Skip to main content

ОМИЛҲОИ УСТУВОРИИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

(бахшида ба Рўзи оила)

Асоси пешрафт ва солимии ҷомеаро оилаи солим ташкил медиҳад. Чуноне, ки сотсиологи рус Питирим Сорокин қайд мекунад: «Бе оилаи солим, ҷомеаи солим ғайриимкон аст». Оилаи солим ва муътадил – ин оилаест, ки аъзоёни он бомасъулиятона вазифаҳои худро иҷро карда, талаботҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии ҳамаи аъзоёни худро қонеъ мегардонад. Оила ин муҳимтарин институти иҷтимоӣ ва гурўҳе ҳаст, ки инсон аз таваллуд то ба охири зиндагиаш дар он мемонад.

1234Дар ҷомеаи Тоҷикистон устуворӣ ва накўаҳволии оилаҳо, масъалаи рўзмарра боқӣ мондааст. Тибқи муқаррароти моддаи 33-юми Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 1–уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оила асоси ҷомеа буда, оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кўдак таҳти муҳофизати давлат қарор доранд”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кўдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некўаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайриқобили меҳнати оила сурат мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – ро Соли оила эълон карда ва ҳамасола дар кишвари мо 15 май “Рузи оила” ҷашн гирифта мешавад. Президенти кишвар, чунин зикр мекунанд: “Масъалаи маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзоёни ҷомеаро тақозо мекунад”.

Яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрўзаи тоҷикистонӣ - ин пошхўрии оилаҳо мебошанд. Пошхўрии оилаҳо дар шароити имрўза масъалаи нигаронкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст. Шумораи ҷавононе, ки пас аз муддати кўтоҳи оиладорӣ аз ҳам ҷудо мешаванд, хеле диққатовар аст. Дар маҷмўъ барои ҳама шаклҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ҷудошавии оилаҳо (талоқ) хос мебошанд, ки бо сабабҳои гуногун, ба мисли низоъҳои оилавӣ, таъминоти нокифояи моддӣ, бемасъулиятию хиёнати ҳамсарон ва амсоли инҳо сар мезананд.

Пошхўрии оилаҳо дар Тоҷикистон ҳам ба омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тарбиявӣ, психологӣ ва ғайраҳо вобаста аст. Инчунин тағйиротҳои кулии иҷтимоӣ – иқтисодӣ, бекорӣ ва паст гардидани сатҳи зиндагӣ низ ба сифати омили асосии пошхўрии оилаҳо баромад мекунанд.

Махсусан мушкилотҳои зерин барои пойдории оилаҳо монеа мегарданд:

Ø никоҳи барвақт;

Ø масъалаи манзил;

Ø масъалаи иқтисодӣ;

Ø масъалаи бекорӣ;

Ø масъалаи банақшагирии оила ва ғ.

Никоҳи барвақт. Яке аз сабабҳои аввалиндараҷаи вайроншавии оилаҳо ба ақида мо ин синни барвақти никоҳ мебошад. Дар яке аз тадқиқотҳои сотсиологӣ, ки соли 2010 аз тарафи Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 4000 нафар гузаронида шуд далели ин гуфтаҳост. Дар ин пурсиши сотсиологӣ, 80 фоизи пурсидашудагон сабаби асосии вайроншавии оилаҳоро синни барвақти никоҳӣ меҳисобиданд.

Дар қонунгузории оилавӣ масъалаи синнусоли никоҳ дақиқ муайян шудааст. Мувофиқи моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳи барои марду зан, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, аз 18 солагӣ муқаррар карда шудааст. Аммо барои муайян кардани андешаи шаҳрвандон оид ба синни никоҳӣ дар Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли соли 2018 дар байни 1227 нафар таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронид. Дар тадқиқот ба мусоҳибон бо саволи “Синни мувофиқи оиладоршавӣ барои мард ва зан кадом аст?” муроҷиат карда шуд. Таҳлили натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳад, ки 42,0% мусоҳибон синни мувофиқи оиладоршавӣ барои мардро аз 25 солагӣ ва 26,6% синни мувофиқи оиладоршавиро барои зан аз 20 солагӣ меҳисобанд.

