҳсолагӣ Умари Хайём ба аввалин мусибат дар ҳаёти худ дучор гардид: ҳангоми вабо аввал падараш ва сипас модараш вафот карданд. Умар хона ва устохонаи падарашро фурӯхта, ба Самарқанд кӯч баст. Дар он замон Самарқанд маркази илмӣ ва фарҳангии эътирофшудаи Шарқ буд. Дар Самарқанд Хайём аввал шогирди яке аз мадрасаҳо мешавад, вале пас аз чанд баромадаш дар мубоҳисаҳо ӯ ҳамаро бо дониши худ чунон ба ҳайрат овард, ки ӯро аз шогирдӣ ба устоди мадраса гузарониданд.

Солҳои омӯзгории Хайём, ки ҷойгузини солҳои таҳсили ӯ шуданд, пур аз сахтиву оворагиҳо буданд ва ӯро на аз лиҳози моддӣ таъмин мекарданд ва на вақти кофӣ барои машғулиятҳои илмӣ ба ӯ боқӣ мегузоштанд. Илова бар ин дар ин даврон ҷангҳои бераҳмонае сар заданд, ки боиси харобии шаҳрҳо ва кишварҳо гардиданд. Мушкилоте, ки Хайём дидааст, бешак аз он сабаб вазнин буданд, ки ҷавонии ӯ бо солҳои аввали истилои сулолаи Салҷуқиён рост омад. Баъдтар Хайём дар муқаддимаи китоби «Алҷабр»-и худ дар ин бора бо чунин суханони талх иброз доштааст:

«Мо шоҳиди нобудии олимон будем, ки аз миёни онҳо танҳо як гурӯҳи хурди ранҷкашидае боқӣ мондааст. Сахтии рӯзгор дар ин замон монеи он шуд, ки онҳо худро ба такмил ва амиқтар кардани илми худ бахшанд. Кисми зиёди онҳое, ки ҳоло олим ном доранд, ҳақиқатро бо ботил мепӯшонанд ва дар илм аз доираи сохтакориву риёкорӣ берун намебароянд. Ва агар онҳо касеро вохӯранд, ки ба ҷустуҷӯи ҳақиқат ва дӯст доштани ростӣ фарқ мекунад ва кӯшиш менамояд, ки дурӯғу риёро рад кунад ва аз худситоиву фиреб даст кашад, ӯро мавриди таҳқиру масхараи худ қарор медиҳанд».

Мисли дигар олимони бузурги он замон, Умари Хайём дар ягон шаҳр дер боқӣ намемонд. Ин буд, ки пас аз чаҳор сол ӯ Самарқандро тарк карда, ба Бухоро рафт ва дар китобхонаҳо ба кор шуруъ кард. Дар давоми даҳ соле, ки олим дар Бухоро зиндагӣ мекард, чаҳор рисолаи бунёдӣ оид ба риёзиёт таълиф намуд.

Дар соли 1074 Хайёмро ба Исфаҳон, маркази давлати Салҷуқиён, ба дарбори султон Моликшоҳи I даъват карданд. Бо ташаббус ва сарпарастии вазири аъзами ин сулола - Низомулмулк, Умар Хайём мушовири руҳонии султон таъйин мегардад. Пас аз ду сол Моликшоҳ ӯро роҳбари расадхонаи дарбор, ки яке аз калонтарин расадхонаҳои олам дар он замон ба ҳисоб мерафт, таъйин намуд. Дар ин вазифа кор карда, Умари Хайём на танҳо машғулиятҳои риёзиро идома дод, балки ҳамчун астрономи машҳур низ шинохта шуд. Ӯ ҳамроҳи гурӯҳи олимон тақвими офтобиеро таҳия кард, ки нисбат ба тақвими юлианӣ ва баъдтар григориании масењї ҳафт сония дақиқтар буд. Хайём инчунин «Зиҷи Моликшоҳӣ»-ро тартиб дод, ки феҳристи хурди ситораҳоро низ дар бар мегирифт. Дар ҳамин ҷо, яъне дар Исфаҳон ӯ «Шарҳи мушкилот дар муқаддимаҳои китоби Уқлидус»-ро (соли 1077) дар се китоб навишт, ки дар онҳо аз ҷумла назарияҳои нисбат ва таълимот дар бораи ададро таҳқиқ кардааст.

