МАНТИҚШИНОСИ ВАРЗИДАИ ТОҶИК
Илми фалсафаи тоҷик дар солҳои 60-70-уми асри гузашта ба пешрафтҳои ҷиддӣ ноил шуда буд. Ба туфайли мактаби фалсафии таъсисдодаи академик Аловуддин Баҳоваддинов як гурўҳ олимони он солҳо, аз ҷумла, Муҳаммад Болтаев, Мӯсо Раҷабов, Мунзифа Ғаффорова, Ғаффор Ашӯров ба таълиму таълифи осор дар соҳаҳои таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, коммунизми илмӣ, диншиносӣ машғул шуда, саҳми намоён дар рушди фалсафа дар Тоҷикистон гузоштанд.
Дар пайравӣ ба онҳо гурўҳе аз ҷавонони он солҳо ба таҳқиқи проблемаҳои актуалии фалсафа машғул шуданд ва корҳои назаррасро анҷом доданд, ки дар доираи файласуфони Иттиҳоди Шӯравӣ асарҳояшон мавриди эътироф қарор гирифт. Дар қатори ин олимони ҷавон муҳаққиқи соҳибзавқ Неъматулло Сайфуллоев ба таҳқиқ машғул шуда, дар риштаи таърихи фалсафа ва мантиқ мавқеи шоиста касб намуд.
Мо ҷавонони ба фалсафа шавқ доштаи он давра, таҳти роҳбарии устодони шинохта проблемаҳои муҳими таърихи фалсафаро, ки қаблан таҳқиқ нашуда буданд, интихоб намуда, кўшиш мекардем саҳифаҳои норавшани афкори гузаштаи халқи тоҷикро беҳтар ва хубтар муайян кунем.
Яке аз ин шахсони ба таҳқиқи проблемаҳои таърихи фалсафа, махсусан мантиқ шуғлварзида, ҳамкори мо Неъматулло Сайфуллоев мебошад, ки дар ҷараёни кори илмӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамкориамон ба дўстии қавӣ табдил ёфт ва хушбахтона то имрўз идома дорад.
Неъматулло Сайфуллоев шахси дар илм ва таълим хеле ҷиддӣ, серталаб ва масъулиятшинос мебошад. Ў аз ҷумлаи олимони мантиқшиноси мо баъд аз устод А. Баҳоваддинов ва Муҳаммад Болтаев шахсе мебошад, ки дар натиљаи заҳматҳои пайдарпай соҳиби унвони доктори илм ва рутбаи профессорӣ гардида, бо осори худ илми мантиқро дар ҷумҳурии мо хеле интишор дод ва имрўз дар ин ришта устоди соҳибназар ва муваффақ шинохта шудааст.
Профессор Неъматулло Сайфуллоев дар байни мутахассисони мантиқшиносони ҷумҳуриямон шахси сермаҳсул ба ҳисоб меравад. Асарҳои ў дар бораи таълимоти мантиқии Ибни Сино, Абўбакри Розӣ, мантиқи замони Мавлоно, Насируддини Тўсӣ ҷузъи муҳими таҳқиқи проблемаҳои мантиқ дар таърихи фалсафаи тоҷику форс мебошанд. Ў мантиқро на танҳо дар паҳнои таърихӣ таҳлил кардааст, балки чун ҷузъи муҳими фарҳанг ва тафаккури мантиқӣ низ баррасӣ намуда, барои ҳалли проблемаҳои методологияи таҳқиқ аҳамияти махсусе додааст.
Неъматулло Сайфуллоев кори таҳқиқотро бо таълим тавъам идома дода, барои мактабҳои олӣ чандин китобҳои дарсӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла, китоби «Мантиқ», ки бо ҳаммуаллифии профессори россиягӣ Ю.В. Ивлев навишта шудааст, аз китобҳои муҳими таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар асарҳои алоҳида ва мақолаҳои илмии худ Н. Сайфуллоев ба мавзуҳои методология ва мантиқ, мантиқ ва забон, мафҳумҳо ҳамчун навъи махсуси фикр, масъалаҳои қазия, қонунҳои мантиқӣ, хулосабарорӣ, натиљагириҳои индуктивӣ ва дедуктивӣ, исбот ва раддия диққати махсус додааст. Ақидаи Н. Сайфуллоев дуруст аст, ки мантиқ на танҳо имрўз, балки дар давраҳои қадим низ қисми таркибии илмҳо будааст.
