КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЛСАФАИ ИБНИ СИНО” ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Имрӯз дар таърихи 15.08.2025, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов ба хотири гиромидошти 1045 солагии яке аз донишмандони бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” баргузор гардид.
Дар кори конфренсия сарравал президенти АМИТ, д.и.и, профессор, академики АМИТ Хушвахтзода Қ.Х сухани ифтитоҳӣ намуда, ҷойгоҳи Ибни Синоро дар рушди илми ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуданд. Баъдан директори ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинов д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д сухани табрикотӣ намуда, ҳозиринро ба 1045 солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино табрик намуданд ва иброз доштанд, ки осори Ибни Сино бо гузашти зиёда аз 1000 сол то ҳол дорои аҳамияти илмӣ мебошанд.
Дар кори конфренсия донишмандон ва олимони кишвар иштирок намуда, доир ба асолатӣ миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино маърузаҳо намуданд. Аз ҷумла, Абдуллозода М.– мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мавзуи “Ибни Сино-нобиғаи тоҷик дар фалсафа ва тиб” маъруза намуда, нақши ҷаҳонии Ибни Синоро дар ин ду ришта баррасӣ намуданд.
Инчунин Холиқзода А.Ғ – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ, профессор дар мавзуи “Абуалӣ ибни Сино ва назарияи органикии пайдоиш ва рушди давлат ва ҳуқуқ”, Диноршоева З.М– сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинов д.и.ф., профессор дар мавзуи “Ибн Сина философ мирового значения и представитель таджикской философии (к вопросу о национальной философской традиции)”, Асрорӣ М - сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинов н.и.ф дар мавзуи “Масъалаи одоб ва фазилати инсон дар таълимоти иҷтимоӣ-ахлоқии Абуалӣ ибни Сино”, Махшулов М ходими пешбари илмии Маркази синошиносӣ дар мавзуи “Абуалӣ ибни Сино донишманди тоҷиктабор”, Раҳимов Муҳсин – д.и.ф., профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДТТ ба номи М.С.Осимӣ дар мавзуи “Масъалаи инсон аз дидгоҳи Шайхурраис” ва Одинаев Ҳ.С – омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии Колеҷҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Назаре ба фалсафа ва қивмияти Абуалӣ ибни Сино” маъруза намуданд.
Дар ҷамъбасти конфренсия саволу ҷавобҳо роҷеъ ба осору аҳволи Абуалӣ ибни Сино сурат гирифт.
