САҲМИ МАРДУМИ ТОҶИК ДАР МУБОРИЗА БАРОИ ҒАЛАБА
Имсол мардуми шарафманди тоҷик 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн мегиранд. Мардуми мо, сарфи назар аз дурии географӣ аз хатти ҷабҳа ва маҳдудияти имкониятҳои иқтисодӣ, дар роҳи таъмини Ғалаба азизтарин дороии худро, яъне ҷони фарзандони хешро нисор намуданд.
Имрӯз, пас аз гузашти даҳсолаҳо, мо - тоҷикон бо тамоми ҳаққоният аз қаҳрамониҳои халқи худ, ҷасорату фидокории сарбозон, матонату устувории заҳматкашони ақибгоҳ ва воломақомии инсонӣ дар вазнинтарин шароити ҷанг ифтихор мекунем.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор сокинони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҷабҳа сафарбар гардиданд, дар ҳоле ки шумораи умумии аҳолии ҷумҳурӣ он замон ҳамагӣ тақрибан якуним миллион нафарро ташкил медод. Ин нишон медиҳад, ки аз се як марди синни даъватӣ хонадони худро тарк намуда, барои мубориза бар зидди фашизм ба майдони ҷанг рафтааст. Барои аксари оилаҳои тоҷик ин раванд ба маънои аз даст додани саробон ва такягоҳи асосии зиндагӣ буд, аммо ҷомеа ин фидокориро ҳамчун вазифаи таърихӣ ва шаҳрвандии худ қабул мекард. Зеро мардум ба хубӣ дарк менамуданд, ки сарнавишти озодӣ, истиқлол ва амнияти тамоми кишвар, аз ҷумла сарзамини аҷдодии онҳо, дар гарави натиҷаи ин мубориза қарор дошт.
Дар сафи ҷанговароне, ки аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҷабҳа сафарбар гардида буданд, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа - деҳқонон, ҳунармандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ҳузур доштанд. Онҳо дар муҳимтарин ва шадидтарин муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дар муҳорибаҳои шадиди Москва, Сталинград ва Курск иштирок намуда, инчунин дар озодсозии шаҳрҳои Киев, Минск, Варшава ва Берлин саҳми арзанда гузоштанд.
Бояд таъкид намуд, ки даҳҳо нафар ҷанговарони тоҷик барои қаҳрамонӣ ва ҷасорати фавқулода бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд; тибқи маълумоти таърихӣ, шумораи онҳо беш аз панҷоҳ нафарро ташкил медиҳад ва дар баъзе сарчашмаҳо аз 54 то 64 нафар зикр шудааст. Дар миёни онҳо номҳои муборизоне чун Мамадёр Шарипов, Назаршо Додхудоев, Саидқул Турдиев, Ҳодӣ Кенҷаев. Раҳимов Саттор, Абдулло Назаров ва дигарон ҷойгоҳи хос доранд. Қаҳрамониҳои онҳо ба рамзи матонат, ватандӯстӣ ва фидокории бемисл табдил ёфта, дар хотираи таърихии миллат ҳамчун намунаи олии ҷасорат боқӣ мондаанд. Ҳамзамон, ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон барои шуҷоат ва хизматҳои ҷангӣ бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ки ин бозгӯи саҳми назарраси халқи тоҷик дар таъмини Ғалаба мебошад.
Халқи тоҷик бо эҳсоси ифтихор хотираи таърихии вобаста ба иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣро ҳифз намуда, онро аз насл ба насл интиқол медиҳад. Дар ин хотираи таърихӣ қиссаҳои ҷанговароне ҷойгоҳи махсус доранд, ки аз хатти пеши ҷабҳа ба хонаводаҳои худ нома мефиристоданд, модароне, ки бо вуҷуди дарёфти хабари марги фарзандон сабру матонати худро аз даст намедоданд ва ҳамсоягоне, ки дар шароити душвори ҷангӣ пораи охирини нонро бо муҳоҷирон ва эвакуатсияшудагон тақсим мекарданд.
