Skip to main content

НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАШАККУЛ ВА РАВНАҚИ АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ

«Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими, зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар фарҳанги мардуми тоҷик оила, ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлатии Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ин ки насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд. Оила ҳамчун ниҳоди хурди иҷтимоӣ асосан ба никоҳ асос ёфта, яке аз арзишҳои муҳим дар ҳаёти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Дигар аз арзишҳои муҳими оиладорӣ, ки дар он муҳимтарин функсияи иҷтимоии оила таҷассум ёфтааст, ин тарбияи фарзандон ба шумор меравад.

Ин ҷо метавон аз гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд: «Фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад». Оила ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва зинаи аввали ҷомеаи инсонӣ ба тарзи худ ба талаботи замон ва ҷомеа ҷавоб гуфта, худ онҳоро шакл дода, дар якҷоягӣ бо олами атроф пеш меравад ё коҳиш меёбад. Инсонгароӣ, муҳаббат ба ватану модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд. Оила мактаби бузургест, ки арзишҳои баланди инсониро омӯхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад.

Дар боби 2 моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки “Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ном дорад, чунин таъкид шудааст: “...барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намуда, онҳо аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд...”. Аз ин рӯ, қабули Қонун барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ояндаи дурахшони фарзандон нақши калидӣ гузошта, барои таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз дар даврони муосир илму техника хело ҳам пешрафтааст, ҷавононро зарур аст, пойбанди расму оинҳои хурофоти нашуда, талош ба дастовардҳои илму техника намуда, дониши худро сайқал диҳанд.

Масъалаи бунёди оилаи солим, нақш ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, ташаккул ва рушди арзишҳои оиладорӣ дар осори пурғановати мутафаккирони асримиёнагии тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, «Насиҳатнома» - и Имоми Аъзам, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Кимиёи саодат» - и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Ахлоқи Насирӣ» - и Насриддини Тӯсӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» - и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Панднома» -и Абу Мансури Мотуридӣ, «Саодатнома»-и Носири Хусрав ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо дар баробари дигар масъалаҳои тарбиявӣ панду андарзҳо, мавзӯи оила, арзишҳои оиладорӣ, ҳурмату эҳтиром нисбати якдигар ва калонсолон, ҷойгоҳи илму адаб ва меҳру шафқати падар ва модар нисбат ба фарзандон арзиши онҳо барои бунёди оилаи солим аз зумраи масъалаҳои муҳим ва умдае ба шумор мераванд.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд, ки «Бешак, тамоми осори гаронбаҳои аз ниёгон то ба имрӯз расида асрҳои аср ҳамчун мактаби бузурги таълиму тарбия боқӣ мемонад ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба заволи маънавӣ рӯбарӯ гардад». Ошноӣ бо осори ахлоқии мутафаккирони Шарқу Ғарб моро водор месозад, ки барои тарбияи ахлоқии ҷавонон ва тамоми ҷомеаи муосир аз осори гаронбаҳои илмиву ахлоқии гузаштагон пурра истифода бояд намуд.

Мероси арзишманди падар барои фарзандон адаб ва ҳунару фарҳанг буда, қабл аз ҳама онро бояд худи падар доро бошад, вагарна чиро ба мерос гузошта метавонад. Унсурулмаолии Кайковус бори дигар уҳдадориву масъулияти падарро дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид карда, беҳтарин мероси падарро барои фарзанд адаб ҳисобидааст. Адаб ва фарҳангу ҳунар омӯхтанро Кайковус ба сифати беҳтарин меросе арзёбӣ намудааст, ки волидайн ба фарзанди хеш вомегузоранд. Дар ин маврид низ муаллиф масъулияти волидайнро дар тарбияи фарзанд таъкид намуда, аз ҷумла, қайд менамояд, ки «…адабу ҳунар ва фарҳангро мероси хеш гардон ва ба вай (фарзанд) бигузор, то ҳаққи вай гузорида бошӣ, ки фарзандонро меросе беҳ аз адаб нест».

Дар ин замина мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Унсурулмаолии Кайковус ба падарон чунин хитоб карда гуфтааст: “Пас, бояд ҳар чӣ ки омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандонро биомӯзӣ, то ҳаққи падариву шавкати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси амал эмин натавон буд ва натавон донист, ки барои мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фасле рӯзе ба кор ояд”. Падарону модарон дар назди фарзандони худ масъулият доранд. Фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад, аз ин лиҳоз барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.

Инсон дар ҷомеа бояд мақому мартабаи олиро сазовор бошад. Ҳангоме ки инсон дар ҷомеа танҳо воситаи тавлиди сарватҳои моддӣ аст, ҳаёт, номус ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиш надоранд, ба ӯ ҷабру ситамро раво мебинанд, вайро таҳқир мекунанд, хулоса ҳангоме ки инсон аз мартабаи шоистаи маънавият маҳрум аст, дар ҷомеа номутаносибии ахлоқу маънавиёт ба вуҷуд меояд ва инсон дигар роҳи раҳоӣ аз чунин вазъиятро ёфта наметавонад, вай ноилоҷ хилватгузин, риёкору дурӯғгӯй мешавад. Чунин вазъият боиси буҳрони шадиди маънавии ҷомеа мегардад. Бояд зикр намуд, ки дар осори зиёде аз муттафакирон ва олимони барҷаста фазилатҳои ахлоқӣ гуфтору рафтори нек ҳамеша дар пояи аввали ахлоқҳои инсони меистад. Ба ақидаи мутафаккири асри IX-X Мотурудӣ надоштани илму маърифат ва дониш ҳолате ба вуҷуд меояд, ки ҳолати табии инсон торик вонамуд шуда, зери таъсири омилҳои зоҳирию ботинӣ, аз ҷумлаи майл, андеша, одат, муҳит ва ғайра қарор мегирад ва аз ин лиҳоз наметавонад, барои инсон шинохти дурусте фароҳам оварад.

Хулоса, ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи некӯ буда, дар осори пурғановати худ панду ҳикматҳои бебаҳою арзишманд ва бузургтарин сарчашмаи тарбияи насли башарро аз худ ба мерос гузоштаанд. Ҳар яки мо агар аз истифодаи панду ҳикматҳои ниёгонамон истифода барем шояд қадре ҳам бошад дар таълиму тарбияи ҷавонони Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузошта бошем

Иброҳимова С.Ҳ. - Ходими калони илмии шӯъбаи онтология, гносеология ва мантиқи

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123