Skip to main content

АҲАМИЯТИ ГУМАНИСТИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

3Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.
Эмомалӣ Раҳмон

Агар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳар шахс шаҳодатнома ё шиноснома бошад, пас шиносномаи давлати соҳибистиқлол маҳз қонуни асосӣ-Конститутсия мебошад.
Конститутсия санадест, ки дар он иродаи мардум, усулу меъёрҳои асосии ташкили ҳайти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
 

Дар таърихи кишвари мо 5 маротиба солҳои 1929, 1931, 1937, 1976 ва 1994 Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард.Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикоси сиёсати инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он ба шумор рафта, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Тоҷикистон аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намудаанд: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ин масъала дар 34 моддаи он ё аз се як ҳиссаи Конститутсия дарҷ гардидааст.”

Тибқи моддаи 5-и Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишҳои олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Моддаи 18-и Конститутсия бошад ба ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дода, дахлнопазирии шахсро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ ҳифз ва ҳимоя менамояд.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар мебошанд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ таҳсил молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Бо дарназардошти талаботи моддаи 20-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намегирад. Моддаи 21 бошад, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидаро ба зиммаи қонун мегузорад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро ба ҷабрдида кафолат медиҳад.

Дахлнопазирии манзили шахс дар моддаи 22 ва ҳуқуқи ӯ ба мусофират дар моддаи 24 дарҷ гардидааст. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имкон метавонад манзили шахсии худро дошта бошад, ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Инчунин шаҳрванд дар интихоби макон, замон ва муҳлати будубош дар сафарҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва мусофират озод аст, агар он ба имиҷи байналмиллалии давлату миллати тоҷик халал ворид насозад. Моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахс ҳуқуқи дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситаи вакилонаш иштирок карданро медиҳад.

Шаҳрвандоне,ки синнашон ба 18 расидааст, метавонанд дар раъйпурсӣ, интихобот иштирок намоянд, инчунин аз синни муқарраргардида метавонанд интихоб шаванд, танҳо он нафароне ҳуқуқи иштирок надоранд, ки мувофиқи ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд ва ё ғайриқобили амал дониста мешаванд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, озодона ақди никоҳ банданд. Бисёрникоҳӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба кӯдакони ятим, маъюб ғамхорӣ намуда, ҳифз ва таълиму тарбияи онҳоро ба зиммаи худ мегирад. Ҳамзамон дар моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва дигар мавридҳое, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-и Конститутсия давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ба ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Шаҳрванд новобаста аз мансубиятҳои иҷтимоӣ метавонад дар ҳолати зарурӣ аз хизматрасонӣ ва кумакҳои иҷтимоии давлат истифода намояд. Муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоии кишвар муваззафанд, ки бе ягон мушкилӣ ба шаҳрвандон ройгон хизмат расонанд.

Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таҳсил карданро моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Шахс дар доираи муқарарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Ин омил аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Вазифаи муқаддаси шаҳрвандро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он медонад. Дар ин баробар ҳар як шахс вазифадор аст, ки табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро ҳифз ва ҳимоя намояд.

Дар баробари ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як боби алоҳидаро ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуманизм ба таври баръало рушд намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар пурра аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад.

Имсол баъд аз сипарӣ гардидани 31-сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, инсонпарваронаву сулҳҷуёна, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Пас мо-сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро лозим аст, ки дар ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, нигоҳ доштани сохтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.

Иштирокчии №12 дар Озмуни беҳтарин донандаи Конститутсия
Нусратова Шаҳноза
Унвонҷуйи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121