То имрӯз дар фазои маънавии ҳар як хонаводаи тоҷик ёд ва хотираи бобои сарбоз, модаркалони заҳматкаши ақибгоҳ, бародари дар майдони ҷанг ҳалокшуда ё қаҳрамони аз ҷабҳа бозгашта ҳамчун ҷузъи муҳими хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ боқӣ мондааст. Ин мероси маънавӣ на танҳо нишонаи эҳтиром ба насли ғолиб, балки омили таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандорӣ ва пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад.
Ин ифтихор на эҳсоси ситоиши барғалат, балки натиҷаи дарки амиқи арзиши бузург ва қурбониҳои гаронест, ки халқи тоҷик дар роҳи ба даст овардани Ғалаба пардохтааст. Маҳз ҳамин шуури таърихӣ боис гардидааст, ки дар Тоҷикистон ба Рӯзи Ғалаба бо эҳтиром ва арҷгузории хос муносибат менамоянд.
Дар ин рӯз собиқадорони ҷанг ва иштирокчиёни ақибгоҳ қадрдонӣ мешаванд, назди ёдгориҳои ҷанг гулчанбар гузошта мешавад, ашъори ватандӯстона қироат мегардад, сурудҳои ҷангӣ садо медиҳанд ва ба насли ҷавон ҳақиқати таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бозгӯ карда мешавад. Чунин суннати хотирмон на танҳо ифодаи арҷгузорӣ ба корномаи насли гузашта мебошад, балки воситаи муҳими тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи пайванди таърихии байни наслҳо низ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, иштироки халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба яке аз сарчашмаҳои муҳими ифтихори миллӣ, неруи маънавӣ ва ваҳдати ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Ин саҳифаи таърихӣ танҳо як воқеаи гузашта нест, балки ҳамчун заминаи муҳими ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва тарбияи арзишҳои ватандӯстӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.
Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳатто қавмиятҳое бо шумораи нисбатан кам, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо таҳдидҳои бузурги башарӣ, метавонад нақши сарнавиштсоз ва муассир дар ҳифзи сулҳ, озодӣ ва наҷоти инсоният иҷро намояд. Дар ҳамин замина, саҳми халқи тоҷик дар Ғалаба на танҳо ҳамчун бахше аз таърихи миллӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими мероси муштараки таърихи башарият арзёбӣ мегардад.
Саҳми ақибгоҳ низ муҳим буд, зеро бидуни дастгирии ҳамаҷонибаи он таъмини Ғалаба дар ҷабҳаҳо амалан ғайриимкон ба ҳисоб мерафт. Таъминоти ақибгоҳ, гарчанде ки камтар намоён буд, аммо ҳамчун ҷузъи ҳаётан муҳими низоми ҷангӣ артишро бо тамоми захираҳои зарурӣ — озуқа, либос, маводи техникӣ ва дигар василаҳои таъминотӣ таъмин менамуд. Дар ин раванд халқи тоҷик иштироки фаъол ва назаррас дошт.
Сарфи назар аз дурӣ аз хатти пеши ҷабҳа, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар роҳи таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми арзанда гузошта, намунаи баланди қаҳрамонии меҳнатӣ, устуворӣ ва ҳамбастагии бемислро нишон дод. Дар солҳои ҷанг занон, пиронсолон ва кӯдакон вазифаҳои меҳнатиро дар саҳроҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ ба дӯш гирифта, ҷойи мардони ба ҷабҳа рафтаро пур мекарданд. Ин саъю талошҳо на танҳо иқтидори иқтисодии ҷумҳуриро ҳифз намуданд, балки дар таъмини эҳтиёҷоти фронт ва таҳкими заминаҳои моддии Ғалаба нақши калидӣ бозиданд.
Саҳми меҳнатии халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ пеш аз ҳама ба бахши кишоварзӣ рост меомад. Пас аз сафарбар гардидани қисми зиёди аҳолии мардон, бори асосии фаъолияти истеҳсолӣ бар дӯши занон, наврасон ва пиронсолон вогузор гардид. Дар шароити норасоии қувваи корӣ ҳаракати бригадаҳои занона густариш ёфта, ба яке аз шаклҳои муҳими ташкили меҳнати ҷамъиятӣ табдил ёфт.
