ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ФАЛСАФАИ ХУДОГОҲИИ ҶОМЕА
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин неъмат, заминаи эҳёи асолати тарихию фарҳангӣ ва роҳи устувор ба сӯи бунёди ҷомеаи навин мебошад. Дар тӯли сӣ ва панҷ соли соҳибихтиёрӣ, кишвари мо зери сояи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз санҷишҳои сахти таърихӣ гузашта, ба марҳилаи созандагию ободонӣ ва таҳкими арзишҳои худогоҳӣ қадам гузошт. Имрӯз дар остонаи ҷашни ин санаи муқаддаси миллӣ, таҳлилу баррасии роҳи тайкардаи мо ва дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи ин дастовардҳо аз ҳарвақта бештар аҳаммияти ҳаётан муҳим касб мекунад.
Имрӯз ҷомеаи соҳибистиқлоли мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ қарор дорад. Сиву ду сол қабл мардуми кишвари мо аз тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷумҳуриро қабул кард. Дар моддаи нахустини он омадааст:“Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.
Ба таърихи 35-соли Истиқлоли кишварамон назар намоем, сари бурду бохти миллату меҳан андеша кунем равшан мегардад, ки аксари мардуми кишвари мо дар ибтидо барои пазируфтани неъмате чун истиқлол омодагии зеҳниву амалӣ надоштанд. Ин омил сабаби ҷанги шаҳрвандиро дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба вуҷуд овард. Оташи ин ҷанг мавти ҳазорон умеду ормонҳои ҳамватанони ин сарзамин ва ҳазорҳо шахсиятҳои баруманди ин миллат иҷборан тарки кишвари аҷдодии хеш намудаанд. Мардуми тоҷик ба бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва гирдоби яъюсу ноумедӣ гирифтор шуд.
Албатта ёдоварӣ аз ин рӯзҳои фоҷиабори нангину сангини ҷанги шаҳрвандӣ муҷиби озори хотири ҳамватанон мегардад. Аммо чӣ илоҷ, ногузир аз саргузашти талхи худ бояд дарси ибрат гирифт.
Бо имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон, ки ба 27-уми июни соли 1997 рост меояд, дар кишвар фазои ороми сиёсӣ ба миён омад. Баъди анҷоми ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дар кишвар марҳилаи нави рушд оғоз ёфт, ки он аз бунёдкориву ободонӣ иборат мебошад. Оғози сохтмони азими нақбҳо “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Дӯстӣ”, “Хатлон”, “Озодӣ” ба истифода додани роҳҳои оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб, кушодани роҳи Кўлоб-Дарвоз-Қулма-Қароқорум.
Бунёди пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе нишонаи ин ободию бунёдкориҳост. Таҷлили ҷашни 1100-солагии таъсиси давлати Сомониён аз муҳимтарин хизматҳои сарвари давлат дар роҳи ягонагӣ, худшиносӣ ва эҳёи Ватан мебошад, ки эҳтирому қадрдонӣ ва гиромидошти нахустин сулолаи давлатдории тоҷикон бо сарварии Шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, ки баъди сад солаҳои фаромушӣ эҳё гардид. Дар ин марҳила баргузории ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ 2500 солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 5500-солагии Саразм, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти шахсиятҳои бузурги илму адаб ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём ва даҳҳо дигарон дар сатҳи баланд таҷлил гардидаанд. Имрўз миллати сарбаланди тоҷик дар бунёд кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи хеш аз рўҳи ниёгони худ дуо ва нерў мегирад.
Иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди чоп ва тақдими китобҳои нодиру пурарзиши “Тоҷикон” ва «Шоҳнома» ба ҳар як оилаи тоҷик аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими фарҳангӣ ва маънавӣ маҳсуб мешаванд. Ҳар ду иқдом бо мақсади тақвияти худогоҳии миллӣ, эҳёи шинохти таърихӣ ва фарҳангии миллат роҳандозӣ шудаанд.
26 декабри соли 2019 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чопу тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии мамлакат аз ҷониби Роҳбари давлат хотиррасон шуда буданд. Дар ин маврид Пешвои миллат чунин иброз намуда буданд: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.
Дар ростои ин талошҳои мондагор, иқдомҳои дигари стратегӣ ва фарҳангии Пешвои муаззами миллат дар самти эҳё ва муаррифии тамаддуни бузурги кӯҳанбунёдамон аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хосса ба қонуният ва асолати ориёӣ, ки ҳамчун сарчашмаи тамаддуни умумибашарӣ ва ҳувияти миллии мо шинохта мешавад, заминаи устувореро барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва пайванди наслҳо бо гузаштаи пурифтихори худ фароҳам сохт. Дар ин замина, таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии Наврӯз дар кишвар на танҳо ҳамчун як падидаи меъморию сохтмонӣ, балки ҳамчун маркази бузурги дипломатияи фарҳангӣ ва эҳёи суннатҳои аҷдодӣ арзёбӣ мегардад. Маҳз бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудани ин хотираю суннати ориёӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба маркази эҳёи фарҳанги башардӯстона ва сулҳпарваронаи ниёгон табдил ёфтааст. Ин иқдомҳои бузург собит месозанд, ки худогоҳии миллӣ ва ҳифзи мероси гаронбаҳои тамаддуни ориёӣ рукнҳои асосии сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли мо мебошанд.
