МУҲАҚҚИҚИ ФАРҲЕХТАИ ФАЛСАФАИ ТОҶИК
Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем.
Эмомалӣ Раҳмон
Донишманди асили муосири тоҷик Муродова Тоҷинисо яке аз муҳаққиқони намоёни илми тоҷик ҳисобида мешавад. Ногуфта намонад, ки ин зани поксиришт ва донишманд аз зумраи он шахсиятҳое ҳисобида мешавад, ки умри хешро дар ҷодаи илму маърифат ва баҳри манфиатҳои ҷомеа сарф намуда, моҳияти зиндагиро дар пажуҳишу омўзонидан ва хайрхоҳӣ мебинанд. Ў шогирдони зиёдеро дар Академияи илмҳо таълим дода, инчунин дар самтҳои гуногуни ҳаёти моддиву маънавии тоҷик нақши назаррас гузоштааст. Муродова Тоҷинисо аз аввалин бонувоне буд, бо иродаю хости шахсӣ вориди шуъбаи «Таърихи фалсафа» шуда, солҳои зиёд дар ин бахш кору фаъолияти илмӣ намуда, таҳқиқотҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Дар феъли ҳозир ў ходими пешбари илмии ИФС-и АМИТ таҳқиқу баррасиҳои илмиро дар соҳаи таърихи фалсафа (дар доираи фалсафаи исмоилия, тасаввуф, ирфон, ахлоқу маънавиёт) ба анҷом расонида, ба қатори ин пажуҳишҳо китобҳои «Таълимоти фалсафии Носири Хусрав», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрав ҳамчун сарчашмаи фалсафӣ», «Пажуҳишҳо дар таърихи фалсафа ва ирфон», «Дар олами ҳикмат» ва зиёда аз 280-мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидааст. Муродова Тоҷинисо яке аз муаллифони фаъоли китоби панҷҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» низ ба шумор меравад. Ба ҷуз ин, дар масъалаҳои илмӣ-фарҳангӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ-идеологӣ бо мақолаву баромадҳои худ дар телевизиону радио, рўзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Муродова Тоҷинисо дар айни ҳол мувофиқи мавзўҳои пешниҳодшудаи лоиҳавии шуъбаи таърихи фалсафа корҳои илмии ба назаррасро навишта, мақолаҳои зиёде чоп намудааст. Ба вижа, ба таҳқиқи мавзўҳои мубрами фалсафаи даврони бостонии тоҷик доир ба масоили пайдоиши инсон ва кайҳон, инсонмеҳварӣ ва кайҳонмеҳварӣ, нақши устура дар ташаккули ҷаҳонбинии тафаккури фалсафӣ, таъбири устуравии фалсафаи инсонмеҳварӣ ва кайҳонмеҳварӣ, тасаввурот оиди тасвири олам ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ дар афкори бостонии тоҷик машғуланд ва мақолаҳои зиёди илмӣ дар маҷаллаҳои илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ чоп кардаанд.
Ин муҳаққиқи фарҳехтаи илму фарҳанги тоҷик имрӯзҳо низ фаъолияти самараноки илмиву таҳқиқотӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ бурда, ҳамзамон дар рушду нумӯи илму маориф ва омӯзиши таърихи пурғановати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тарбияи ватандўстию худшиносии миллии наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад.
Барои муаллимаи азизу гиромӣ дар ин рўзи фархунда, дар ҷодаи илм комёбиҳои зиёд ва дар фаъолияти минбаъдаашон дар рушди мактаби фалсафии тоҷик натиҷаҳои самаранокро таманно дорем!
Бандалиева Ш.Н. – н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи онтология,
гносеология ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