Файласуфони бузурги гузаштаи мо, махсусан, Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тўсӣ, Абўбакри Розӣ, Фахруддини Розӣ ва дигарон қабл аз баёни масоили ҳастишиносӣ, маърифат, масоили ахлоќ ва зебоишиносӣ, аксаран аввалтар аз ҳама, ба таҳқиқ ва баёни қоидаҳои мантиқ мепардохтанд. Профессор Неъматулло Сайфуллоев ҳамчун олими варзида дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маърўзаҳо карда, барои боз намудани гиреҳҳои мушкили мантиқ ва илм саҳми муҳим гузоштааст.
Чунончи маърузаҳои илмии ў дар Симпозиуми байналмилалии ба муносибати 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзуи «Илм дар замони Ҷомӣ» конференсияи байналмилалии Маскав «Роҷеъ ба мавқеи Насуриддини Тўсӣ» (соли 2015), «Илм ва фарҳанги Юнони қадим» дар Афина соли 2015 ва ғайра нишондиҳандаи эътибори баланди илмии олими мо мебошад.
Неъматулло Сайфуллоев аз мутахассисони беназири мантиқ мебошад. Бинобар ин, солҳост, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славиянии Руссия ва Тоҷикистон ва дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси мудир, устоди раҳнамо фаъолият намуда, барои тарбияи шогирдон ҳиссаи муносиб гузоштааст. Неъматулло Сайфуллоев дар рафоқат низ шахси устувор ва вафодор мебошад.
Сафарҳое, ки дар конференсияҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои фалсафӣ доштем, ин андешаро тасдиқ мекунад. Масалан, дар яке аз сафарҳоямон барои иштирок дар конфронси умумиитифоқии методологӣ ва назариявӣ оид ба таърихи фалсафа дар шаҳри Маскав бо рафиқони дигарамон Аҳмадҷон Муҳаммадҳоҷаев, Моҳирхўҷа Султонов якҷо маърўзаҳо карда, вақтро бо ҳам хеле хуб мегузарондем, ки аз дўстию рафоқат ва ҷиддият дар сўҳбатҳои илмӣ таваҷҷўҳи олимони ҷумҳуриҳои дигар ба гурўҳи мо ҷалб мешуд ва чунин рафоқатро ҳавас менамуданд.
Бо Неъматулло Сайфуллоев шўхиҳо ва ҳазлҳои ҷолиб менамудем, ки то имрўз дар хотир нақш бастааст.Неъматулло Сайфуллоев яке аз муаллифони китоби сеҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба забони русӣ ва панҷҷилдаи он ба забони тоҷикӣ буда, мақолаҳои он оид ба мантиқ ба қалами ин олими мо тааллуқ дорад. Яке аз хислатҳои муҳими Неъматулло Сайфуллоев ҷиддият ва сахтгирӣ нисбат ба шогирдон мебошад.
Мо солҳо хостори тарбияи номзадҳо ва докторҳои илм аз ин олими сахтгир будем ва хушбахтона, дар солҳои охир ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хуб маҳтуф намуда, дар соҳаи мантиқ номзад ва доктори илмро тарбия намуда, хидмати арзандаро барои ин соҳаи муҳими илм иҷро намуд.
Дўст ва ҳамкори арҷманди мо Неъматулло Сайфуллоев дорои иродаи қавӣ ва оптимизм мебошад. Ба устод Сайфуллоев Н.М. саломатии бардавом, саодат ва дастовардҳои навини илмиро орзу дорем. Устоди накўкор ҳоло дар ҷодаи камолоти эҷодӣ қарор доранд. Дар ин самти фаъолият, бигзор устоди гиромиқадр боз ҳам бештар комёб шуда, шогирдони бештареро тарбия намоянд!
Академик, Олимов Кароматулло