Занони колхозчӣ дар шароити ниҳоят вазнин, аксаран то 10–12 соат дар як шабонарӯз фаъолият намуда, ҳамзамон масъулияти нигоҳубини фарзандонро низ ба уҳда доштанд. Дар баробари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, устохонаҳои махсус барои омода намудани бандинаҳои санитарӣ, халтачаҳои тамоку, собун ва дигар лавозимоти зарурии фронт таъсис дода шуданд. Дар ин раванд меҳнати занон ва наврасон нақши меҳварӣ дошт.
Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ва хонаҳои фарҳанг маъракаҳои ҷамъоварии маблағ барои сохтмони техникаи ҳарбӣ - аз ҷумла танкҳо ва ҳавопаймоҳо - ташкил карда мешуданд. Дар доираи ба ном «қарзҳои ҳарбӣ» ва чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили шабнишиниҳои консертӣ, маблағҳои ҷамъоваришуда ба фонди мудофиа равона мегардиданд. Ин меҳнати қаҳрамононаи халқи тоҷик дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти ҳамон давра ҳамчун намунаи олии фидокорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамбастагии миллӣ инъикос ёфтааст.
Бо оғози ҷанг ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол дода шуданд. Дар миёни онҳо коргарон ва муҳандисон, намояндагони зиёиён, кӯдакон, инчунин шахсони соҳаи илм ва фарҳанг қарор доштанд.
Дар шаҳрҳои асосии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд ва Курғонтеппа, беморхонаҳои интиқолёфта, мактабҳо, интернатҳо ва маҳаллаҳои муваққатии истиқоматӣ таъсис дода шуданд.
Аҳолии маҳаллӣ, сарфи назар аз мушкилоти шадиди иқтисодӣ ва маишӣ, бо меҳмоннавозӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ охирин имкониятҳои мавҷударо бо интиқолёфтагон тақсим мекарданд. Дар деҳот мардуми тоҷик ҳазорҳо ятимонро паноҳ дода, бо онҳо ғизо ва манзилро муштарак истифода мебурданд. Ин таҷрибаи таърихӣ ҳамчун намунаи барҷастаи инсондӯстӣ, ҳамраъйии байналмилалӣ ва ҳамзистии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шароити ниҳоят душвори ҷангӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тавр, саҳми халқи тоҷик дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаҷониба ва басо назаррас буд. Ин саҳм бо силоҳ ва сухан, бо меҳнат ва хун, бо дилу виҷдон ифода ёфт. Хотираи қаҳрамонони ҷанг ва фидокории мардуми оддӣ бояд ҳамчун ёдгории зинда дар шуури наслҳои оянда боқӣ монад, зеро Ғалаба натиҷаи саъю талоши тамоми халқҳо буд ва ҳеҷ қишре аз ҷомеа аз ин корнамоии бузург дар канор намонд.
Имрӯз низ хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷузъи муҳими худшиносии миллии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ҷумҳурӣ анъанаҳои гиромидошти собиқадорон ҳифз ва густариш меёбанд, парадҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд, дарсҳои шуҷоат гузаронида мешаванд, инчунин муҷассамаҳо ва экспозитсияҳои музейӣ барои пос доштани хотираи ҷанг ва қаҳрамониҳои мардум эҷод мегарданд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки сулҳ ва субот боз ҳам осебпазир мегарданд, хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун як меъёри ахлоқӣ ва сарчашмаи ваҳдати миллӣ хизмат менамояд. Маҳз дар чунин санаҳои хотирмон, аз ҷумла дар доираи таҷлили 81-солагии Ғалаба, интиқоли ҳақиқати таърихӣ дар бораи корнамоии наслҳои гузашта ба насли ҷавон аҳамияти махсус касб мекунад, зеро маҳз ба шарофати он фидокориҳо мо имрӯз дар кишвари озод зиндагӣ дорем.
Ҳифз ва интиқоли ин хотираи таърихӣ на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта мебошад, балки ба ташаккули ҷомеаи масъулиятшинос, сипосгузор ва муттаҳид мусоидат мекунад ҷомеае, ки омода аст сулҳи ба дастомадаро ҳифз намуда, арзишҳои онро пос дорад.
Бедилзода Ҳ – н.и.с., мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ИФС.ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ.