Аз натиҷаи таҳқиқот бар меояд, ки синну соли барпо кардани оила барои писарон дар 25 солагӣ хубтар аст, ки инро 42 фоиз пурсидашавандагон дастгирӣ карданд. Хуллас аз натиҷаи тадқиқот бар меояд, ки синнӣ никоҳи ба устувории оила таъсир расонида метавонад, ҷавонписар аз ҷиҳати психологӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ омода мешавад, ки ин ба устувории оилаҳо замина гузошта метавонад.

Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки дар байни ҷавондухтарон низ ақидаҳо гуногунанд. Масалан, аксарият пурсидашавандагон ба он ақидаанд, ки занҳо дар 20 солагӣ оила барпо кунанд хубтар мешавад

Аз расми боло бар меояд, ки аксарият, яъне 26, 6 фоиз пурсидашавандагон тарафдори онанд, ки синни духтарон ба 20 расида баъдан оила барпо кунад, гарчанде мувофиқи қонунгузори синни никоҳ аз 18 муқаррар шуда бошад, ин барои устувории оилаҳо ва хусусан оилаҳои ҷавон синни мувофиқ буда наметавонад. Аксарият ҷавондухтарон дар синни барвақтӣ никоҳ ба ин институти муҳимми ҷомеа омода набуда ва онро ҷиддӣ низ қабул намекунанд, ки ин боиси пошхўрии оилаҳо дар ҷомеаи мешавад.

Масъалаи манзил. Аксарияти оилаҳои тоҷик серфарзанданд. Ҳангоме, ки фарзандон ба воя мерасанд, масъалаи хонадоршавӣ ва таъмини манзили онҳо пеш меояд, ки ҳалли ин мушкилиҳо дар шароити ҳозира ниҳоят сангин аст. Махсусан, нарасидани манзили зист ба оилаҳои ҷавон бештар таҳдид менамояд.

Чуноне ки маълум аст, таъмини аҳолӣ бо манзил яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Бо манзил таъмин намудани аҳолӣ, аз он ҷумла оилаҳои ҷавонон, ки аксарият дар шароити пасти иҷтимоӣ-иқтисодӣ қарор доранд, бисёр масъалаи ҳалталаб мебошад, зеро он, то андозае ба солимии ҷомеа ва барои вайроншавии оилаҳои ҷавон таъсир мерасонад. Мо имрўз шоҳиди он ҳастем, ки аксарият оилаҳои ҷавон дар хобгоҳҳо ва ё дар манзилҳои иҷоравӣ зиндагӣ мекунанд. Илова ба ин оилаҳои ҷавоне низ ҳастанд, ки дар як ҳавлӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, ки боиси зиндагии мушкил ва пурмоҷаро мегардад. Гарчанде аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт бисёр корҳо ба анҷом расида бошад ҳам, ҳоло камбудиҳо низ ҷой доранд. Бинобар ин ҳам Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ипотека»-ро қабул намуд. Илова ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Бо вуҷуди мавҷуд будани заминаҳои ҳуқуқии ба оилаҳои ҷавон таъмин намудани манзил масъала ҳалношуда боқӣ мондааст. Баъзан вақт аз тарафи корхонаҳо барои кормандони худ, махсусан, мутахасисони ҷавон, оилаҳои ҷавон ва умуман, нафарони беманзил заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мекунад. Аммо ин талаботи шумораи ками кормандонро қонеъ мегардонад. Аксарияти онҳо даҳсолаҳо дар навбати манзил ва соҳиби хонаи шахсӣ боқӣ мемонанд.

Дар асл, агар масъалаи манзил дар байни оилаҳои ҷавон роҳи ҳалли худро ёбад - ин боиси ҳал гардидани дигар масъалаҳои иҷтимоии оилаҳо мебошад.

Аз ин рў, бояд мақомоти масъул барои бо нархҳои дастрас ба кормандон, оилаҳои ҷавон ва умуман, мардуми камбизоат пешниҳод намудани қарзҳои ипотекӣ чораҷўӣ намоянд.

Масъалаи иқтисодӣ. Буҳрони иқтисодие, ки ҷомеаи моро низ фаро гирифтааст, пеш аз ҳама, ба оилаҳои камбизоат ва оилаҳои серфарзанданд таъсири худро мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои пошхўрии оилаҳо танқисии иқтисодӣ ва моддии онҳо мебошад, ки ба вазъи равонии ҳамсарон таъсири ҷиддӣ расонида, онҳоро аз ҳам ҷудо карда метавонад. Сабаби асосии ба ин ҳолат дучор гардидани оилаҳо набудани ҷойи кор ва маоши муносиб мебошад, ки мустақилияти иқтисодии оилаҳоро аз байн бурда, марду занро ба дигарон муҳтоҷ мекунад. Агар вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва моддии оилаҳо устувор набошад, онҳо осебпазир мегарданд.

