Skip to main content

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ЗАБОН ҲАМЧУН ПОЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ” ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ

Дар таърихи 5 октиябри соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забон ҳамчун пояи худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар он маърузаи номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи маъалаҳои фалсафии дин Илҳом Қурбоншоев “Забони миллӣ дар сархати ҳувияти миллӣ” шунида шуда, оид ба масъалаҳои баррасишуда доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода – директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Нуриддин Саид – сарходими илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Х.М. Зиёӣ – муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинов ва дигарон изҳори андеша намуданд.

Аз ҷониби маърузакунанда, баромадкунандагон ва иштирокиёни дигари семинар таъкид гардид, ки забон ва ҳувият ҳамчун ду ҷузъи ҷудонопазир дар зерсохторҳои ҷомеаи инсонӣ, дар арсаи робитаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Забон дар эҷод ва баёни ҳувият ҳамеша нақши муҳим доштааст. Дар замони постмодернӣ ба иллати фурӯ рафтани бархе аз нишонаҳои ҳувият, монанди нажод, ин нақш ба ҳадди боз ҳам муҳимтар боло рафт. Забон ва ҳувият дар фазои иқтисоди байналмилалӣ ва ягонагии расонаҳо дар саросари ҷаҳон ба тағйироти ҷиддӣ дучор омадаанд, тағйироте, ки ҷараёни сарват, қудрат ва ниҳодҳоро дар бар мегирад ва сабаби парокандашавии баъзе ҳувиятҳо ва шакл гирифтани ҳувиятҳои нав мешавад.

Иштироккунандагони семинар қайд намуданд, ки дар таърихи тоҷикон забони тоҷикӣ ҳамчун як абзори муҳим барои эҷод намудани ҳувият ва ҳамбастагии миллӣ будааст. Дар тули таърих ҷомеъаҳои гуногун ва мураккаб аз қавмҳои гуногуни сокин дар сарзамини Тоҷикистон аз тариқи гуфтор ба забони тоҷикӣ ба ваҳдат расидаанд, зеро забон гузашта, имрӯза ва ояндаро ба ҳам пайванд мекунад ва абзори интиқоли фарҳанги ин қавмҳо аст. Аз ин ҷост, ки фарқияти қавмҳо ва ҷомеъаҳои гуногуни кишварамон дар тули таърих аз фарқияти фарҳанги онҳо буда, дар ҷомеаи умумӣ аз истилои араб то ба ҳокимияти шуравӣ муттаҳидкунандаи онҳо забони тоҷикӣ будааст.

Ҳамзамон, дар семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забон ҳамчун пояи худшиносии миллӣ” ширкаткунандагон оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё, интишор ва таҳкими мақоми он дар даврони истиқлоли давлатӣ сухан ронданд.

Семинари илмӣ-амалӣ дар руҳияи умумии арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва таъкиди нақши он дар ҳувияти миллии тоҷикон ҷамъбаст гардид.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121