9 сентябри соли 2026 дар сартосари кишвари маҳбуби мо чорабинии муҳимми сиёсӣ-фарҳангӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида истодааст. Маҳз таҷлили чунин чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ нишон дод, ки мо аз шинохти хеш ва асли хеш чӣ сабақ бардоштем ва ба ояндаи он чӣ муносибате дорем.
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,
Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз меҳр дигар тухм накорем!
Имрӯз мардуми олам бо иродаи матину рӯҳи созандаи миллати таҳаммулпазир ва сарвари мардумсолори мо бори дигар боварӣ ҳосил намуданд. Зеро мардуми ин кишвар дар шароити хеле номусоиди ҷанги шаҳрвандӣ, ки хатари бузурги аз байн рафтани давлатдориро ба вуҷуд оварда буд, асолати худро аз даст надод. Бо талоши фарзандони бонангу номуси худ муҳимтарин аркони давлатдории хешро созмон дод, парчами давлатии худро баланду парафшон ва суруди миллии худро дар ақсои олам танинандоз кард.
Дар ин асно хизмати бузург ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, чун тавонист оқилона ва хирадмандона давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби шикастаи мардум шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушди суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Имрўз барои ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ зарур аст, ки баҳри даст ёфтан ба ҳадафҳои воло нисбат ба Конститутсия ва муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузорад ва қонунҳои амалкунандаро бошуурона риоя намояд. Танҳо таҳкими қонуният метавонад тамоми ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро таъмин намояд ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварад.
Як чизро гуфтан мусаллам аст, ки мо мардуми кишвар бояд дар шароити кунунӣ аз сиёсати оқилона ва одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда ва ваҳдати ба дастомадаро чун гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем. Зеро ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин омили Истиқлолият ва пешрафту пуриқтидор гардидани кишвари азизамон мебошад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дурахшони моро дар оянда муайян сохт. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократию мабни бар ҳуқуқ аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои даврони истиқлолият аст. Имрўз ҳар фарди тоҷик бахусус насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки шукуфоии давлату ҷомеаи мо аз рафтору кирдори ў вобаста аст.
Дар шароити имрўз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кўшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб меёбад. Ташаккули боло бурдани маърифати сиёсӣ, худшиносиву худогоҳии ҷомеа аз масъалаҳои муҳиму зарурӣ маҳсуб меёбад. Маҳз зиракии сиёсӣ, худогоҳиву худшиносӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва тамоми минтақаҳои мухталифи олам ба вуқўъ меоянд, баҳои воқеъбинона дода, арҷгузории ба таъриху фарҳанги ниёгонамон, ки дар ҷаҳон назир надорад таҳкиму давом бахшем.
Хулоса, сиву панҷ соли таърихи нави давлатдории миллии мо собит сохт, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо як падидаи сиёсӣ, балки кафили ҳастии миллат, эҳёгари асолати тарихию фарҳангӣ ва роҳи ягонаи рушди устувори ҷомеа мебошад. Маҳз тавассути худогоҳӣ, шинохти асли хеш ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон мо тавонистем аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ устувор бароем ва имрӯз Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу соҳибэҳтиром дар соҳаи байналмилалӣ табдил диҳем. Иқдомҳои бузурги фарҳангии Пешвои миллат, аз ҷумла тақдими шоҳкориҳои таърихию адабӣ, эҳёи суннатҳои ориёӣ ва мақоми ҷаҳонӣ бахшидан ба Наврӯзи байналмилалӣ, роҳнамои калидии мо дар ин масири худогоҳӣ маҳсуб мешаванд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди манфиатҳо ва таҳдидҳои идеологӣ рӯз ба рӯз шиддат мегиранд, зиракии сиёсӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд вазифаи муқаддаси фарзандӣ ва шаҳрвандӣ аст. Мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳо - Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри шукуфоии минбаъдаи Ватани азизамон содиқона кору фаъолият намоем. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон, устувории аркони давлатдорӣ ва саодати наслҳои оянда бевосита аз масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва заҳмати созандаи имрӯзаи ҳар яки мо вобастагии амиқ дорад.
АБИЛЗОДА Гуландом Сардор - номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ

