Экстремизм (ифротгароӣ) ва оқибатҳои номусоиди он
Гарчанде аз замони созишу Ваҳдати миллӣ (27 июн соли 1997) 28 сол сипарӣ шуда, тайи ин солҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳаёти орому осоишта ба сар мебарад, вале ҳанӯз ҳам гурӯҳҳое мавҷуданд, ки тамоюли каҷрафторӣ дошта, мехоҳанд, ки кишвари азизи моро дубора ба гирдоби фалокат кашида, онро ба вартаи ҳалокат баранд.
Диққати қудратҳои бузурги ҷаҳониро, ки ҳар яке дорои манфиат ва ҳадафҳои геополитикии худ ҳастанд, сарватҳои зеризаминӣ, қувваи кории арзон ва маҳсулоти хоми Осиёи Марказӣ ҷалб намудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои худ онҳо аз тамоми роҳу усулҳои имконпазир истифода мебаранд. Дар ин заминаи бархурди қудратҳо ва расидан ба ҳадафҳои бузург онҳо суистифода аз ҳисси динӣ ва неруҳои диниро меҳвари асосии сиёсати таҷовузкоронаи худ қарор медиҳанд.
Мутаассифона, солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистонро низ хеле ба ташвиш андохтаанд.
Ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи такфирӣ ва ғайримуқаллидони ифротӣ аз камомӯзиву камдонишӣ (алалхусус донишҳои динӣ), надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромии ҷомеа, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзоёни ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот намуда, мақсадҳои ғаразноку нопоки худро пиёда месозанд.
Заминаҳои асосии ифротгароӣ - камсаводӣ ва таассуб маҳсуб меёбанд. Нодонӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рӯ овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори пайдо гардидани чунин зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа, чун экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм мегардад.
Ин нуктаҳои калидиро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба хубӣ дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои худ кайҳо боз истифода мебаранд.
Бо истифода аз ин омилҳо онҳо аз рафторҳои ноҷавонмардонаи худ шарм накарда, арзишҳои олии давлату миллатро нодида гирифта, тавассути роҳҳо ва василаҳои гуногун ҷиҳати барангехтани тухми низоъ дар миёни мардум, даъват ба нооромӣ, бенизомию бетартибӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҷамъияту давлат, тавассути шабакаҳои локалӣ, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ, дастгирию кумакҳои моддӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсили ройгон ё аз ҳисоби худ фиристодан барои таҳсил ба давлатҳои дигар ва ҳазорҳо тарзу усулҳои дигар ақидаҳои ғаразноки худро тарғибу ташвиқ менамоянд.
Пеш аз он, ки мо ба муҳтавои мафҳуми «экстремизм» (ифротгароӣ) бирасем, муҳим он аст, ки мазмуни онро кушода равшан намоем.
Дар ҳар давру замон олимон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон ходимони илмӣ ва динии мамлакатҳои гуногун кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ба маънои экстремизм равшанӣ андозанд.
Масалан олимони англис доктор Питер Т. Коулман ва доктор Андреа Бартоли дар китоби худ «Дар мавриди экстремизм» (Addressing Extremism) шарҳи мухтасари ин истилоҳро чунин додаанд: «Экстремизм- асосан ин як зуҳуроти мураккаби ҷомеа буда, новобаста аз он, ки мо аслияти ин зуҳуротро нодида мегирем, аммо боз ҳам дар аксар ҳолат дарки амиқи моҳият ва муҳтавои ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа барои мо мураккаб аст».
Аз ин рӯ, муайян намудани мафҳуми экстремизм аз ҳама осонтар чунин аст, ки онро ҳамчун ҳаракат, муносибат бо чизе ё бо касе, эҳсосот ва ё эътиқоди шахсе маънидод намудан мумкин аст, ки аз тартибу талаботи қоидаҳои умумиқабулшуда дур ва ё дар канор буда, нисбати он назари ниҳоӣ дорад.
Дар аксар ҳолат чунин ашхос кӯшиш менамоянд, ки аз қоидаҳои умумиқабулшуда берун баромада, қазияро бо як тарзи ғайримуқаррарӣ яъне бераҳмона (сахт, ҷиддӣ) ҳал намоянд ва чунин ҳалли қазияро ба тарафи дигар ё дигарон намоиш диҳанд (масалан аз ҷониби намояндагони давлати ба ном исломӣ бераҳмона ба қатл расонидани асирон). Одатан фаъолияти экстремистӣ дар аксар вақт ба таҷовуз вобастагӣ дорад.
Экстремизм – аз калимаи лотнии («extremus») гирифта шуда маънояш пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан дар сиёсат), тарафдори ақидаи қатъӣ ва ифротӣ, ифротталабӣ мебошад.
Агар ин вожаро дар забони англисӣ нигарем чунин омадааст: «экстремизм - аз калимаи «Extremism» гирифта шуда маънояш каноргирӣ, дар канор будан, ниҳоӣ, назари ниҳоӣ доштан, алалхусус назари ниҳоӣ доштанро нисбат ба сиёсат мефаҳмонад».
Аммо аз тарафи дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003, мафҳуми экстремизм ба таври саҳеҳ шарҳ додааст, ки мутобиқи моддаи 3 он «Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад».
Ҳамчунин дар ифодаи тоҷикӣ вожаи экстремизм ба истилоҳи «ифротгароӣ» низ, нисбат дода шудааст. Ифротгароӣ аз решаи калимаи арабии «фарт» гирифта шуда, маънояш аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре, аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан мебошад.
Феълан экстремизм дар мазмуни сиёсӣ ва динӣ бештар зуҳур намудааст.
Дар ҳар сурат экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар ибтидои қарни 21 хислати ҷаҳонӣ касб карда, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Экстремизм ҳамчун зуҳуроти мураккаби сиёсию иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ба ҳар давлату сохтори иҷтимоӣ зиёну зарари худро расонидааст.
Дар замони муосир, ки илму техника ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, мо ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошем ва ҳадди аксар кӯшиш намоем, ки то ҳамқадами замон шуда, аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳӣ дошта бошем ва ҷаҳонбинии хешро дар ин замина такмил диҳем.
Мутаассифона бархе аз ҷавонон пойбанди расму оинҳои хурофотӣ шуда, туъмаи гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав гардидаанд. Ин гурӯҳҳои нолоиқи ҷомеа аз бедонишӣ ва таассуби динии ҷавонони камхабар аз омӯзаҳои исломӣ истифода намуда, ба боварии онҳо даромада онҳоро мағзшуйӣ намуда, ба манфиати гурӯҳҳои худ истифода мебаранд.
Хулоса, барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷоии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримуқаллидони ифротӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимону донишмандон, муаллимону дигар зиёиёни кишвар, алахусус командон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин улмои исломии суннатии кишвар бояд фаъол бошанд.
Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳабӣ беҳтарин зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ мебошад
Холинова Мижгона Муборакшоевна – Ходими пешбари илмии
ИФСҲ-и АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