Дар бораи таъйини Хайём ба ҳайси роҳбари расадхонаи дарбор ривояте бо номи «Ривояти се рафиқи мадрасагӣ» мавҷуд аст. Тибқи ин ривоят, ки онро Фазлуллоҳ Рашидаддин низ дар «Ҷомеъут таворих» овардааст, дар асри XI дар як шаҳр, дар як мадраса се ҷавон таҳсил мекарданд, ки бо хираду ақл ва мақсадҳои худ аз дигарон фарқ мекарданд. Онҳо зуд бо ҳам дӯст шуданд ва аҳд бастанд, ки ҳар кадоме кӯшиш мекунад ба зиндагии муваффақ бирасад ва ҳар касе, ки аввалин шуда ба ин мақсад расид, бояд самараи муваффақиятҳояшро бо дигар иштирокчиёни ин аҳди дӯстон бо ҳам бубинад. Нафари аввал Умари Хайём буд, ки баъдан астрономи варзида, риёзидони барҷаста ва шоири забардаст гардид. Ҷавони дуюм - Абуалӣ ал-Ҳасан буд, ки баъдтар вази шуда, лақаби марбут ба пешааш - Низомулмулкро гирифт. Иштирокчии сеюми ин қисса - Ҳасан ибни Саббоҳ, пешвои динӣ ва низомӣ, асосгузори урдугоҳи низориён буд, ки дар замони мо онро фирқаи «ассосинҳо» меноманд.

Аз миёни ин се дӯсти мадрасагӣ Низомулмулк баъдтар дар дарбори султони салҷуқӣ Алп Арслон ба мансаби вазирӣ расид ва ин вазифаро то дами маргаш иҷро кард. Баъди ин Умари Хайём назди дӯсташ омад, то аҳди бастаашонро ба ёдаш орад. Низомулмулк ба аҳдаш вафо кард ва ба ӯ вазифаи ҳокимии Нишопур ва мулкҳои тобеи онро пешниҳод намуд, аммо Хайёми илмдӯст ҳокимиро рад кард. Аз ин рӯ Низомулмулк барои олиму шоири барҷастаи оянда нафақаи бузурге таъйин намуд, то ӯ тавонад ба риёзиёт ва нуҷум машғул шавад. Сипас, бо маслиҳати ҳоким, ӯро ба вазифаи табиби дарбор таъйин карданд ва чанде пас як расадхонаи пурраро дар ихтиёраш гузоштанд. Низомулмулк Ҳасан ибни Саббоҳро низ дар канор нагузошт. Ӯро ноиби худ, яъне ёрдамчии асосӣ таъйин кард, аммо ба Ҳасан ибни Саббоҳ тобеъ будан ба дӯсташ хуш наомада, ӯ роҳи худро пеш гирифт. Баъдтар Ҳасан бо Низомулмулк душманӣ ва бо салҷуқиён мухолифат карда, барои мубориза бо онҳо як фирқаи диниро асос гузошт.

То кадом андоза ривояти мазкур асоси воқеӣ дорад, маълум нест, вале мусаллам аст, ки Умари Хайём пас аз марги сарпарастонаш - султон Моликшоҳ ва вазир Низомулмулк соли 1092 маҷбур шуд, ки пойтахти салҷуқиёнро тарк кунад. Солҳои ҳукмронии ҳамсари Моликшоҳ - Турконхотун ва вориси ӯ султон Санҷар барои Хайём вазнин афтоданд ва ӯ ба зодгоҳаш Нишопур баргашт.

Дар бораи соатҳои охирини ҳаёти Хайём аз забони ҳамзамони ҷавонаш - Байҳақӣ, ки ба суханони домоди шоир такя мекунад, чунин баён доштаанд: «Рӯзе ҳангоми мутолиаи китоби «Шифо»-и Абуалӣ ибни Сино, Хайём наздик шудани маргро эҳсос кард (дар он вақт ӯ аллакай аз синни ҳаштод гузашта буд). Ӯ мутолиаи фасли марбут ба масъалаи душвортарини метафизикӣ бо номи «Воҳид дар касир» (Ягонагӣ дар бисёрӣ)-ро қатъ кард, мисвоки тиллоиеро, ки дар даст дошт, дар байни варақҳо гузошт ва китобро пӯшонд. Сипас наздикону шогирдонашро даъват карда, васиятнома навишт ва пас аз он дигар на ғизо хӯрду на об. Баъди адои намози хуфтан, сар ба саҷда гузошт ва дар ҳоле ки бар зону нишаста буд, гуфт: «Худоё! То ҷое ки тавон доштам, кӯшиш кардам то Туро бишносам. Маро бубахш, зеро аз он, ки Туро шинохтам, ба Ту наздик шудам!».

Бо ҳамин суханон дар лаб, Умари Хайём 4 декабри соли 1131 дар Нишопур аз олам чашм пӯшид.

Умари Хайём дар тамоми ҷаҳон ҳамчун шоири барҷаста ва муаллифи силсилаи рубоиёти фалсафӣ машҳур аст. Ӯ инчунин дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон шоири миллӣ дониста мешавад.

Умари Хайём дар фалсафа пайрави Абуалӣ ибни Сино буд. Бинобар ин, ӯ нисбат ба Ғаззолӣ, ки аз ӯ даҳ сол хурдтар буд ва ба афкори фалсафии Сино таҳаммулнопазирии интиқодӣ дошт, бо эҳтиёт муносибат мекард. Аз ин гуна муносибати Ғаззолӣ ба Сино бӯи таассуби кӯр-кӯрона меомад ва ин ҳолат Умари Хайёмро сахт нигарон карда буд. Аз ин рӯ, ӯ аз машғулиятҳои илмии худ вақт ҷудо карда, хутбаи тамҷидияи Ибни Синоро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин тарҷумаро бисёриҳо хонданд ва ин тавонист, ки ба бадгӯёни Абуалӣ ибни Сино муқовимат кунад.

Хайём бо таҳияи таснифоти муодилаҳои кубӣ (дараҷаи сеюм) ва ҳалли онҳо бо ёрии буришҳои махрутӣ дар илми алгебра саҳми бузург гузоштааст. Ӯ инчунин бо таҳияи дақиқтарин тақвим аз миёни тақвимҳои ҳоло истифодашаванда маъруф аст. Дар маҷмуъ, дар соњаи математика Умари Хайём бо кашфи таснифи муодилаҳои кубӣ онњоро бо роҳи бурришњои конусӣ ҳаллу фасл намуд. Ин исботи теоремаҳои геометрӣ ќабл аз геометрияи Н.Н. Лобачевский (1792-1856) ва Б. Риман (1826-1866) буд. Ӯ ба алгебра формулаи биномро ворид сохт, ки баъдтар бо номи биноми Нютон машҳур гардид. Ҳамзамон, Хайём пешгӯӣ карда буд, ки муодилаҳои кубї се решаи мусбат доранд, ки бо формулаи Љ. Кардано (15010-1576) баъдтар исбот гардид. Ин мутафаккир таносубҳои Евклидро (325-265 то мелод) бо назарияи ададӣ иваз намуд. Ӯ инчунин бори аввал дар илм тавсеаи мафҳуми ададро то адади аслии мусбат асоснок намудааст. Ин фаъолияти Хайёмро шогирдонаш Музаффар Асфизорӣ, Абдурраҳмон Ҳозинӣ ва дигарон идома доданд.