Дар Тоҷикистон чун анъана мардон таъминкунандаи хонавода ҳастанд ва ҳангоме, ки ин рисолати худро иҷро карда наметавонанд, аз ҷониби атрофиён, махсусан занон мавриди танқид қарор мегиранд. Ҳолати мазкур ба вазъи рўҳии мардон таъсири манфӣ расонида, яке аз сабабҳои ҷудошавии ҳамсарон мебошад.

Масъалаи бекорӣ. Бекорӣ яке аз масълаҳои дигари оилаҳои ҷавон ба шумор меравад. Масъалаи бекорӣ дар байни оилаҳои ҷавон аз он сарчашма мегирад, ки аксарияти ҷавонписарону ҷавондухтаронро барвақт оиладор мекунанд. Таъминоти моддии онҳо қариб, ки пурра бар дўши волидайнашон мегузарад. Онҳо масъулияти бо кор таъмин буданро ба таври пурра эҳсос намекунанд. Аксари ҷавонписарон бо маоши кам кор кардан намехоҳанд ва илова ба ин, онҳо бо духтарони соҳибмаълумот оила барпо кардан намехоҳанд. Дар ояндаи наздик ин оилаҳои ҷавон соҳиби фарзанд мешаванд, ки проблемаи таъминоти моддӣ боз ҳам вазнинтар мегардад. Аз ин рў, волидайн дар ин маврид бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои соҳибкасб ва соҳибмаълумот кардани фарзандони худ диққати махсус диҳанд. Волидайн бояд дарк кунанд, ки фарзанди онҳо барои барпо карани оила тайёр аст, бе кўмаки падару модар барои оилаи худ шароити хубро муҳайё карда метавонанд.

Масъалаи банақшагирии оила. Вақте расидааст, ки ҳамаи аҳли ҷомеа ба масъалаи банақшагирии оила ё ба истилоҳ танзими оила диққати ҷиддӣ диҳанд. Оилаи солим, ки асосаш ҷомеаи солим аст, пеш аз ҳама, ба танзим сахт вобастагӣ дорад. Серфарзандӣ, ки дар кишварамон яке аз намудҳои васеъ паҳншудаи оила мебошад, барои оилаҳои камбизоат мушкилиҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди камбизоатӣ ва вазъи пасти иқтисодии оилаҳои тоҷик шумораи зиёди тавлиди кўдакон мисли замони Шуравӣ боқӣ мондааст. Мушкилоти иқтисодии ҷомеа дар мадди аввал ба оилаҳои камбизоати серфарзанд таъсири манфӣ мерасонанд. Сарчашмаи иҷтимоии серфарзандӣ, пеш аз ҳама, аз анъанаҳо, гузоришҳои психологӣ ва диние, ки аз насл ба насл мегузарад, то ба мо омада расидааст. Дар ҳоле ки ҳар як оилаи дуюм дар Тоҷиикстон серфарзанд аст ва вазъи иқтисодӣ имконият намедиҳад, талаботи аъзоёни оиларо ба пуррагӣ таъмин намоянд, ин ҳолат бевосита ба ташаккули шахсияти онҳо таъсири хуб намерасонад.

Пўшида нест, ки сабабҳои пошхўрии оилаҳо ниҳояд зиёданд, аз қабили беҳурмати нисбати якдигар, бадрашкӣ, хиёнати ҳамсар, якдигарнофаҳмӣ, зўроварӣ дар оила, бефарзандӣ, дахолати волидайн, хоҳиши дар як оила бо волидайн ва хешовандон зиндагӣ накардан ва амсоли инҳо.

Институти оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббати ҳамдигарии ҳамсарон, маърифати баланди оиладорӣ, дахолат накардани волидайн, беҳдошти вазъи иқтисодии оила, таваллуди фарзанд, мувофиқ омодани хислати ҳамсарон ва дараҷаи маълумотнокии онҳо вобастагии зиёд дорад.

Насурова Беҳрў Асадуллоевна – номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии шуъбаи

сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123