Осори Умари Хайём асарҳои зеринро дар бар мегирад:

- оид ба математика - як рисола оид ба алгебра, ки унвон надорад, «Мушкилат алҳисаб», «Рисала фи-л-бараҳин ала масаил алҷабр ва-л-муқабала», «Шарҳ ма ашкала мин мусадарат китаб Уқлидус» ва ғайра;

- оид ба астрономия - рисолаи нопурраи «Зиҷи Моликшоҳӣ» ва ғайра;

- оид ба фалсафа - «Рисалат алкавн ва-таклиф», «Алҷаваб ан салас масайил», «Аззийаъ алақли фи мавзуъ алилм алкуллӣ», «Рисала фи-л-вуҷуд», «Рисала фи куллияти-л-вуҷуд» (ё «Равзат-ул-қулуб»);

- дар соҳаҳои дигар – «Шарҳ алмушкил мин китаб алмусиқӣ», «Мухтасар фи-т-табиийат», «Лавазим аламакин», «Мизан-ул-ҳикам» (ё «Дар санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар ҷисми мураккаб»), «Наврӯзнома» ва силсилаи рубоиёт.

Аз асарҳои мазкур ду рисолаи охирӣ ва рубоиёти шоир комилан бо забони тоҷикӣ таълиф шудаанд. Ба Умари Хайём рисолаҳои дигари илмӣ оид ба назарияи мусиқӣ, физика, география, тиб ва ҷадвалҳои астрономӣ, аз ҷумла «Дар бораи қистоси мустақим», «Сухан дар бораи навъҳое, ки аз чаҳоряк ҳосил мешаванд» ва ғайра, инчунин тарҷумаи хутбаи тамҷидияи Ибни Сино аз арабӣ ба тоҷикӣ низ мансуб дониста шудаанд.

Донишманд ва шоири бузурги тоҷику форс Умари Хайём аз даврони зиндагияш шуҳратёр буда, дар ақсои Шарқ афкору ашъори ӯро мардум пайваста гиромӣ медоштанд. Дар Ғарб низ баъди тарҷумаи озоди ашъори ӯ ба забонҳои лотинӣ ва англисӣ, ки аз ҷониби Эдвард Фитсҷералд соли 1859 сурат гирифта, дар шакли достони комил бо шумули 101 рубоӣ таҳти унвони «Рубоиёти Умари Хайём» ба нашр расиданд ва минбаъд ба забонҳои дигар, аз ҷумла ба забони русӣ аз тарафи Осип Румер тарҷума шуданд, шуҳрати ин файласуфи озодфикр, табиатшиноси барҷаста ва шоири рубоисарои тоҷику форсро оламшумул гардониданд.

Сарчашмаҳо

  1. Гулиа Г.Д. Сказание об Омаре Хайяме // https://wysotsky.com/0009/084.htm (дата обращения: 14.01.2026).
  2. Муллоаҳмад М. Ҳаким Умари Хайём ва рубоиёти асили ӯ. – Душанбе: Дониш, 2019. – 192 с.
  3. Омар Хаййам. Трактаты. – М.: Изд-во восточной литературы, 1961. – 338 с.
  4. Омар Хайям // https://www.litres.ru/author/omar-hayyam/about/?ysclid=mk7yf8fjnf905972950 (дата обращения: 10.01.2026).
  5. Розенфельд Б.А., Юшкевия А.П. Жизнь и творчество Омара Хаййама. - С. 11-66 // Омар Хаййам. Трактаты. – М.: Изд-во восточной литературы, 1961. – 338 с.
  6. Умари Хайём. Рубоиёт. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. – 236 с.

Таҳияи Хуршед Зиёї,

доктори илмњои фалсафа, профессор,

муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии

ба номи А. Бањоуддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123